Каюмов Абдулхамид Каюмович

2 июли соли 1954 дар ноҳияи Сангвори вилояти Ғарм (ҳоло – ШНТМ) таваллудёфтааст.
Мактаби миёнаи № 20 ноҳияи Вахши вилояти Хатлонро хатм кардаасат.
Соли 1978 факултаи умумии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Номзади илмҳои тиб (1988).
Узви вобастаи Академия муҳандисии ҶТ (1995).
Доктори илмҳои тиб (2000), профессор (2002).
Рағбати илмӣ:
тағйрёбии иқлим, яхшиносӣ, ҳолати экологи, адаптация ба шароити Помир, Антарктида ва сафарҳои дарозмудати уқёнусӣ.
Фаъолиятиилмӣ ва истеҳсолӣ:
1978-1993 корманди илмӣ, имудири даборатория ирсӣ ва экотоксигологии Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ва оқилона истифода бурдани сарватҳои табиати АИ ҶТ.
1993-1998 директори куллӣ Парки миллии Тоҷикистони Вазорати ҳифзи муҳити зисти ҶТ (ҳоло Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ).
1998 – 2013 мудири кафедраи гигиенаи муҳити зизти факултаи тандурустии ҷамъиятӣ ДДТТ.
2014 – то ҳол – директори Филиали Тоҷикистонии Маркази экологии минтақавии Осиёи Маркази
1978-2011 дар экспедитсияҳои илмӣ дар Помир ва Тияншон иштирок намудааст.
1983-1984 дар ҳайати Экспедитсияи Шӯравии Антрактик иштирок намудааст.
2000 – 2014 Мушовири миллӣ оид ба лоиҳаи тағийрёбии иқлим ПРООН/ГЭФ дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ
Дастовардҳои асосӣ:
Муаллифи зиёда аз 260 нашрия, аз ҷумла 31 монография ва китобҳо. Ин нахустин тоҷике, ки ба Антарктика ташриф овард.
Дар тайёр намудани ҳамаи се ахбороти миллӣ «Конвенцияи қолабӣ оид ба тағйирёбии иқлим» иштирок намудааст.
Ҳамоҳангсоз оид ба «Криосфера ва гидрология» аз Тоҷикистон дар назди Созмони Обуҳавошиноси Умумиҷаҳонӣ.
Осорхонаи Антарктидаро дар Тоҷикистон ташкил кард , ки дар он парчаме, ки 6 январи соли 2009 барафрохта шуда буд ҷой дода шудааст.
Мукофотҳо:
Ифтихорномаи ЦК ВЛКСМ (1985), лауреати мукофоти «Олимони ҷавони Тоҷикистон» (1986),
Медали «Хизмати шоиста» (2011).