27 ноябри соли 1960 дар деҳаи Тугараки ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон таваллуд шудааст.
Мактаби миёнаи № 11-и ноҳияи Восеъро соли 1978 тамом намудааст.
Соли 1984 Институти хоҷагии кишлоқи Тоҷикистон (ҳоло – Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон)–ро бо ихтисоси «мухандис-гидротехник» хатм кардааст.
Соли 1990 факултаи «Экологияи мухандисӣ»-и Институти кӯҳии Ленинград (ФР)-ро бо ихтисоси «мухандис-эколог» ба итмом расонидааст.
Соли 1996 дар Университети Техаси (ШМА), «Кохран Фелоушип Программ», оид ба масъалаҳои идоракунӣ ва тараққиёти мубодилаи мол такмили ихтисос намуааст
Тоҷикистонро дар конфронсҳои байналмилалӣ оид ба муҳити зист дар шаҳрҳои Стамбул (Туркия), Алма-Ато, Бишкек, Тошканд, Москва, Женева ва дигар давлатҳо муаррифӣ намудааст
Аъзо – корреспонденти Академияи муҳандисии Тоҷикистон (2008).
Рағбати илмӣ:
Иқтисодиёти хоҷагии об, мелиоратсияи заминҳо, муҳити зист, худудҳои табии махсус муҳофизатшаванда, ҳифзи захираҳои об.
Фаъолияти истеҳсолӣ ва илмӣ
1984-1989 муҳандис, муҳандиси калони ПМК № 31 «ГлавТаджикводстрой» Вазорати ҳоҷагии оби Иттиҳоди Шӯравӣ;
1989-1993 сармутахассис, сардори шӯъбаи Кумитаи давлатии хифзи табиати ҶТ.
1993-2001 сармутахассиси шӯъбаҳои мелиоратсия ва сохтмони деҳот, КАС, экология ва ҳолатҳои фавқулоддаи Дастгоҳи Президенти ҶТ.
2001-2004 муовини аввали Вазири ҳифзи табиат.
2004 – 2006 – муовини раиси Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали ҶТ (КДҲМЗ ва ХҶ).
2006 – 2007 директори МАркази илмию таҳқиқотии захираҳои оби КДҲМЗ ва ХҶ.
Аз январи 2007 то марти 2008 года сардори Хадамоти назорати давлатии истифодабарӣ ва ҳифзи табиати Вазорати кишоварзи ва ҳифзи табиат ҶТ.
2008- 2010 сардори Идораи заҳираҳои об ва техникаи Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҶТ.
28 феврали соли 2010 вакили МН МО ҶТ интихоб шудааст. Дар як вақт роҳбари Комиссияи экологии Парламенти ҷумҳурӣ.
2013-2014 – раиси Кумиҷрояи ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон.
2014 – раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон.
Аз 1 марти соли 2015 – раиси Кумитаи МН МО ҶТ оид ба масъалҳои аграрӣ, об ва замин.
Дастоварҳои асосӣ:
Муаллифи зиёда аз 20 мақолаҳои илмӣ, 3 китоб, як ихтироот
Мукофотҳо: Бо ифтихорномаҳои Вазорати ҳифзи муҳити зист (2005), Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об (2007), Ҳизби аграрии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст (2014).
Бо «Сертификати эътирофӣ»-и АИ ҶТ (2016)