АКАДЕМИЯИ МУҲАНДИСИИ
ТОҶИКИСТОН

Ссылка

Пример

  • Slides
  • Slides
  • Slides
  • Slides
  • Slides
  • Slides
  • Slides
  • Slides
  • Slides

САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ОБ – ОМИЛИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ ТОҶИКИСТОН (2014-11-12)

Воҳидов В.В., д.и.и., профессор; Хоҷахонов А.А., н.и.и., дотсент,

Қиёмиддинов Ҳ.Қ., н.и.и., дотсент;

Орипов Ш.А., унвонҷӯй; Солиев Н.М., ассистенти кафедра. Захираҳои оби Ҷумҳурии Точикистон аз маҷмӯи тамоми намудҳои обҳои зеризаминӣ ва рӯизаминӣ иборатанд Амали шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки рӯирост ё пинҳонӣ ҳуқуқи моликияти давлатиро ба об вайрон мекунанд ва он мухолифи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, манъ буда, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгарӣ мегардад Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад. Замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моликияти истисноии давлат буда, давлат истифодаи самараноки онро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.Даъвои заминҳои авлодӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор надорад.

Аз кўҳи баланд аст, равон оби Душанбе, Тар карда лаби ташналабон оби Душанбе. Ҳарчанд, ки чорист ба сад асру замонҳо, Бо ёди ватан монда ҷавон оби Душанбе.

                                                                    (М.Турсунзода)

Инсоф кучост то ба инсоф расем, Аз лоф фақат ба пастии лоф расем. Аз оби ҳаёт кас надидаам, ки чашид, Ин бас, ки ба оби чашмаи соф расем.

                                                                   (Г.Келди)

Вақте, ки сухан дар бораи самарнок истифодабарии об меравад, мо бояд пеш ҳама чигуна, бо кадом мақсад, бо кадом сифат истифодабарии онро донем. Якум, бо оби тозаи нўшоки таъмин намудани аҳолии 8 млн нафараи Тоҷикистон вазифаи муқаддаси роҳбаряти мамлакат, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, вазоратҳо, корхонаҳо, ташкилотҳо бо иштироки фаъолии соҳибкорон ва грантҳои давлатҳои хориҷӣ масъалаи хело муҳими ҳаррўза мебошад. Дуюм, самаранок истифодабарии об дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат – кишоварзӣ, саноат, соҳаи хоҷагии коммуналӣ ва дигар соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон. Сеюм, истифодабарии об дар ҳамаи сохторҳои НОБ (ГЭС)-и калону хурд, ТЭЦ-ҳо ва дигар соҳаҳои (электроэнергия) истеҳсолкунандагони барқ. Вақте, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар коференсияи байналхалқӣ 10 солаи ҳақиқати «Об барои ҳаёти солҳои 2005-2015» баромад кард, якчанд масъалаю проблемаҳои таъмин кардани аҳолии замин бо оби нўшокиро қайд карда гузашт. Бисёрии роҳбарони давлатҳои хориҷӣ, мутахассисони соҳаҳои ҷаҳон ин баромадро ҳамчун як талаботи навбатии роҳбари давлати хурд дониста ,гўё рекламаи худшиносӣ ҳисоб карда буданд. Дертар онҳо нодурустии ақидаҳои худро фаҳмида, барои ҳалли ин масъалаҳои пешниҳодшуда то имрўз ёрӣ ва пешниҳодҳои навбатии худро расонида истодаанд. Дар баромадњои навбатии худ Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борњо қайд карданд, ки нақшањои мақсадњои ягонаи мо ба фоидаю пешбарии соњањои хоҷагињою корхонањои гуногуни иқтисодии Осиёи Марказӣ равона мешавад ва шуда истодааст. Мо дар фикри он ҳастем, ки ба фоидаи мамлакати худ не, балки тарафдори пешравию иқтисодиёти ҳамаи мамлакатҳои ҳамсояҳо мебошем. Ҳоло дарҷаҳон дар байни 300 давлатҳои гуногун 300 ҳодисаҳои нооромии байни давлатҳои ҳамсоя оиди проблемаи истифодабарии об пайдо шудааст ва нав ба нав пайдо шуда истодааст. Дар 50 соли охир мувофики маълумотњои Созмони Мамлакатҳои муттаҳид 500 ҳодисаҳои ҷанчолии байни давлатҳо пайдо шуда, аз он дар байни 20 давлатҳо ҳатто ҷангҳои шадид шуда гузашт. Сол аз сол аҳолии ҷахон қариб 10% зиёд шуда истодааст, ки ин баробари қариб 70 млн нафар аҳолӣ мебошад. Дигаргуниҳои иқлиму табиат дар ҷаҳон зиёд шудани боришот, барфу борон, зиёд гардидани истеъмоли обу озуқа яке аз сабабҳои дар боло қайдкардашуда нишон дода истодааст. Ҳар сол дар ҷаҳон 8 млн нафар аҳолӣ, аз он ҷумла 2 млн нафар кўдакон, аз ошомидани обҳои ифлос нобуд мешаванд ва 1 млрд нафар одамон бо оби нўшокӣ таъмин нестанд. Ҳоло дарҷаҳон аз нўшидани оби ифлос бисёртар аз оби заҳролудшуда мемуранд. Агар онро муқоиса кунем, ин микдор ба мурдагоне, ки аз касалиҳои СПИД, ҷангҳои байни давлатҳо ва дохили давлатҳо, гуруснагӣ баробар мебошад. Проблемаи норасоии оби ошомидани боз вазнинтар шуда истодааст, ки сабаби асосии он изофашудани истифодабарии об аз тарафи худи аҳолӣ, зиёд шавии табиии миқдори худи аҳолӣ, дигаргуншавии глобалии боду ҳаво ва сабабҳои дигар шуда истодаанд. Фонди давлатии оби Ҷумњурии Тоҷикистон дар маҷмўъ ҳамаи объектҳои об ва захираҳои оби дар онҳо ҷамъшуда, заминҳои ишѓолкардаи онҳо минтақаҳо ва қитъаҳои ҳифзи обро дар бар мегирад. Ба объектҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дарёҳо, кўлҳо, пиряхҳо, барфтўдаҳо ва сарчашмаҳои дигари рўизаминӣ, инчунин минтақаҳои ҷамъшавии обҳои зеризаминӣ, аз ҷумла обҳои табобатию маъданӣ ва гарми зеризаминии дар ҳудуди он қарордошта мансуб мебошанд. Мутобиқи принципи тақсимоти обие, ки бо қарори Шӯрои илмӣтехникии Вазорати оби СССР, Тоҷикистон ҳақ дорад, ки обро ин қадар истифода барад: — аз Сирдарё -72% (прот. №417 аз 07.02.1984); — аз Амударё 15,17% (прток. №566 аз 12.03.1987). Ба ҳисоби миёнаи солонаи оби Сирдарё 37.14 кмва Амдарё 76,46км3 мебошад. Дар амал Тоҷикистон фақат 11,5 км3 обро истифода бурда метавонад. Ҳар сол 3,0км3 обро истифода бурда наметавонем ва онро давлатҳои поёнӣ Ўзбекистон, Туркманистон ва Қазоқистон истифода мебаранд. Тоҷикистон дар ҷанубу шарқии Осиёи Миёна чой гирифтааст, масоҳати умумии он 142,6 ҳаз.км мураббаъро ташкил медиҳад. Тоҷикистон дар ѓарб ва шимол бо Ҷумҳурии Ўзбекистон -910 км, Қирѓизистон -630 км, дар Ҷануб бо Афѓонистон -1030 км, дар шарқ бо Чин -430 км ҳамсарҳад мебошад. Дарозии умумии сарҳади байни давлатҳои ҶТ 3000 км мебошад. Тоҷикистон мамлакати кўҳсор аст, ки баландии мутлақи кўҳҳои он аз 300 то ба 7495 метр мерасад, 93 % масоҳати онро кўҳҳо ташкил медиҳанд, ки онҳо ба силсилакўҳҳои баландтарини Осиёи Миёна, Тян-Шан ва Помир тааллуқ дорад. Иқлими Тоҷикистон хушк аст. Дар моҳи январ ҳарорати ҳаво аз +22(дар ноҳияи Панҷ) то — 61(дар кўли Булункўл) то +49дар моҳи июл (дар ноҳияи Панҷ) таѓйир меёбад. Аз ҷиҳати захираи об Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мамлакатҳои ИДМ баъди Русия, чои дуюмро ишѓол мекунад. Манбаи асосии об пиряхҳо мебошанд. Системаи бузургтарини пиряхҳо Помир мебошад, ки масоҳати яхбандии он дар ҳудуди ИДМ ба 8041 км мураббаъ мерасад. Дар кўҳистони Бадахшон 1085 пирях ба қайд гирифта шудааст. Пиряхҳо –ин Федченко 651,7 км2, Грум Грҷимайло 143 км, Гармо 114,6 км2 ва ѓайраҳо мебошанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кўл бой аст. Сатҳи обии онҳо 1005 км мураббаъро ишѓол менамояд, ки тақрибан ба 1 фоизи ҳудуди Ҷумҳурӣ баробар аст. Масоҳати 22 кўл 625 км.мебошад. Дарёҳои асосии Тоҷикистон: дарёҳои Сир, Аму-Дарё, Зарафшон, Вахш, Панҷ ва Кофарнињон мебошанд. Асоси энергетикаро НОБ — њои Норак, Варзоб, Қайроққум, Сарбанд, Бойѓозӣ, Норак, Сангтуда 1 ва Сангтуда-2, ва дар оянда Роѓун, қариб 305 ГЭС-ҳои хурд (ба 01.04.2013с), ки аз онҳо 141-тоаш кор карда истодаанд ва 164 аз фаъолият монда истодааст, ташкил мекунанд. Тоҷикистон дорои захираҳои бойи об дар минтақаи Осиёи Маркази мебошад. Аз 115,6 км3 оби ҳавзаи Арал 64,0 км3 ва ё 55,4% он дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккул меёбад. Иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон захираҳои нотамоми бузургро доро мебошад, ки дар як сол 527 млрд. кВт соат-ро, ба ҳисоби қудрати миёнаи солона 60,167 млн. кВт ташкил медиҳад. Ҳоло бошад 3-4% ин иқтидор истифода бурда мешаваду халос. Арзиши аслии миёнаи қувваи барқи ГЭС-ҳои дар мамлакат буда тахминан баробари 0,4 сенти ИМА барои 1 кВт/соат – ро ташкил медиҳад, ки назар ба мамлакатҳои дигар захираҳои қувваи барқ хеле паст мебошад. Аз рўи захираҳо иқтидори умуми Тоҷикистон дар ҷаҳон чои ҳаштумро баъд аз Чин, Россия, ИМА, Бразилия, Зоир, Ҳиндустон ва Канада ишѓол мекунад. Бо нишондодҳои вазъи қиёсии иқтидори гидроэнергетикӣ ба ҳар сари аҳолӣ (73,8 ҳаз.кВт соат дар як сол/одам) ва минтақаи як км мураббаъ (3682,7 њаз. кВт соат дар сол/км2) мамлакат мувофиқан чои якум ва дуюмро дар ҷањон ишѓол мекунад. Њиссаи гидроэнергетика дар ангораи (схема) умумӣ мувозинати энергетикии сузишвории мамлакат 95%-ро ташкил медињад. Иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон аз энергияҳои истифодабарандагони Осиёи Марказӣ се баробар зиёд мебошад. Дар ҳолати самаранок истифодабарии ин захираҳо минтақа метавонад худро бо қувваи барқи арзон ва табиатан тоза таъмин намояд. 26 апрели соли 2013 дар Паёми худ Перезиденти мамлакат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз як маротиба бо як ҳаячони махсус дар бораи самараноктар истифодабарии об, замин дар мамлакат қайд карда, дар назди кормандони соҳа вазифаи бошараф гузоштанд, ки бояд аз ҳар як гектар замини обӣ 2 — 3 маротиба ҳосили дилхоҳ рўёнанд. Ҳосили гандум аз як/га замини обӣ набояд аз 50 сентнер кам бошад. Аз соли чорӣ сар карда ҳосилнокии пахтаро аз 1 гектар ба 23-25 сентнер расонида, ҳамъоварии умумии пахтаро дар ҶТ ба 500ҳаз.тонна расонем. Аз роҳбарони хоҷагиҳо, шаҳру ноҳияҳо, вилоятҳо ва аз вазоратҳои дахлдор талаб карда мешавад, ки барномаҳои қабулкардаи Тоҷикистон оиди пахта:

  1. Дар бораи пурра коркард намудани пахтаи истеҳсолкардашуда дар Тоҷикистон то соли 2015 (2008с);
  2. Дар бораи барномаи зиёд кардани истеҳсоли пахта дар солҳои

2010-2014 дар Тоҷикистон (декабри 2009с.);

  1. «Барнома дар бораи зиёд кардани истеҳсоли пахта дар Тоҷикистон» дар солҳои 2007-2015 бо воситаи самаранок истифода бурдани обу замин, сӯзишворӣ, нуриҳою заҳрухимикатҳо, беҳтар шудани ҳолати мелиоративии замин, техника ва технологияи нав роҳи ҳалли худро меёбад. Баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулоти растанипарварӣ ва маҳсулнокии чорводориро таъмин карда, коркарди маҳсулоти соҳаи аграриро дар саноати сабук, хўрокворӣ ва умуман КАС барои таъмин кардани беҳтарин нишондиҳандаҳои иқтсиодӣ ва рушди иқтисодиёти тамоми соҳаҳои КАС-ро таъмин кунем.

Бо ҳамин бехатарии иқтисодии Тоҷикистон беҳтар шуда, сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат аз 81% соли 1999 то 38% соли 2012 расида, оянда то соли 2015 ба 30% расонидан мумкин аст. Фикру мулоҳизањо дар бораи беҳтар ташкил кардани истифодабарии об ва замин:

  1. Якчанд сухан дар бораи истифодабарии оби нўшокӣ аз тарафи ҳар як шаҳрванди ҶТ аз рўи меъёри умумиҷаҳонӣ ё худ давлатҳои тараққикарда ба монанди Олмон, Ҳолландия, Фаронса, Британияи кабир, Италия 2-3 маротиба зиёдтар истифода бурда мешавад. (бо обҳисобкунакҳои истифодабарии об дар хоҷагидории шахсӣ, хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ба таври зарурӣ таъмин карда нашудааст.) 40% аҳолии ҶТ бо оби нўшокии хаттӣ (водопровод) таъмин карда нашудааст.
  2. Барои рўёнидани ҳосили пахтаи дилхоҳ ба 1 гектар киштзор ба воситаи техникаю технологияи нав бо усули қатра-қатра (капелние орошение) обёрии зерихокии трубавӣ (трубчатое подземное орошение) дар хоҷагиҳои Зафоробод, Ашт, Данѓара, ки бо ёрии мутахассисони давлати Изроил солҳои 90 ташкил шуда буд, бо ин роҳ 2-3 маротиба ҳаҷми истифодаи оби ба обёрӣ истифодамешудагӣ кам мебошад (ба чои 12-15 ҳазор метри кубӣ, 4-5 ҳазор метри кубӣ об истифода бурда мешавад).
  3. Аз рўи ҳуҷҷатҳои оморӣ ҶТ ва Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об дар Тоҷикистон дар масоҳати 45-50 ҳазор гектар ҳолати мелиоративии заминҳо ѓайриқаноатбахш мебошад. Аммо ба ақидаи мутахассисону олимони соҳа дар ҳақикати ҳол ин рақамҳо то ба 100 ҳазор гектар мерасад.

Дар солҳои 1980 ва 1990 соҳаи кишоварзии Тоҷикистон аз Марказ ҳар сол ба ҳисоби миёна 3500 тракторҳои гуногунтамѓа, 2500 мошинҳои боркаш, 250 ҳазор тонна сузишвории дизелӣ, 150 ҳазор тонна бензин, 250300 адад эксковаторњои гуногунтамѓа, 2-3ҳазор тонна пленкаҳо ва дигар таъминогти моддӣ-техникӣ расонида мешуд. Ҳоло бошад ҳамаи намудҳои таъминоти моддӣ-техникиро аз тарафи худи хоҷагиҳо, қисман аз ҳисоби грантҳои давлатҳои хориҷӣ ва буҷаи давлати Тоҷикистон харидорӣ мешавад, ки ин хеле кам аст.


Добавить комментарий