Муртазоев Уктам Исматович

10 феврали соли 1954 дар шаҳри Душанбе таваллуд ёфтааст.
Соли 1971 мактаби миёнаи № 34 шаҳри Душанберо хатм кардааст.
Соли 1976 факултаи гидромелиоративии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ИХҚТ, ҳоло Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Щоҳтемур)-ро ба итмом расонидааст.
Номзади илмҳои география (1987, Белоруссия), доктор географических наук (2005, Қирғизистон).
Аъзо-корреспонденти АМ ҶТ (2011)
Рағбати илмӣ:
масъалаҳои идоракунии захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ, тадқиқоти обанборҳо.
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:
1976 – 1993 – лаборанти калон, ассистент, омӯзгори калон, досенти кафедраи факултаи Гидромедиоративии ИХҚТ.
1993-1994 – сардори шӯъбаи топографии колледжи ҳарбии олии Вазорати мудофиаи ҶТ.
1994-1996 – омӯзгори калони кафедраи ташкили корҳои гидромелиоративии ИХҚТ.
1996-2003 – роҳбари тайерии пеш аз даъвати ҳарбии мактаби миёнаи қушунҳои сарҳадии Россия дар ҶТ, мудири озмоишгоҳи истифодабарии комплексии захираҳои оби ИИИ «ТоҷикНИИГиМ».
2003-2007 – досенти кафедраи таъриҳӣ хоҷагии халқ ва омӯзишҳои иқтисоди ИЭТ.
2007 – 2014 – досент, профессори кафедраи «Асосҳои табиатшиносӣ ва географияи иқтисодӣ» -и ИЭТ, мудир, профессори кафедраи географияи физикии донишгоҳи давлатии педагогии Тоҷикистон ба номи С. Айни.
Аз соли 2014 то ҳоло профессори кафедраи табиатшиносӣ ва фундаменталии Филиали Донишгоҳи Давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе.
Дастовардҳои асосӣ:
Муаллифи 106 корҳои илмӣ, аз он ҷумла 2 монография, 3 китоб, 2 дастурамали методӣ.
Зери роҳбарии ӯ 2 нафар рисолаи номзади илмҳои география дифоъ намудаанд.
Мукофотҳо:
Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2007)