ПР. КАРАБАЕВА, 42
(992) 935-55-84-00
eartadj@rambler.ru

Академияи Муҳандисии Тоҷикистон

Инженерная Академия Республики Таджикистан

Академияи Муҳандисии Тоҷикистон

Академияи Муҳандисии Тоҷикистон

Академияи Муҳандисии Тоҷикистон соли 1991 хамчун Филиали Академияи Муҳандисии ИҶШС ташкил ёфта, аз 3 июли соли 1992 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Академияи мухандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон (АМҶТ) ба қайд гирифта шудааст.

АМҶТ – ин муассисаи эҷодии ҷамъиятии илмӣ-техникӣ буда, дар ҳайати худ қисми пешсафи олимон ва муҳандисони ҷумҳуриро барои мустаҳкамкунии алоқаҳо байни тадқиқотҳои бунёдӣ, коркардҳои техникӣ, технологияҳои пешқадам ва истеҳсолот бо мақсади тараққиёти устувори иқтисодиёти Тоҷикистон дар асоси интихобот якҷоя менамояд.

АМҶТ ба таркиби Академияи муҳандисии  байналмилалӣ (АМБ) ва Федератсияи институтҳои муҳандисии давлатҳои исломӣ дохил буда, аъзои шӯрои ҳамфикрии ҷамиятии Чумҳурии Тоҷикистон мебошад.

АМҶТ яке аз муассиссаи пешсафи муҳандисӣ-техникӣ ва илмии Тоҷикистон мебошад, ки ба таркиби он аъзоёни пайваста ва вобаста, маслиҳатчиёни академикӣ, докторон ва номзадҳои илм, кормандони шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон, муаллифони патентҳои зиёд оид ба ихтироот дохиланд.

Ба ҳолати 1 декабри с. 2015 ба ҳайати АМҶТ 27 нафар академикҳо ва 42 анфар аъзоёни вобаста шомиланд, ки аз оно 7 нафар занҳо мебошанд.

Аз аъзоёни АМҶТ 10 нафар академикҳои АМБ ва 10 нафар аъзоёни пайвастаи АМБ мебошанд.

АМҶТ дар 10 адад самтҳои зерин (бахшҳо) фаъолият менамояд:

 

Тахассуси  бахшҳо Роҳбарони бахшҳо
1 Энергетика Сироҷев Б.С.
2 Хоҷагии об ва  гидро-техника дар муҷтамеи агросаноатӣ Абдусаматов М.
3 Технологияи кимиёвӣ ва биокимиё Джураев Т.
4 Технологияи саноати сабук ва хӯрокворӣ Иброхимов М.Ф.
5 Сохтмон ва меъморӣ Каримов Ф.Х.
6 Металлургӣ, масолеҳшиносӣ ва мошинсозӣ Обидов Ф.У.
7 Экологияи муҳандисӣ, муаммоҳои тиббӣ-экологӣ Латипов Р.Б.
8 Геология, истихроҷ ва коркарди ксанданиҳои фоиданок Зинченко З.А.
9 Шабакаи  коммуни-катсинӣ, нақлиёт, информатика, алоқа Садыков Х.Р.
10 Иқтисодиёт, ҳуқуқ вамуаммоҳои иҷтимоӣ дар фаъолияти муҳандисӣ Авезов А.Х.

Бахшҳои АМҶТ дар самтҳои зерин фаъолият менамояд:

– Коркардҳои муҳандисӣ;

– Иштирок дар лоиҳаҳои илмӣ-техникӣ;

– Ишитрок дар корҳои шартномавӣ бо хоҷагиҳо;

– Нашр намудани корҳо;

– Иштирок дар  конференсияҳо, семинарҳо ва симпозиумҳо;

– Тайёр намудани кардрҳои илмӣ ва мутахассисони муҳандисӣ-техникӣ;

– Ташвиқоти коркарҳои муҳандисӣ;

Ҳамуории байналмилалӣ, байнимуассисавӣ ва ташкил намудани тадқиқотҳои якҷояи муҳандисӣ;

АМҶТ ҳал менамояд: масъалаҳои ҷории ташкилию сохторӣ; коркардабароии лоиҳаҳои муҳандисӣ-техникӣ; барномаҳо ва пешниҳодот оид ба коркардабароӣ ва татбиқи технология ва техникаи нав ва қарорҳои илмӣ-техникӣ; гузаронидани конференсияҳои илмӣ-техникӣ ва семинарҳо; иштирок намудан дар фаъолияти нашриётӣ; пешбурди алоқаҳои байналмилалӣ; додани маслиҳатҳо доир ба масъалаҳои муҳандисӣ ба корхонаҳо, ва муассисаҳои ҷумҳурӣ ва шахсони ҳуқуқӣ.

Дар солҳои 90-ум дар доираи АМҶТ гурӯҳи «Сугран» бо роҳбарии академик А.В.Ваҳобов, Ф.У.Обидов ва А.Х.Катаев оид ба истеҳсоли арзизи холисиаш баланд муваффақона кор кард. Таҳти роҳбарии аъзои пайвастаи АМҶТ К.А.Ҳасанова – директори Институти экологияи одам, солҳои 1994 ва 1995 дар водии дарёҳои Варзоб, Тагоб ва Зарафшан экспедитсияи экологӣ ташкил карда шуд. 

АМҶТ соли 1995 доир ба масъалаи муаммоҳои баҳри Арал Конференсияи байналмилалӣ ва бахшида ба 1100-солагии Давлати Сомониён конференсия ташкил намуда, маҷмӯи мақолаҳои кормандони илмӣ-техникӣ ва муҳандисони Ҷумҳурии Тоҷикистонро нашр намуд ва ғайра.

АМҶТ ташаббускор ва ташкилотчии конференсияҳои ҷумҳуриявии «Муаммоҳои муҳандисии ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои обии Тоҷикистон» (25 октябри с. 2003, ш. Душанбе) буд.

Аъзоёни академия дар ташкил ва гузаронидани Конференсияи байналмилалии «Помир – манбаи оби тозаи Осиёи Марказӣ» (28-29 июни с. 2003 ш. Хоруғ) ва Форуми СММ  «Соли 2003 – соли оби тоза» (Душанбе, 29 август – 2 сентябри с. 2003).

Аъзоёни академия дар гузаронидани симпозиуми байналмилалии геотехникии «Таҳкурсисозӣ дар шароити мушкили муҳандисӣ-геологӣ» (ш. Санкт-Петер-бург, 16 сентябри с. 2003), конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии «Коҳиш додани хавфи ҳолатҳои фавқулодда ва идоракунии ин гуна хавфҳо» (Таджиккоинот, ш. Душанбе, 31 октябри с. 2006),  конференсияи  байналмилалии «100 сол аз рӯзи заминларзаи Қаротоғ ва  муаммоҳои имрӯзаи сохтмони ба зилзила тобовар ва сейсмология» (ш.Душанбе, 20-21 октябри с. 2007) фаъолона иштирок намуданд.

Аъзоёни бахши “Экологияи муҳандисӣ, мониторинг ва энергиясарфакунӣ” ва «Инженерия дар саноати аграрӣ»  академикҳои АМҶТ Абдусаматов М.А. Нуралиев К.Н., аъзои вобаста Латипов Р.Б., Икромов И.И., Каюмов А., Ҳасанов Х.У., Акрамов А. ва дигарон, аз соли 2005 барои дар амал татбиқ намудани Қатъномаи Ассамблеяи Генералии СММ аз 23 декабри с. 2003, ки бо пешниҳоди Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2005-2015 –ро даҳсолаи амалиёт “Об барои ҳаёт” эълон намуда буд, фаъолона кор бурда истодаанд.

Аъзоёни АМҶТ дар самтҳои ҳозиразамони илм, техника муҳандисӣ ба монанди нанотехнология кор карда истодаанд.. Масалан, тадқиқоти академики АМҶТ, профессор Сафаров М.М. бо ҳаммуаллифон дар мавзӯи “Истифодабарии нанолулаҳо дар тиб ва тадқиқи гармиғунҷоиши онҳо” ба табъ расидааст. Академики АМҶТ ва АМБ  Каримов Ф.Ҳ. дар симпозиуми 11-уми байналмилалӣ оид ба тадқиқоти масолеҳҳои нав, ки дар ш. Исломободи Покистон 8-12 августи с. 2008 баргузор гардид, бо маърӯза дар бораи нанотаркиби микромагнитӣ маърӯза намуд.  Академики АМҶТ Зинченко З.А. нақшаи технологии фаъолгардонии кандании фоиданоки зардори сурмаю-ртут дар қабатҳои поёнии кони Ҷиҷикрути Тоҷикистон, ки он намакҳои  заҳрдори фулузоти вазнинро аз ҷараёни  флотатсионӣ бартараф менамояд.

Академики АМҶТ Абдусаломова М.Н. солҳои _____ ду лоиҳаи МНТЦ-ро доир ба даст овардани кристаллҳои нимноқилҳо барои интиқоли энергия ба масофаҳои дур (Лоиҳаи 1Т-1597) ва технологияи коркарди канданиҳои зардор (Лоиҳаи 1Т-1598) роҳбарӣ намуданд.

Академики АМҶТ Шерматов М. дорои 34 адад шаҳодатномаҳои муаллифӣ оид ба ихтироот мебошад.

Соли 2011 аъзоёни акдемия К.Нуралиев, М.Абдусаматов и Р.Б.Латипов монографияи «Захираҳи оби Тоҷикистон: ташаббусҳо, ҳолат ва дурнамо»-ро, зери таҳрири академик А.Х.Катаев (ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ) ба табъ расониданд. 

Академики АМҶТ ва АМБ  Б.С.Сироҷев доир масъалаҳои актуалии энергетикии ҷумҳурӣ, аз он ҷумла сохтмони НБО Роғун машғул аст.

Соли 2012 дар доираи шартнома оид ба ҳамкорӣ байни ВМҶТ ва Муассисаи давлатии “Институти муҳандисии Гомел” ВҲФ Ҷумҳурии Белорус академикҳои АМҶТ Абдусаматов М.А. ва Нуралиев К.Н. якҷоя бо дотсенти кафедраи “Системаҳои худкори бехатарӣ аз сӯхтор” В.В. Копитков соҳиби ду адад патент оид ба ихтироот гардиданд.

Монографияҳо, ихтироот, корҳои илмӣ-техникӣ, методӣ ва дигар маводҳои зеҳнии аъзоёни АМҶТ дар саҳифаҳои энсиклопедия дар моводи ҳар як аъзои он  дарҷ гардидааст.