ПР. КАРАБАЕВА, 42
(992) 935-55-84-00
eartadj@rambler.ru

Аъзоёни Академияи Мухандисии Тоҷикистон

Инженерная Академия Республики Таджикистан

Абдурасулов

Анвар Абдурасулович

21 январи соли 1947 дар ноҳияи Данғараи Вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик.

Соли 1953 мактаби ҳафтсола ва соли 1964 синфи 11-и мактаби шабонаи ҷавонони қишлоқи назди мактаби миёнаи № 5 деҳаи Пушинги ноҳияи Данғараро хатм кардааст.

Соли 1969 факултети Физикаи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро хатм кардааст.

Солҳои 1973-1976 аспиранти аспирантураи Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон будааст.

Солҳои 1970 – 1972 ҳамчун афсар дар сафи қувваҳои муссалаҳи СССР хизмат намудааст.

Номзади илмҳои физика ва математика (1989), дотсент (1991), ходими калони илмӣ (1991).

Узви вобастаи (аъзо-корреспонденти) Шӯъбаи Точикистонии Академияи байн-алмиллалии мактабҳои олӣ ва Академияи муҳандисии Тоҷикистон (2013).

Рағбати илмӣ: хосиятҳои ғайримузвозитаии моеъҳо дар рӯйдодҳои динамикӣ, соҳаи энергетикаи ғайрианъанавию алтернативии энергия (асосан энергияи офтоб ва энергияи дарёҳои хурд)
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

Солҳои 1961-1964 ҳамчун колхозчӣ дар колхози ба номи К. Маркси ноҳияи Данғара кор кардааст

1969-1989 – лаборанти калон, ходими хурди илмӣ, ходими илмӣ, ходими калони илмии Институти физика ва техникаи ба номи С.У.Умарови АФ РСС Тоҷикистон

1989- 2001 муаллими калон, дотсент, декани факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон

2001-2005 директори институти физика ва техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

2005 – 2013 ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ

2014 то ҳоло мушовири ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ва и.в. профессори кафедраи физикаи ҳамин донишгоҳ.

Солҳои 2010-2015 вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, Раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои меъморӣ, шаҳрсозӣ, сохтмон ва ободонӣ.

Дастовардҳои асосӣ:

Яке аз ташкилдиҳандагони мактабҳои тобистонаи физикҳо ва математикҳои Ҷумҳурӣ (1973-1992), ташаббускори ташкили мактаби «Физикҳои ҷавон» барои хонандагони ш. Душанбе ва ноҳияҳои атрофии он (1973 – 1988) мебошад.

Муаллифи зиёда аз 100 мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-методӣ.

Таҳти роҳбарии ӯ ду нафар рисолаҳои номзадӣ дифоъ намуда, боз ду нафари дигар дар арафаи ҳимоя мебошанд.

Мукофотҳо: Ифтихорномаҳо, нишони «50 солагии комсомоли Тоҷикистон» (1975), нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1981), «Ордени Шараф» дараҷаи II (2010).
Абдусалямова

Махсуда Негматуллаевна

Дар шаҳри Самарқанд таваллуд ёвтфааст. Соли 1954 мактабро хатм кардааст. Хатмкунандаи Донишгоҳи технологии ба номи Ленсовети ш. Ленинград (1959).

1961-1965 – аспиранткаи Донишгохи металлургии АИ СССР.

Номзади илм (1965), доктори илмҳои кимиёвӣ (1988)

Академики Академияи мухандисии ҶТ (2005). Аъзои Академияи Нью-Йорк (1998, Нью-Йорк)

Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

Аз соли 1959 то инҷониб – ходими хурди илмӣ, ходими калони илмӣ, мудири лаборатория, ходими пешбари илмии Донишкадаи кимиё ба номи В.И. Никитин АИ ҶТ

Дастовардҳои асосӣ:

Муаллифи 6 монография. Аввалин маротиба исбот намудааст, ки растаниҳои субтропикӣ бо роҳи сунъӣ дар шароити Тоҷикистон ҳосили бештар медиҳанд.

Пахтаи серҳосилтарини навъи «комил»-ро ихтироъ намуд.

Таҳти роҳбарии ӯ 13 нафар оид ба педагогикаи таълими забони модарӣ рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ҳимоя намудаанд

Мукофотҳо: Ходими нишондодаи илм ва техникаи ҶТ (2001).
Абдусамадов Мунимҷон
22 сентябри соли 1945 дар ноҳияи Ғончии вилояти Суғд таваллуд шудааст.

Мактаби миенаи №1 шахраки Ғончиро соли 1962 бо медали тилло хатм намуда, соли 1967 факултаи гидромелиоративии Инстиути хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон) – ро бо дипломи сурх аз рӯи тахассуси «муҳандис-гидротехник» ба итмом расонидааст.

Солҳои 1970-1973 аспиранти Донишкадаи ирригатсия ва механизатсияи хочагии кишлоки ш. Тошканд.

Соли 1986 дар Институти муҳандисӣ – заминсозии Масков ва соли 1989 дар Институти гидромелиоративииии Маскав такмили ихтисос намудааст.

Номзади илмхои техникӣ (1975г.), дотсент (1982 г.), аъзо-корреспондент (2000), академики Академияи муҳандисии Тоҷикистон (2002) аз рӯи тахассуси «Экологияи мухандисӣ», якум чонишини Президенти Академияи муҳандисии Тоҷикистон (декабри 2015)

Академики академияи Муҳандисии байналмиллалӣ (2011) аз рӯи тахассуси «хоҷагии об ва гидротехника».

Аз 12 декабри соли 2015 ноиби президенти Академияи муҳандисии Тоҷикистон интихоб гардидааст.

Рағбати илмӣ: мелиорацияи заминҳо, истифодабарии системаҳои гидроме- лиоративӣ, муҳити зист, истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об.
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

1967-1985 ассистент, муаллими калон, дотсент, муовини декан, декани факултаи гидромелиоративии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳоло ДАТ);

1986-1991 сардори шӯъбаи каналҳои байниноҳиявии системаи оберии Ёвон, сардори шӯъбаи мелиоратсияи экспедитсияи гидромелиоративии Тоҷикистонии Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби XТ;

1991-2011 сардори Бозрасии ҳифзи захираҳои оби Вазорати ҳифзи табиат, Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз соли 2011 то инҷониб корманди калони илмии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои ҶТ.

Дастовардҳои асосӣ:

Муаллифи зиёда аз 180 маводи чопшуда: аз ҷумла 160 мақолаҳои илмӣ, 8 китоб (2 адад дар университети шаҳри Киотои Япония), 14 кори методӣ, 11 шаҳодатномаи муаллифӣ (ихтироъ).

Дар давлатҳои ИДМ ва хориҷии дур – Турция, Бангладеш, Олмон, Франция, Полша, Финляндия баромадҳои илмӣ кардааст.

Иштирок дар таҳияи 14 ҳуҷҷати меъёрӣ ба Кодекси обии ҶТ (2000-2002, 2005, 2011-20012) ва 4 ҳуҷҷати меъёрии Конуни оид ба ҳифзи муҳити зист; китоби «Захираҳои оби Тоҷикистон: ташаббусҳо, ҳолат ва дурнамо», ҳаҷм 14 ҷ.ч. Нашр соли 2011, ҳаммуаллифон Нуралиев К. ва Латипов Р.

Мукофотҳо: Даҳҳо ифтихорномаҳои фахрӣ, аз ҷумла бо имзои котиби якӯми КМ ПК Тоҷикистон Ҷ. Расулов (1981),  «Аълочии хоҷагии қишлоқи сотсиалистии ИXШС» (1984), ғолиби мусобиқаи соиалистӣ дар 2 панҷсола (9,10), медали XТ ««Барои хизмати шоиста» (1998)», медали Вазорати ҳолатҳои Фавқулоддаи Ҷумҳурии Белорус (2015), «Сертификати эътирофӣ»-и АИ ҶТ (2016)
Авезов Азизулло Хабибович
1 январи соли 1956 дар ш. Хуҷанд тавалуд шудааст.  Соли 1973 мактаби  № 9 ш. Хуҷандро хатм намудааст.

Солҳои 1974 – 1979 донишҷуи факултаи энергетикии Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон.

Солҳои 1981 – 1983 дар гурӯҳи илмӣ оид ба энергетика дар назди Президенти Академияи илмҳои ИҶШС дар ш. Маскав таҷрибаомузӣ гузашт.

Cолҳои 1983 – 1986 аспиранти Институти марказии иктисодӣ -риёзии АИ ИҶШС, ш. Маскав.

Номзади илм (1986), доктори илм (1999).

Аъзо-корреспонденти АТ ҶТ (1999).

Моҳи декабри соли 2015 аъзои Раёсати АМ ҶТ интихоб гардид.

Рағбати илмӣ: мутахассис дар соҳаҳои иқтисодиёти энергетика, иқтисодиёти минтакавӣ ва истифодаи усулҳои иқтисодӣ-математикии тадқиқот
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

Солҳои 1973-1974 дар корхонаи “Алмос” дар ш.Хуҷанд хамчун радиомонтажник коркард.

Солҳои 1979–1981 устоди Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон.

1986 – 1993 – ходими илмӣ, ходими калони илмӣ, сардори шӯъба, ҷонишини директор оид ба корҳои илмии Пажӯхишгохи иқтисодии АИ ҶТ, инструктори шӯъбаи иқтисодии КМ ПК Тоҷикистон, аъзои Шӯрои иқтисодӣ дар назди Президенти ҶТ.

1993-2006 – директори Бахши Хуҷандии Пажӯхишгохи иқтисоди ҷаҳонӣ ва алоқаҳои байналхалқӣ, директори Маркази илми иқтисоди Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, Директории генералии барномаи ЮСАИД ва Корпоратсияи Прагма дар Тоҷикистон оид ба тараққиёти бизнеси хурд ва миёна.

Аз 2005 – то имрӯз – профессори кафедраи назарияи иқтисод ва идораи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон, директори ширкати “Бизнес консалтинг групп”.

Дар ташаккули якчанд барномаҳо оиди дурнамои иқтисодиёти Тоҷикистон, аз он ҷумла Барномаи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2016-2020 (қисми саноат) ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (қисми саноат) иштирок мекунад.

Дастовардҳои асосӣ:

Муаллифи зиёда аз 80 кори илмӣ, аз ҷумла 6 рисола мебошад.

Бо роҳбарии ӯ 3 рисолаҳои номзадӣ ва 1 докторӣ ҳимоя карда шудааст.

Азизов Бозоралӣ Сатторович
9-уми августи соли 1946 дар ш. Кулоби РСС Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Соли 1963 мактаби миёнаи №5-и ш. Кулобро хатм намуд.

1963-1965 – донишҷӯи факултаи технологияи химиявии Институти политехникии Тоҷикистон.

1965-1969 – идомаи таҳсил дар Институти технологии ба номи Ленсовети ш. Ленинград.

1969 – 1972 – аспиранти Институти кимиёи АИ РСС Тоҷикистон.

Номзади илми кимиё (1972).

Аъзо-корреспонденти АМ ҶТ (1995).

Доктори илмҳои техникӣ (2003), профессор.

Академики Академияи Мухандисии ҶТ (2005).

Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

1972-1974 – корманди хурди илмии Институти кимиёи АИ РСС Тоҷикистон.

1974–1992 – муаллими калон, дотсент, мудири кафедраи «Кимиёи умумӣ»-и Институти политехникии Тоҷикистон.

1992-1993 – мудири шӯъбаи саноати химиявӣ ва металлургии Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

1993-1994 – муовини мудири Шӯъбаи саноати дастгоҳи Шӯрои Вазирони ҶТ

1994-2000 – мудири шӯъба, сардори хадамоти тайёр кардани кадрҳо заводи алюминийи Тоҷикистон аввал ба вазифаи.

2000-2010 проректор оид ба корҳои илмӣ ва равобити хориҷии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

2010-2014 – муовини директор оид ба корҳои илмии Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии металлургия»-и КВД «Ширкати алюминийи тоҷик»

2014 – то ҳол – сарходими илмии Пажӯҳишгоҳ.

Дастовардҳои асосӣ:

3 монографияи илмӣ, зиёда аз 200 мақолаҳои илмӣ, 10 патенти миллӣ ва 5 патенти евроосиёгӣ баро ихтироотҳо.

Мукофотҳо:

Ҷоизаи давлатии ҶТ дар соҳаи илм ва техника ба номи Абуалӣ Сино (2001).

Аълочии маорифи ҶТ (2003).

Медали тиллоии Созмони патентии Евроосиёӣ (2013).

Азим Иброхим
1 марти соли 1962 дар ноҳияи  Мир Саид Алии Хамадонӣ (собик нохияи Москва), вил. Хатлони Чумхурии Точикистон таваллуд ёфтааст.

Соли 1979 мактаби миёнаи №7 ба номи С. Турдиеви ноҳияи мазкурро хатм намудааст.

Солхои 1979-1984  Донишкадаи политехникии  Тошкандро бо дипломи аъло ҳатм намудааст.

Солхои 1985-1988  аспиранти Донишкадаи политехникии Тошканд.

Номзади илмҳои техникӣ (1992).

Академияи академияи байналмилалии захирахои минерали (Россия, 2008)

Академики академияи мухандиси (Точикистон, 2009).

Академики Академияи мухандисии байналмилалӣ (Москва, 2015).

Моҳи декабри соли 2015 аъзои Раёсати  АМ ҶТ интихоб гардид.

Рағбати илмӣ:

Умури маркшейдери; Геомеханика; Геодинамика; Геотектоника; Сейсмология; Геологияи иктисоди;  Экология; Умури кухи.

Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

1984-1992 – коромӯз – муҳаққиқ, аспирант, ассистенти кафедраи геодезия ва  маркшейдерии   Институти политехникии Тошканд;

1992-1994 – муаллими калони  кафедраи «Физикаи умумӣ ва графикаи муҳандисӣ», декани факультаи саноати сабук, муаллими калони кафедраи физикаи  эксперименталии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон.

1994-2004 – муовини якуми Раиси Кумитаи назорати давлатӣ ва бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Шурони Вазирони Тоҷикистон;

ҷонишини якуми раиси Кумитаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои ороишии назди Ҳукумати ҶТ; ҷонишини вазир – сардори Департаменти саноати маъдани кӯҳи ва металлҳои қиматбаҳои Вазорати саноати ҶТ.

2004-2005 – раиси ноҳияи Синои ш. Душанбе.

2005-2013 – сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҶТ.

Аз соли 2014 то ҳоло – муовини Сарвазири ҶТ.

Шуглхои дигар:

Узви иттиходи рузноманигорони:

Точикистон (1998); Россия ( 2003).

Конфедератсияи байналмиллалии рузноманигорон (Брюсел, 2003).

Шоир, муаллифи маҷмӯъаи шеърҳо. Шуғли дӯстдошта: мусики; варзиш (футбол, баскетбол, гандбол, волейбол ва тенниси рӯи мизӣ).

Дастовардҳои асосӣ:

5 монография (3 –ҳаммуаллифӣ),
60 мақолаи илмӣ ва илмӣ – оммавӣ, 6 ихтироъ (5- ҳаммуаллифӣ).

Мукофотҳо:

Ордени «Шараф» дараҷаи II (2001);

Ходими шоистаи Тоҷикистон (2011);

Ифтихорномаи Кумитаи Ичроияи ИДМ (2010);

Металлурги  хизматнишондодаи Точикистон (2014);

Аълочии фарханги Точикистон (2005).

Акбаров Акрам
21 ноябри соли 1949 таваллуд ёфтааст.  Соли 1966  мактаби рақами 6-и шаҳри Уротеппаро бо медали «Барои хониши аъло» хатм кардааст.

Соли 1971 шӯъбаи меъмории факултаи сохтмони  Донишкадаи политех-никии Тоҷикистонро бо ихтисоси «Меъмор» хатм намуд.

Аьзои Иттифоқи меьморони собиқ СССР (аз 1978), аъзои Иттифоқи Меъморони Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991).

Номзади илмҳои  меъморӣ (1983, Москва), доктори илмҳои меъморӣ (2014, Минск).

Аъзо-корреспонденти Академияи мухандисии ЧТ (1998), академики АМ ҶТ (2015).

Рағбати илмӣ: соҳаи меъмории деҳот ва шаҳрсозии Тоҷикистон
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

Солҳои донишҷӯи (1969-1970) ҳамчун нақшакаш дар Пажӯҳишгоҳи таърих ва археологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муаллими фанни нақшакашии мактаби рақами 15-и пойтахт фаъолият намудааст.

Аз соли 1971 – то ҳозир – ассистенти кафедраи меьмории ДПТ, муаллими калон, дотсент, мудири кафедраи «Асосҳои лоихакашии меъморӣ ва графика» (1991-1997), мудири кафедраи «Меъмори ва дизайн» -и (2010-2012) ва профессори кафедраи ДТТ ба номи М.С.Осимӣ (аз соли 2014).

1972-1974 –  дар Донишкада якчоя бо кори сармеьмори шӯъбаи АСО-2 Пажӯҳишгоҳи давлатии минтақавии лоиҳакашии «Тоҷикгипропром» пеш бурдааст.

Солҳои 1974 ва 1979 курсҳои 4-моҳаи ФТИ муалллимони соҳаи меъмории Донишгоҳи меъмории ш. Москваро хатм менамояд.

1995 – 2000 – аъзои Кумитаи миллии СММ – «HABITAT-2»

1997-1999 – сармуҳандиси дафтари лоиҳавии (UNOPS) СММ дар ноҳияи Ғарм.

2001-2003 – мутахассиси пешбар дар барномаи «Лоиҳаи тачдид ва давоми сохтмони мактабҳои миёнаи хамагонии ЧТ» БРИ ва Вазорати маорифи ҶТ.

2003-2010 – сардори Маркази такмили ихтисос ва хадамоти мушовирати дар назди Донишгохи техники Точикистон ба номи М. Осимӣ

Дастовардҳои асосӣ: 2 монография,78  маколахои илмӣ, 8 дастури методи ва 86 лоиҳаҳои бунёдкориву ташаккули меъмории пешқадами замонавӣ дар сохтмони дехот ва тачдиди шахрхои Точикистон
Мукофотҳо: Инфтихорномаи фахрии КМ ИЛКҶ Тоҷикистон (1976), медали «Барои  хизмати шоиста» (2011), нишонаи фахрии «Ситораи  тиллои» (2010) ва «Меъмори сол» (2011)
Акрамов Абдуғаффор
4 октябри соли 1951 дар ноҳияи Восеъ таваллуд ёфтааст.

Соли 1973 факултети гидромелиора-тивии Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро хатм намуд.

Номзади илм (1992), доцент (1993).

Аъзо-корреспондентиАкадемияи Муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2012).

Рағбати илмӣ: мелиоратсияи заминҳо, гидротехника.
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

1973-1977 – ходими хурди илмии кафедраи Мелиоратсия ва геодезиияи Донишкадаи хоҷагии кишлоқ (холо – Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон).

1977 – 1980 – ассистенти кафедраи “Мелиоратсия ва геодезия”-и Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон.

1980-1983 аспиранти Институти муҳандисию мелиоративии ба номи А. К. Кортунов-и ш. Новочеркасски Федератсияи Россия кори илмӣ карда соли.

1985-1992 – омӯзгори калони кафедраи истифодабарии системаҳои гидромелиоративӣ,

1993-2001 – ҷонишини декан, иҷрокунандаи вазифаи декан, декани факултаи гидромелиоративии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон.

1992-2010 – дотсенти кафедраи истифодабарии системаҳои гидромелиоративӣ,

2001-2006 – дотсент, мудири кафедраи “Истифодабарии системаҳои гидромелиоративӣ”-и Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон.

2006-2014 декани факултети гидромелиоративӣ.

2014-то ҳол – дотсент, мудири  кафедраи “Геодезия ва геоинформатика”-и ДАТ.

Дастовардҳои асосӣ:

Муаллифи зиёда аз 80 асар, аз он ҷумла 2 китоби дарсӣ 16 тавсиянома ва 2 ихтироот ва 7 дастурамал.

Мукофотҳо:  инфтихорномаҳои ДАТ, Ҳизби аграрии Тоҷикистон,  медали тиллои «80-солагии ДАТ» (2011).
Ашуров Нурулло

(27.09.1941 – 25.07.2008)

27 сентябри соли 1941 дар қишлоқи Марғаки ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар оилаи хизматчӣ таваллуд ёфтааст.

Ӯ соли 1958 мактаби миёнаи ба номи Сталини ноҳияи Советро (ҳоло – Темурмалик) хатм карда, пас дар ҳунаристони № 40 шаҳри Душанбе таҳсил карда, соҳиби ихтисоси электрики соҳаи хоҷагии қишлоқ мегардад.

Соли 1967 факултаи гидромелиоративии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон) бо ихтисоси муҳандис-гидротехник ба итмом расонид.

Аъзо-корреспонденти академияи Муҳандисии Тоҷикистон (2000), академики академияи Муҳандисии Тоҷикистон (2002).

Аъзо-корреспонденти академияи Муҳандисии байналмиллалии муҳандисӣ (2004).

Соҳиби 4 фарзанд ва 6 набера.

Рағбати илмӣ: обёрии заминҳо, сохтмони иншоотҳои гидротехникӣ, экология
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

1968-1980 – муҳандиси лоиҳакаш, муҳандиси сохтмони иншооти обӣ, сардори шӯъбаи сохтмони идораи об, муҳандис, сардори идораи сохтмони № 2 Вахш (СМУ-2).

1980-1987 – сардори трести сохтмони «Қӯрғонтеппадеҳот».

1988 – 1990 – сардори трести «Данғараводстрой»

1990 – 1992 – муовини вазир– директори генералии «Тоҷикселезашита»-и Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии об.

1992 – 1996 – ҷонишини аввал ва солҳои 1996-1998 вазири мелиоратсия ва хоҷагии оби Тоҷикистон

1998 – 2006 – директори Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба барқароркунии оқибатҳои табиӣ ва  муовини аввали вазири мелиоратсия ва хоҷагии оби Тоҷикистон.

Дар фаъолияти кориаш дар азхуд кардани заминҳои обии водии Вахш, Ғараутӣ, Қабодиён, Бешкент, Шаҳртуз ва Данғара иштирок намудааст.

Дастовардҳои асосӣ:

Муаллифи 3 китоб ва 18 мақолаҳои илмӣ, аз он ҷумла: «Грозные явления природы Таджикистана» (2000) ва «Сохраним природу Таджикистана» (2001).

Ӯ вакили шӯрои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва Шӯрои Олии ҶТ интихоб шудааст.

Мукофотҳо: Корманди шоистаи Тоҷикистон ва бо орденҳои «Шараф» ва «        ……»  қадр карда шудааст.
Бабаджанова Хуршеда Иномовна
31 июли соли 1960 дар ш. Душанбе таваллуд ёфтааст.

Хатмкунандаи факултаи биологии Донишгоҳи авлатии миллӣ (1982).

Дар Донишгоҳи Небраскаи Линкольн (штати Небраскаи ИМА) мувофиқи барномаи мубодила ду маротиба таҷрибаомӯзи гузаштааст.

Номзади илмҳои биологӣ (1990), дотсент (2003).

Аъзо-корреспондентиАкадемияи муҳандисии Тоҷикистон (2002).

Бо маърузаҳои илмӣ дар давлатҳои ИДМ ва Туркия баромад кардааст.

Рағбати илмӣ: биотехнологияи растаниҳо, бехатарии биологӣ, амнияти озуқаворӣ, маърифати экологӣ ва биологӣ
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

1981-1982 – лаборанти калони гуруҳи илмии кафедраи биохимияи факултаи биологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

1982-1991 – лаборанти калон, ходими хурди илмӣ, ходими калони илмии гуруҳи илмии кафедраи биохимияи факултаи биологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

1991 – 2005 – муаллими калони кафед-раи фанҳои умӯмӣ, мудири кафедраи кимиё, мудири кафедраи кимиё ва биохимия, мудири кафедраи биохимия ва технологияи маҳсулоти хӯрока, декани факултаи саноати сабук, сардори мудирияти илм ва технологияи ҳӯрокворӣ, муовини ректор оиди илм ва робитаҳои берунии Донишкадаи  Технологии Тоҷикистон.

1996-2000 – руководитель студенческого движения SIFE (Студенты в свободном предпринимательстве). Команда под ее руководством стала чемпионом национальных игр и заняла второе место в лиге на международных соревнованиях в Канзас-сити, США, 1999 г.

2005-2007 – муовини ректор оиди корҳои таълимӣ Донишкадаи технологияи инновационӣ ва коммуникатсия.

2007-2009 – проректор оид ба илм ва алоқаи берунии Донишкадаи технологияи инновационӣ ва коммуникатсия

2009-2011 – эксперти барномаҳои таълимии Фонди Сорос (Тоҷикистон).

2009 – 2010 – аъзои гуруҳи кори байниидоравӣ оид ба коркарди Стратегияи рушди бозори меҳнат то соли 2020.

2009 – то холо роҳбари Маркази биотехнологияи ДДМТ.

Дастовардҳои асосӣ:

Муаллифи 110 корҳои илмӣ, аз он ҷумла 95  мақолаҳои илмӣ, 2 монография, 13 дастури таълимӣ.

Мукофотҳо: Ифтихорномаҳои фахрии Вазорати энергетика ва саноати ҶТ (2000, 2005).
Бубнова Мира Александровна
4-уми ноябри соли 1929 дар ш. Ленингрдад таваллуд шудааст.

Дар соли 1936 ба мактаби миёна рафтааст. Марти соли 1942 оилаашон аз ш.Ленинград аз рӯи «Роҳи ҳаёт» ба шаҳри Балхаши Қазоқистон кучонида шудаанд.

Соли 1946 оила ба шаҳри Фрунзе (Бишкек) мекучад, ки дар онҷо мактаби миёна хатм менамояд.

1949-1954 донишҷӯи факултети таърих – филологияи ДДТ ба номи В.И. Ленин.

Аспиранти Институти таърихи фарҳанги моддии АИ ИҶШС дар ш. Ленинград.

Номзади имлҳои геологӣ – минералогӣ (1963).

Собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ.

Аъзо корреспонденти АМ ҶТ (1995).

Рағбати илмӣ:

Таърихи истихроҷи маъданҳои фоитданоки Тоҷикистон ва кулли Осиёи Марказӣ (таърихи истихроҷи тилло, нуқра, симоб, лазурит, лаълҳои бадахшон- Куҳилаъл ва ғ.). Таърихи Помири қадим.

Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

Баъди хатми ДДТ ба номи В.И. Ленин. Ва Фрунзе бармегардад, ки дар онҷо ба ҳайси лаборанти калони Институти таърихи АИ РСС Қирғизистон ба фаъолият сар мекунад.

Аз соли 1959 ба кор ба Институти таърих археология ва этнографияи АИ РСС Тоҷикистон даъват мешавад.

Дастовардҳои асосӣ:

Муаллифи зиёда аз 200 корҳои илмӣ. Миёни онҳо «Харитаи археологии Помири ғарбӣ» (1997), роҳнамои библиографӣ дар ду ҷилд «Таърихи Тоҷикистон» (1986), кашиёти обсерваторияҳои қадимаи офтобӣ дар Помири Шарқӣ, харитаи археологии ш. Душанбе (2014)

Мукофотҳо:

Ифтихорномаи фахрии АИ ҶТ, унвони «Шаҳрвандии фахрии ВМКБ».

Бурханов Рустам Сайвалиевич
17 феврали соли 1940 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.

Соли 1957 мактаби миёнаи № 9- и шаҳри Душанберо хатм нумадааст.

Соли 1969 факултети энергетикии Донишкадаи политехникии Ленинградро хатм намудааст.

Номзади илмҳои техникӣ  (Донишкадаи политехникии Ленинград, 1974), академики Академияи Мухандисии ҶТ (1999)

Рағбати илмӣ:

хатҳои интиқоли барқи ҳамаи синфи шиддат дар шароити баландкӯҳ, гидроэнергетика ва муҳити атроф, рушди гидроэнергетика дар асри ХХ1, системаи мониторинги НБО ва системаи энергетикӣ, масъалаҳои босамари азнавсозӣ ва барқарорсозии НБО

Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

– муовини мудири кафедраи дастгоҳҳои баландшиддати Донишкадаи политехникии Ленинград.

– мудири озмоишгоҳи техникаи шиддати баланди шуъбаи энергетика дар Тоҷикистон.

– сармуҳандиси Институти илми тадқи-қотии маълумоти техникии Тоҷикистон;

– сардори шуъбаи техникӣ, сармушовир оид ба таҷҳизоти баланд-шиддати Ширкати Саҳомии Холдингии Кушодаи  «Барқи тоҷик».

Дар коркарди ва васли дастгоҳҳои баландшиддати санҷишии нерӯгоҳ дар ағбаи «Анзоб» иштирок намуда, онро роҳбарӣ намудааст.

Корҳоро доир ба таъмини кори боэътимоди таҷҳизоти баландшиддат дар шароити таъсири сейсмикӣ ва зичии пасти ҳаво роҳбарӣ намудааст.

Азнавсозӣ ва таҷҳизонидани Силсилаи НБО-и Вахш ва зеристгоҳҳои барқии 500 ва 220 кВ НБО-и Норакро мониторинг гузаронидааст.

Дастовардҳои асосӣ:

70 адад мақолаҳои илмӣ оид ба масъалаҳои коркард ва истифодаи  хати интиқоли барқи баландшиддат дар шароити баландкӯҳ ва таъсири сейсмикӣ дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, Россия ва Олмон.

Мукофотҳо:

Ифтихорномаи ҷашнии 60- солагии ШСХК «Барқи тоҷик»; Нишони Шӯрои Идораи директорони РАО ЭС Федератсияи Россия «80 солагии нақшаи ГОЭЛРО».

Нишони «Аълочии  «Барқи тоҷик»

Воҳидов  Вахоб Воҳидович
11 июни соли 1940 дар шаҳри Конибодом ба дунё омадааст.

Соли 1956 мактаби миёнаи № 1-и шаҳри Конибодомро ба итмом расонидааст.

Соли 1961 Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (холо – ДМТ)-ро бо дипломи аъло хатм намудааст, иқтисодшиноси соҳаи кишоварзӣ.

Номзади илми кишоварзӣ (1999), доктори илмҳои иқтисодиёт (2009), профессор (2010).

Аъзо-корреспондент (1999), академики Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2013)

Аъзо-корреспонденти академияи муҳандисии байналмилалӣ (2000)

Рағбати илмӣ:

иқтисодиёт ва истехсолоти комплекси агросаноатӣ

Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

1961-1969 сариқтисодчии колхоз, котиби якуми комитети комсомолии шаҳри Конибодом.

1969-1971 – инструктори КМ ВЛКСМ (ш. Москва), куратори комсомоли Берорус.

1971 -1977 – котиби аввали кумитаи комсомол, муовини раиси комиҷрояи вилояти Ленинобод (ҳоло – вилояти Суғд).

1977-1986 – мудири шӯъбаи кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти саноати хӯроквории КМ ҲК Тоҷикистон.

1986-1988 – котиби Кумитаи Маркказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон.

1988-1991 – ҷонишини аввали Раиси Совети Вазирони РСС Тоҷикистон, Раиси Госагропром

1991-1992 – Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

1993-2001 – Раиси Ассотсиатсияи илмӣ -истеҳсолии ҷумҳуриявии «Тоҷикдеҳот-кимиё»

2001-2010 – мудири шӯъбаи сиёсати аграрии Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2001-2008 – мушовири Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

2007 – 2010 – корманди пешбари Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёти кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии ҶТ

Профессори кафедраи «Иқтисоди ҷахон ва тиҷорати байналмиллали»-и ДМИТ, мудир ва профессори кафедраи «Идора ва иқтисодиёти КАС»-и ДМТ, мудири кафедраи «Идораи давлатӣ ва маҳаллӣ»- и Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон.

Дастовардҳои асосӣ:

Муаллифи зиёда аз 20 монография, 215 мақолаҳои илмӣ ва 12 дастурҳои таълимӣ-методӣ.

Се маротиба аъзои бюрои кумитаи ҳизбии шахрӣ ва вақили шаҳрӣ, се маротиба – номзад ба аъзогии бюрои кумитаи ҳизбии вилоятӣ ва вақили вилоятӣ, ду маротиба – вақили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Точикистон ва депутати ҳалкии СССР (1989-1991).

Якчанд маротиба ба аъзои бюро КМ ПКТ ва Президиуми Шӯрои вазирони ҶТ.

Мукофотҳо:

Ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат» (1981) , се «Нишони фахрӣ» (1971, 1975, 1977), чор медалҳои собиқ ИҶШС, Корманди шоистаи Тоҷикистон (1997), «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» (2015), Ифтихорномаҳои фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон, КМ КПСС, КМ ПКТ, КМ ВЛКСМ ва ЛКСМ Тоҷикистон.

Ваҳобова Ранохон Узбековна
30 июли соли 1937 дар ш. Сталинобод (ҳозира Душанбе) таввалуд ёфтааст.

Соли 1954  мактаби миёнаи № 2-и шаҳри Душанберо хатм намудааст.

Соли 1959 Донишгоҳи Давлатии ба номи М.В.Ломоносови шаҳри Москваро ба итмом расонидааст.

Номзади илмҳои кимиё, дотсент .

Академики Академияи байналхалкии мухандисии Федерасияи Россия. Аъзо-корреспондентиАкадемияи мухандисии Чумхурии Точикистон.

Рағбати илмӣ:
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

1959-1970 – лаборанти калон, корманди хурди, корманди илмии интитути химия АИ ЧТ (ш. Душанбе), котиби илми.

1970-1979 – досенти кафедраи кимиёи тахлим Донишгохи милии Точикистон (ДНТ) .

1979-1989 мудири кафедраи кимиёи тахлили ДНТ.

1989-1994 – досенти кафедраи кимиёи тахлилӣ.

1994-2006 мудири кафедраи кимиёи тахлили ДНТ.

аз 2006 то хозир – досенти кафедраи кимиёи тахлим.

Дастовардҳои асосӣ:

240 корҳои илмӣ, 5 ихтирооти муаллифӣ, 4 китоб, 3 дастури таълими.

Бо рохбарии ӯ 4 нафар  рисолаи номзади химоя карданд.

Мукофотҳо:

Дорандаи чоизаи давлатии ба номи Абу Али ибни Сино дар сохаи илм ва техника (1987).

Медали «Собикадори мехнат» (1984), нишони сарсинагии «За отличные успехи в работе» Вазорати мактабхои олии ИЧШС (Москва, 1979), ордени «Хизмати шоиста ЧТ» (2002), нишонаи  «Аълочии маориф ва илми Точикистон» (2015).

Ғаниев Иномҷон
8 апрели соли 1949 дар ҷамоати Унҷии ноҳияи Хуҷанди вилости Суғд тавалулд шудааст.

Соли 1971 факултети механиконии истеҳсолоти кишоварзии Институти хоҷагии кишлоқи Тоҷикистон (холо – Донишгохи Аграрии Тоҷикистон)-ро хатм намудааст.

1976-1979 – аспиранти кафедраи «Таъмири мошинҳо»-и донишқадаи механикони ва  электрификатсиякунонии хоҷагии қишлоқи(ЧИМЭСХ), ш. Челябински ФР

Номзади илмҳои техникӣ, дотсент.

Унвонҷӯи кафедраи «ЭМТП» ЧГАА ш.Че-лябинск (қарори № 780 аз 29.12.2011 с.)

Айни замон, дар ш. Челябинск дар арафаи ҳимояи рисолаи докторӣ мебошад.

Президиуми АМ ҶТ ӯро мушовири академия (4.12. 2015) интихоб намуд.

Рағбати илмӣ:

механикикунонии  истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ.

Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

Асистенти кафедраи «Таъмири мошинҳо»-и ДАТ, ш.Душанбе.

Омӯзгори  калони кафедраи «Асосҳои истеҳсолоти» Донишқадаи педагогии ш. Хуҷанд.

Омӯзгори калон, дотсент, мудири кафедраи «Механика», декани факултаи филиали Хуҷандии ДПТ

Ноиби директор оид ба илм ва техникаи корхонаи илмию истеҳсолии  «Зафар», ш. Хуҷанд

Дотсент, мудири кафедраи «Технологияи истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ»-и филиали Хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, ш. Хуҷанд

Айни замон, дотсенти кафедраи «Агротехнология»-и филиали Хуҷандии Университети техникии Тоҷикистон ба номи академ. М. Осимӣ.

Дастовардҳои асосӣ:

Муаллифи зиёда аз 80 корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, аз он ҷумла 43 мақолаи илмӣ, 5 китоби таълимӣ, 2 монография, 3 ихтироот.

Мукофотҳо:

Ифтихорномаи Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, медали Вазорати кишоварзии Руссия.

Давлатшоев Доробшо Давлатшоевич
25 январи соли 1947 дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон. Миллаташ тоҷик.

Соли 1953 ба мактаби миёна рафта, соли 1960 синфи 7-ро хатм намуда, ба Омӯзишгоҳи касбӣ – техникӣ № 5 ш. Сталинобод дохил шуда,  соли 1964 онро бо баҳои аъло хатм намуда, ба Институти политехникии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1970 Донишкадаи энергетикии Москваро бо муваффақият хатм намудааст.

Аз феврали соли 1970 дар кафедраи «Неругоҳҳои электрикӣ, шабакаҳою системаҳо» -и Институти политехникии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон) ба фаъолияти меҳнатӣ шурӯъ намуд. Соли 1973 имтиҳоноти минимум ва дохилшавиро бо баҳои аъло супорида, ба аспирантураи МЭИ қабул шудааст ва рисолаи номзадиашро дар кафедраи «Неругоҳҳои барқи МЭИ дар соли 1976 барои ҳимоя пешниҳод намуда, тавсияи шурои илмиро гирифтааст.

Аз соли 1979 муаллими калон ва аз соли 1982 дотсенти кафедраи «Неругоҳҳои электрикӣ»-и ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ мебошад.

Номзади илмҳои техникӣ (1979), дотсент (1982).

Аъзо-корреспондентиАкадемияи муҳандисии Тоҷикистон (2015).

Рағбати илмӣ: таҳлили реҷаҳои кории системаи энергетикӣ ва таҷҳизоти электрикӣ.
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

Дар тули фаъолияти меҳнатиаш 2,5 сол корманди шабакаҳои барқи ноҳия (1993-1995), 3,5 сол сардори хоҷагии электрикии отярди сарҳадбонони Федератсия Россия (1995-1998), 3 сол инженер – озмоишгари шабакаҳои барқи ш. Душанбе (1998-2001), ҳамзамон сардори басти Маркази гармию барқи ш. Душанбе, аз соли 2001 то ба соли 2009 сардори шӯъба дар Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика ва аз соли 2009 то ба соли 2012 сармуҳандиси КВД Ҷумҳуриявии Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «Нурофар» дар пайвастагии касбии илмию педагогӣ бо ДТТ ба номи М.С. Осимӣ ва аз соли 2013 то ба ҳол дар вазифаи дотсенти кафедраи «Неругоҳҳои электрикӣ»- и ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ адои вазифа менамояд.

Дастовардҳои асосӣ:

Аз соли 1983 дарсҳоро ба забони тоҷикӣ гузаронида, аввалин луғати русӣ ба тоҷикии истилоҳоти энергетикаро таҳия намуд, ки он аз ҷониби Кумитаи терминологияи АФ Тоҷикистон соли 1985, бо ҳузури раиси он – академик М.С. Осимӣ ба чоп тавсия шуда, дар нашриёти «Маориф» дар соли 1991 нашр гардид. Дар соли 2004 Луғати истилоҳоти соҳаи энергетикаи (русӣ-тоҷикӣ) бо ҳамкорон таҳияшудааш, ки Вазорати энергетикаи Ҷумҳурӣ онро мақул дониста, Кумитаи истилоҳоти Тоҷикистон ба чоп тавсия намудааст, рӯи нашрро дид. Зиёда аз 65 корҳои илмӣ ва илмию методиро ба чоп расонидааст. Аз он ҷумла 4 адад китоби дарсӣ бо забони давлатӣ, 1 адад китоби дарсӣ бо тавсияи Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми ҶТ, ки нашр гардидаанд.

Иштирокчии конференсияҳои байналхалқии илмию техникӣ ва илмию амалии ҷумҳуриявӣ мебошад.

Мукофотҳо: Ифтихорномаҳо ва  раҳматномаҳои Институти политехникии Тоҷикистон, Хадамоти назорат дар соҳаи энергетика, ШСХК «Барқи тоҷик» ва КВД «Нурофар».
Джураев Тухтасун
5 маи соли 1945 дар ш. Исфара таваллуд ёфтааст.

Мактаби миёнаи № 12 ш. Исфара-ро соли 1963 хатм намуд.

Соли 1968 бо дипломи аъло факултаи кимиёи Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло – Донишгоҳи  миллии Тоҷикистон)-ро хатм кардааст.

1968-1971 – аспиранти кафедраи «Масолеҳшиносӣ»-и факултаи Физика ва кимиёи Донишкадаи техникаи электронии Москва.

Номзади илмҳои кимиё (Донецк, 1972).

Доктори илмҳои кимиё (Москва, 1991), профессор (1994).

Аъзо-корреспонденти АМ ҶТ (1994).

Академики Академияи мухандисии ҶТ (2013).

Аъзо-корреспонденти Академияи Мухан-дисии Байналмиллалӣ (2015).

Рағбати илмӣ:

металлургияи металлҳои сиёҳ ва ранга, термодинамикаи хӯлаҳо, асосҳои зуҳуроти ирсӣ дар табиати ғайриорганикӣ (дар металлҳо ва хӯлаҳо).

Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

1972-1982 – ходими хурди илмӣ, ходими калони илмии лабораторияи «Металлургияи металлҳо ва хӯлаҳои дақиқ»-и Пажуишгоҳи кимиёи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

1986 – сардори сеҳи Муассисаи таҷрибавӣ-истеҳсолии моддаҳои  тозагиашон хосаи АИ ҶТ.

(МТИ МТХ) при АИ ҶТ.

1991 – сармуҳандиси МТИ МТХ.

1995 –директори техникии  Иттиҳодияи истеҳсолии «Амал» назди АИ ҶТ

1996-2013 – мудири кафедраи «Металлургияи металлҳои ранга» (ММР)-и ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ.

2014 г. то ҳол – профессори кафедра ММР.

Дастовардҳои асосӣ:

Муаллифи зиёда аз 350 корҳои илмӣ ва методӣ, аз он ҷумла 25 шаҳодатномаи муаллифӣ.

Таҳти роҳбарии ӯ 12 рисолаи номзадӣ ҳимоя шудааст.

Мукофотҳо:

Ихтирокори ИҶШС (1978), Аълочии маорифи ҶТ (2001).

Ёров Зурмаҳмад
20 августи соли 1937 дар деҳаи Ғуҷовасти ноҳияи Ванҷи Вилояти автономии кӯҳистони Бадахшон таваллуд ёфтааст. Соли 1950 мактаби миёнаро хатм кардааст.

Соли 1961 факултаи геологии Донишкадаи Давлати Тоҷикистонро  ба итмом расонид, геолог.

Академики Академияи Муҳандисии Тоҷикистон (1992)

Рағбати илмӣ: геология, иктишофи ҷойгиршавии канданиҳои фоиданок
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

1961-1971 – экспедитсияи Помири Саргеологияи Тоҷикистон: техник-геолог, геолог, геологи калон, роҳбари гуруҳ.

1971-1975 – инженер-геолог, роҳбари гуруҳи геологҳои Шуравӣ дар Авғонистон.

1975-1981 – сардори гуруҳи геологӣ.

1985- 1992 – роҳбари экспедитсия, директории генералии корхонаи «Помирквартсгавҳар»-и Иттиходияи геологӣ ва саноати Вазорати геологияи СССР.

1992-1996 – директории генералии Иттиходияи геологӣ-саноатии сангҳои гаронбаҳо ва ороишӣ «Помирквартсгавҳар»-и ҶТ.

1996-1997 – раиси Кумитаи сангҳои гаронбаҳо ва ороишии «Тоҷиксамосвети» назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

1998 – роҳбари корхона ба омӯзиши конҳо дар экспедитсияи сарвӣ-иктишофии геологии Помир-и Саридораи геологии назди Ҳукумати ҶТ.

2006-2009 – муовини директории институт АООТ «ГИИНТИЗ»

2009-2014 – инженер-геолог дар раёсати рушди лоиҳаҳои муштараки намояндагии «TALСO management LTD» дар ҶТ.

2014 – инҷониб муовини директории генералӣ ва саргеолог дар ширкати муштараки Сингапур – Тоҷикистон ҶДММ «Талко ресурс».

Дастовардҳои асосӣ:

Муаллифи зиёда аз 100 мақолаҳои илмӣ ва соҳавӣ, китобҳои илмӣ,  луғати геологии русӣ-форсӣ.

Мукофотҳо:

Унвони геологи хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1977), аълочии корҳои иктишофии  геологии  СССР (1981).

Зинченко Зинаида Алексеевна
1 апрели соли 1941 дар деҳаи Губдени ноҳияи Карабудаҳкенти Доғистон таваллуд шудааст.

Соли 1958  мактаби миёнаро дар ш. Хасавюрт бо медали тилло хатм намудааст.

Соли 1963  Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Кавкази шимолӣ (ш. Орҷоникидзе, ҳоло Владикавказ)-ро хатм намуда, сазовори квалификатсияи муҳандис-технологи кӯҳӣ аз рӯи ихтисоси “Тозакунии канданиҳои фоиданок” гардидааст.

Номзади илм (Москва, 1975).

Доктори илмҳои техникӣ (Душанбе, 2006).

Дар Донишгоҳҳои миллӣ ва техникии Тоҷикистон омӯзгорӣ кардааст.

Академики АМТ (2007).

Рағбати илмӣ: технологияҳои коркард ва тозакунии маъданҳо  бо истифодаи реагентҳое, ки ба муҳофизати муҳити атроф мусоидат мекунанд.
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

Баъди хатми Донишкада  бо роҳхат ба Тоҷикистон омада, дар кони Қаромазор ҳамчун муҳандис-тадқиқотчӣ ва сардори смена кор кардааст.

Аз соли 1964 ба комбинати Ҷижикрут гузаронида шуда, дар зарфи 2 сол дар вазифаи сардори смена фаъолият намудааст.

Соли 1966 ба аспирантураи Пажуҳишгоҳи химияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудааст.

Баъди хатми аспирантура фаъолияти меҳнатиро дар Пажуҳишгоҳи химияи ба номи В.И.Никитини АИ ҶТ, дар вазифаҳои ходими хурди илмӣ ва ходими калони илмӣ идома дода, аз соли 1982 роҳбари озмоишгоҳи тозакунии маъданҳо мебошад.

2002-2007 – дар вазорати саноати ҶТ дар вазифаи муовини мудири шӯъба кор кардааст.

2007 – 2014  дар асоси Қарордод,  дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҶТ, ҳамчун сармутахассис фаъолият менамуд.

Ҳоло ҳамзамон дар  филиали Душанбегии институти пӯлод ва хӯлаҳои Москва дарс медиҳад.

Дастовардҳои асосӣ:

Муаллифи зиёда аз 180 мақолаҳои илмӣ, 22 шаҳодатномаи муаллифиии ИҶШС ва 4 патенти ҶТ.

Дар таҳти роҳбариаш тартибу усулҳои тоза кардани маъданҳои сурмадор, сурмаю симобдор, тиллодор, фосфоритӣ, арсену тиллодор ва ғайраҳо коркард шудаанд.

Аввалин бор бо методи резонанси квадрупурии электронии парамагнитии ядроӣ, рентгеноэлектронии спектроскопӣ қонуниятҳои сорбсияи катионҳои металлҳо аз сатҳи маъданҳо омӯхта шудаанд. Вобаста аз намуди сорбсия тасфияи металлҳо тағйир меёбад.

Мукофотҳо:

Ихтирокори шоистаи ҶТ (1995), корманди шоистаи ҶТ (1998), Барандаи мукофоти Шӯрои Вазирони РСС Тоҷикистон(1990).

Ибрагимов Муродали Файзалиевич
8 марти соли 1964 дар деҳаи Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд ёфтааст.

Соли 1981 мактаби миёнаро хатм кардааст.

Соли 1989 филиали Хуҷандии Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси «муҳандис-технологи истеҳсолоти бофандагӣ» хатм намудааст.

Номзади илмҳои таърих (2003).

Узви вобастаи Академияи мухандисии Тоҷикистон (2011).

Доктори илмҳои таърих (2013).

Рағбати илмӣ:
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

1981-1982 –фабрикаи бофандагии Душанбе (ИИБПД).

1982-1984 – хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ.

1990 – устои навбатдорӣ фабрикаи  бофандагии № 1 Душанбе ИИБПД.

Аз соли 1991 – ассистенти кафедраи фанҳои муҳандисӣ, муаллими калон, дотсент, и.в. профессори Университети технологии Тоҷикистон (УТТ).

Дастовардҳои асосӣ:

Муаллифи зиёда аз 90 корҳои илмӣ, аз ҷумла 50 мақолаҳои илмӣ, 4 монография, 3 луғат, , 4 китоби таълимӣ, 5 китобҳои таълимӣ-методӣ, 3 ихтироот.

Мактаби илмии «Вобастагии технологияҳои таърихӣ, анъанавӣ ва ҳозиразамон дар истехсолоти сабук» роҳбари менамояд. Дар ин мактаб 8 нафар аспирантҳо ва унвонҷӯён корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мебаранд.

Мукофотҳо:

Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2011)

Икромов Исмонкул Истамович
Таваллуди 26.08.1958, ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё). Хатмкардаи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳозир ДАТ ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур).

Муҳандис-гидротехник, доктори илмҳои техникӣ, профессор, Аъзо-корреспондентиАкадемияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мушовири Маркази Профессионалӣ доир ба кам кардани зарари офатҳои табиии Агентии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар ҶТ (2006-2007), эксперти техникии лоиҳаи «Ташкили қитъаҳои намоишдиҳӣ оид ба технологияи пешқадами парвариши зироатҳои кишоварзӣ дар ноҳияҳои пилотии ҶТ»-и Маркази дастгирии хусусигардонии хоҷагиҳо дар назди Ҳукумати ҶТ (2000-2003), котиби Шӯрои диссертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ аз рӯи ихтисоси 06.01.02 – мелиоратсия, таҷдидсозӣ ва ҳифзи замин.

Рағбати илмӣ:
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ: Устои қитъаисохтмонӣ (1982), ходимихурдиилмӣ (1983), аспиранти кафедраи мелиратсияи кишоварзӣ  (1984 – 1987), ассистенти кафедраи механикаи сохтмон (1987-1990), ассистент, омӯзгори калон ва дотсенти кафедраи иншооти гидротехникӣ (1990-1998), мудири кафедраи сохтмони иншооти гидротехникӣ (1999-2003), ҳамзамон ҷонишини декани факултети гидромелиоративӣ (1996 – 2000 ва 2001), Аз с. 2003 дар вазифаи дотсент ва мудири кафедраи мелиоратсия, таҷдидсозӣ ва ҳифзи замин (2003-2007), ва профессор, мудири ҳамин кафедра (2007 – то ҳоло) фаъолият дорад.
Дастовардҳои асосӣ:  Муаллифи 125 асар, аз он ҷумла 4 китоби дарсӣ, 3 монография, 4 брошюра, 16 шаҳодатномаи муаллифӣ ва патент оид ба ихтироот 7 дастурамал чоп намудааст.

Таҳти роҳбарии Икромов И.И. як нафар рисолаи номзади илмҳои техникиро дифо намуда,3 нафар аспирантҳо корҳои илмӣ-тадқиқотӣ иҷро карда истодаанд.

Мукофотҳо: Нишони биринҷии Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи СССР (1986) сарфароз гардидааст. Ифтихорнома ва медали ҷашнӣ ба муносибати 80-солагии таъсисёбии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур  қадрдонӣ карда шудааст.
 
Иркаев Бањор Нигматович
10 марти соли 1953 дар ш.Душанбе таваллуд шудааст.

Соли 1973 факултети физика Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро

аз рӯи ихтисоси физик-оптик хатм намудааст.

Номзади илмҳои физикаю математика (1984).

Аъзо-корреспонденти Академияи муҳандисии Тоҷикистон (2008), узви Ҷамъияти астрономии Аврупою Осиё.

Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

1973-1999 – ходими илмии хурд, калон ва пешбар, директори расадхонаи байналхалқии Санглохи Пажуҳишгоҳи астрофизикаи АИ ҶТ.

1999-2000 – мудири озмоишгоҳи Геодинамикаи Сарраёсати геодезия ва картографияи назди Ҳукумати ҶТ.

2000 ба Маркази тадқиқотҳои стратегии назди Прзиденти ҶТ, барои идома додани тадқиқотҳо оид ба кам шудани захираҳои обу пиряхҳои Тоҷикистон,  ба кор гузаронида шудааст.

Солҳои 2000-2005 – сардори маркази компютерии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон.

Солҳои 2005-2006 – менеҷер оид ба алоқаҳои корпоративӣ дар ҶММ “Таком”.

Аз соли 2007- омӯзгор дар Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Россия.

Солҳои 2010-2011 – директори парки технологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Аз соли 2011 то ҳозир –  омӯзгор дар Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Россия.

Дастовардҳои асосӣ:

Муаллифи зиёда аз 50 мақолаҳои илмӣ,2 китоб (дар ҳаммуаллифӣ) оид ба омӯзишӣ компютерӣ

Мукофотҳо:   
Каландарбеков  Имомёрбек
21-ӯми январи соли 1955 дар деҳаи Рожи ноҳияи Шуғнон ВМКБ Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд ёфт.

1972-1977 –  донишҷӯи факултаи сохт-мон ва меъмории Донишкадаи политех-никии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи  техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ).

1981-1985 – аспирантураи Донишка-даи муҳандисию бинокории ба номи В.В. Куйбышеви шаҳри Москва.

Номзади илмҳои техникӣ (1986), доктори илмҳои техникӣ (2009, Донишгоҳи давлатии сохмони шаҳри Москва).

Аъзо-корреспондентиАкадемияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2002).

Рағбати илмӣ:

механикаи сохтмонӣ

Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

1980-1981 – коромӯз – тадқиқотчии Донишкадаи муҳандисию бинокории ба номи В.В. Куйбышеви шаҳри Москва.

1985 – 1993 – муаллими калон ва баъдан дотсенти кафедраи «Конструксияҳои оҳану бетонӣ»

1993 -дотсенти кафедраи фанҳои табии-илмӣ,

1993-1995 – сардори шӯъбаи таълим (дар як вақт мудири шӯъбаи ғоибона)-и  Донишгоҳи давлатии Хоруғ.

1995-2000 – проректор оид ба корҳои таълим ва илм.

2000-2001 – проректор оид ба муносибатҳои байналхалқӣ, тиҷорат ва тарбия.

2001-2003 проректор оид ба корҳои таълим ва тарбия.

2003 -2012 проректор оид ба корҳои таълими Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев

1997 – 2003 мудири кафедраи фанҳои муҳандисиро низ иҷро кард.

2012-2014 – ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев.

Аз соли 2015 то имрӯз –  сарходими илмии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АИ ҶТ.

Дастовардҳои асосӣ:

Муаллифи ду монографияи илмӣ, зиёда аз 90 мақолаҳои илмӣ, 4 дастури таълимӣ-методӣ, тавсия оиди истифодабарии методи мутамарказку-нии деформатсияҳо барои ҳисоби иморатҳои бисёрошёна.

Мукофотҳо:

Нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон (2001),  Ордени Шараф дараҷаи 2 (2004), ба ифтихори рузи Муаллимон аз тарафи Президенти кишвар бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадр карда шуд  (2006).

Каримов Музафар Каримович
15 феврали соли 1949З дар деҳаи Устошамси ҷамоати деҳоти Меҳрободи  ноҳияи  Файзобод таваллуд шудааст.

1955-1965 – таҳсил дар мактаб интернати №2 ноҳияи Файзобод.

Хатмкардаи факултаи биологияи ДМТ (1970).

Номзади илмҳои биологӣ (Москва, 1979).

Доктори илмҳои биологӣ (1998), профессор (2002)

Аъзо-корреспонденти АМ ҶТ (2013).

Рағбати илмӣ:

Муҳандисии генӣ ва ҳуҷайравии зироатҳои кишоварзӣ.

Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

1970-1973 – ассистенти кафедраи Физиологияи растаниҳои факултети биологияи ДМТ.

1973-1974 коромӯзи Донишгоҳи давлатии шаҳри Москва ба номи В.И. Ломоносов.

1974-1977 аспиранти Институти Генетикаи Академияи илмҳои СССР. 1977-1980 ходими хурди илмии Институти физиология ва биофизикаи растаниҳои АИ ҶТ.

1980-1986 – ходими калони илмии Институти физиология ва биофизикаи растаниҳои АИ ҶТ.

1986-1988 – мудири лабораторияи «Биокимиёи фотосинтез»- и Институти Физилогия ва биофизикаи растаниҳои АИ ҶТ.

1988-1993 – дотсенти кафедраи физиологияи растаниҳо ва биотехнологияи ДАТ.

1993-1999 –  мудири кафедраи технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзии ДАТ

1999-2001 ноиби ректор оид ба корҳои маъмурию хоҷагидории ДАТ.

2001-2013 декани факултети боғдорӣ ва биотехнологияи кишоварзии ДАТ.

Аз соли 2013 то ҳол – мудири кафедраи Физиологияи растаниҳо ва биотехнологияи  факултети боғдорӣ ва биотехнологияи кишоварзии ДАТ ба номи Ш. Шотемур.

Дастовардҳои асосӣ:

Муаллифи зиёда аз 110 мақолаҳои илмӣ-методӣ, чор китоби дарсӣ-таълимӣ, ду патенти ихтироотӣ.

Мукофотҳо:

«Аълочии Маориф» – и   ҶТ (2002), «Ифтихорнома»-и ҶТ  (2005), Медали ҷашнии «80-солагии ДАТ ба номи Ш. Шотемур» – (2011), «Корманди Шоистаи Тоҷикистон» – (2013).

Каримов Фаршед Хилолович
16 октябри соли 1949 дар. ш. Душанбе таваллуд ёфтааст.

Соли 1966 мактаби №1-и ш. Душанберо ба итмом расонид.

Соли 1972 факултаи физикаи Донишгоҳи Давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов (МГУ) хатм намуд.

1972 – 1974 – хизмат дар сафи Армияи Шуравӣ бо унвони лейтенант

Номзади илмҳои физикаю математика (1979, Москва).

Доктори илмҳои физикаю математика (1993, Москва)

Узви вобастаи Академияи муҳандисии Тоҷикистон (1993).

Узви пайвастаи Академияи муҳандисии Тоҷикистон (1999).

Узви пайвастаи Академияи муҳандисии байналмилалӣ (2000)

Аз с. 1999 –ноиби президенти АМ ҶТ.

12 декабри соли 2015 такроран ноиби президенти АМ ҶТ интихоб гардидааст

Дар давлатҳои ДММ ва хориҷии дур, Австрия, Олмон, Ҳиндустон, Эрон, Покистон, ШМА, Таиланд, Турция, Чехия, Шветсария, Ҷопон ва Чин бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намудааст.

Рағбати илмӣ:

Геофизика, тектономагнетизм, физикаи ҳодисаҳои  магнитӣ, геомеханика, геоэкология.

Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

1980 – 1990 – ходими илмӣ, геофизик, мудири гурӯҳи геофизикӣ, муовини директор оид ба илм Институти сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон (ИСЗТС АИ ҶТ).

1990 – 1992 ва 1998 – 2000 саргеофизик ва сармуҳандис дар институти тадқиқотҳои инженерию техникӣ (ГИИНТИЗ).

1993-1997 – профессори кафедраи  геологияи мухандисӣ ва гидрогеологияи факултаи геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

1998 г. – 2000 г. – саринженери АООТ ГИИНТИЗ.

2000-2004 – проректор оиди робитаҳои хориҷӣ ва профессори кафедраи физика ва механикаи мухандисии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон.

2004-2011 – муовини директори Институти сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм.

2011 – 2013 – мудири лаборатория тадқиқотҳои комплексии геофизикӣ дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз соли 2013 то холо – профессори кафедраи геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданоки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Иштирок ва роҳбарӣ дар ташкил кардани шабакаи мушоҳидаҳои магнитии баланд хассос оиди тадқиқотҳои табиати заминҷунбиҳо дар қаламрави Тоҷикистон (1980-1990), сохтани се асбоб – Установка для измерения УЭС грунтов (на постоянном токе) – ТаджикГИИНТИЗ (1991), Установка для измерения УЭС грунтов (на переменном токе) – ТаджикГИИНТИЗ  (1991), Усовершенствованная установка для измерения УЭС грунтов – ТаджикГИИНТИЗ (1999), корҳои геофизикию муҳандисй-инженерӣ дар объектҳои саноатй ва гражданй (аз ин ҷумла роҳи оҳани Курғон-Теппа–Кулоб (1998-2000 сс.), корҳои минтақабандии сейсмикй  «Сейсмическое микрорайонирование пос. Фархор» (бо ҳамкорй бо АООТ ГИИНТИЗ), «Сейсмическое микрорайонирование участка строительства ГЭС Сангтуда-1» (бо ҳамкорй бо Гидропроект, ш. Ташканд) и «Сейсмическое микрорайонирование г. Рогуна» (бо ҳамкорй бо АООТ ГИИНТИЗ) (2005-2008 сс., роҳбарии илмй оиди як чанд силсилаи лоиҳаи байналмилалй баҳшида ба бехатарии геоэкологй дар ҶТ (2004-2012 сс.).

Роҳбари корҳои илмй-таҳқиқотй оиди мавзуҳои буҷавии зерин: «Исследование сейсмичности территории Таджикистана по данным сейсмогеофизических наблюдений» (2006-2010 гг.) ва «Комплексные сейсмогеофизические исследования на территории Таджикистана с целью снижения сейсмического риска» (2011-2015 сс.).

Роҳбари илмӣ дар ду рисолаи номзади илм ва дигар корҳои илмии аспирантон ва унвонҷӯён.

Дастовардҳои асосӣ:

Муаллифи зиёде аз 270 корҳои илмй ва илмй-методй (маколаҳо, фишурдаҳо, 5 китоб, 10 ҳисоботи илмй – (бо ҳам муаллифӣ),  муҳаррири 15 китоб ва маҷаллаҳо.

Мукофотҳо:

Миннатдории Вазорати сохтмони РСС Тоҷикистон (с. 1967), Ифтихорномаи қ/ҳ 21462 (1974с.), Ифтихорномаи фахрии Кумитаи Давлатй оиди сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон (1999 с.), Медали ёдгорй ба 100-солагии аз рӯзи тав. академик М.А. Садовский (2004 с.), Ифтихорномаи фахрии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (2008 с.).

Каюмов Абдулхамид Каюмович
2 июли соли 1954 дар ноҳияи Сангвори вилояти Ғарм (ҳоло – ШНТМ)  таваллудёфтааст.

Мактаби миёнаи № 20 ноҳияи Вахши вилояти Хатлонро хатм кардаасат.

Соли 1978 факултаи умумии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Номзади илмҳои тиб (1988).

Узви вобастаи Академия муҳандисии ҶТ (1995).

Доктори илмҳои тиб (2000), профессор (2002).

Рағбатиилмӣ:

тағйрёбии иқлим, яхшиносӣ, ҳолати экологи, адаптация ба шароити   Помир, Антарктида ва сафарҳои дарозмудати уқёнусӣ.

Фаъолиятиилмӣ ва истеҳсолӣ:

1978-1993  корманди илмӣ, имудири даборатория ирсӣ ва экотоксигологии Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ва оқилона истифода бурдани сарватҳои табиати АИ ҶТ.

1993-1998 директори куллӣ Парки миллии Тоҷикистони Вазорати ҳифзи муҳити зисти ҶТ (ҳоло Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ).

1998 – 2013 мудири кафедраи гигиенаи муҳити зизти факултаи тандурустии ҷамъиятӣ ДДТТ.

2014 – то ҳол – директори Филиали Тоҷикистонии Маркази экологии минтақавии Осиёи Маркази

1978-2011 дар экспедитсияҳои илмӣ  дар Помир ва Тияншон иштирок намудааст.

1983-1984 дар ҳайати Экспедитсияи Шӯравии Антрактик иштирок намудааст.

2000 – 2014 Мушовири миллӣ оид ба лоиҳаи тағийрёбии иқлим ПРООН/ГЭФ дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ.

Дастовардҳои асосӣ:

Муаллифи зиёда аз 260 нашрия, аз ҷумла 31 монография ва китобҳо. Ин нахустин тоҷике, ки ба Антарктика ташриф овард.

Дар тайёр намудани ҳамаи се ахбороти миллӣ «Конвенцияи қолабӣ оид ба тағйирёбии иқлим» иштирок намудааст.

Ҳамоҳангсоз оид ба «Криосфера ва гидрология» аз Тоҷикистон дар назди Созмони Обуҳавошиноси Умумиҷаҳонӣ.

Осорхонаи Антарктидаро дар Тоҷикистон ташкил кард , ки дар он парчаме, ки 6 январи соли 2009 барафрохта шуда буд ҷой дода шудааст.

Мукофотҳо:

Ифтихорномаи ЦК ВЛКСМ (1985), лауреати мукофоти «Олимони ҷавони Тоҷикистон»  (1986),

Медали «Хизмати шоиста» (2011).

Комилӣ Абдулҳай Шарифзода
18 марти соли 1962 дар ноҳияи Ғончӣ таваллуд шудааст.

Соли 1979 мактаби № 6 хатм кард.

Соли 1986 Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов хатм кардааст.

Номзади илми таърих (1992).

Доктори илмҳои физикаю математика (2001), профессор (2010).

Аъзо-корреспонденти АМ ҶТ (2011).

Рағбати илмӣ:

Таърихии илмҳои табиию риёзӣ, назарияи маърифат, кайҳоншносӣ, тасаввуф ва таърихи адён

Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

1986-1989 – лаборанти калони Шӯъбаи таърихи илм ва техника Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон муҳасили Шӯъбаи арабии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон).

1989-1991 – коромӯзи Шӯъбаи таърихи физика, механика ва астрономияи Пажӯҳишгоҳи таърихи табиатшиносӣ ва техникаи Академияи илмҳои СССР (ҳоло Академияи илмҳои Русия).

1991-1997 – ходими хурди илмӣ, ходими илмӣ, ходими калони илмии Шӯъбаи таърихи илм ва техника Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

1997-2000 – докторанти факултаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов

2000-2005 – ходими пешбари илмӣ, сарходими илмӣ ва мудири Шӯъбаи таърихи илм ва техникаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2005-2006 – мудири кафедраи фанҳои умумитехникии Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав.

Аз марти соли 2006 то ҳоло – ноиби ректори Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав оид ба корҳои байналмилалӣ.

Дастовардҳои асосӣ:

Муаллифи зиёда аз  200 корҳои илмӣ, аз ҷумла – 50 китоб, ҷузвия, дастури таълимӣ ва методӣ, 160 мақолаҳои илмӣ, адабӣ, энсиклопедӣ ва фишурдаи мақолаҳо

Профессори фахрии якчанд донишгоҳҳои ватанию хориҷӣ.

Мукофотҳо:

медали «Хизмати шоистаи ҶТ» (2011).

Комилов Одина
1 январи соли 1942 таваллуд шудааст.

Соли 1960 Техникуми политехникии шаҳри Душанберо хатм намудааст.

Соли 1967 Донишкадаи мелиоративии Москваро аз рӯи ихтисоси “Гидромелиоратсия” хатм кардааст.

Номзади идмҳои техники (Москва, 1974).

Доктори илмҳои техникӣ (Тошканд,1991).

Академики Академия мухандисии ҶТ (1999).

Рағбати илмӣ:

Асосҳо ва таҳкурсиҳо, заҳираҳои обӣ

Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

1960 – устои сохтмони обанбори Селбур.

1967-1969 – муҳандиси калон, сармуҳандиси дирексияи совхозҳои навташкилшудаистода тавассути азхудкунии минтақаҳои фурӯраванда.

1974-1979 – ассистент, омӯзгори калони кафедраи Механикаи сохтмони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон.

1979-2001 – мудири озмоишгоҳи “Технология ва ташкили сохтмони системаҳои обёрикунӣ дар хокҳои фурӯраванда”-и филиали Пажуҳишгоҳи умумиттифоқии илмӣ-тадқиқотии гидротехника ва мелиоратсия дар Тоҷикистон.

1986-1993 – омӯзгори калон, и.в. дотсенти кафедраи механикаи сохтмон ва гидравликаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шотемур.

1992 – мудири шуъбаи “Равандҳои маҷроӣ” Иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолии ПИТ гидротехника ва мелиоратсияи Тоҷикистон.

Аз соли 1993 то ҳол – профессори кафедраи номбурда.

Дастовардҳои асосӣ:

115 кори илмӣ, 2 монография, 2 воситаи таълимӣ, 14 ихтирооте, ки 4 адади онҳо дар истеҳсолот татбиқ гардидааст.

Мукофотҳо:

Нишони сарисинагии “Ихтирокори СССР».

Кориев Абдурахим Расулович
3 августи соли 1936  дар шаҳри Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) таваллуд шудааст.

Соли 1959 Институти геологияи нафту гази ба номи академик И.М. Губкин шаҳри  Москваро хатм кардааст, муҳандис-геолог.

Номзади илмҳои геология-минералогия (1972), досент (1976)

Аъзо-корреспондентиАкадемияи мухандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1995)

Рағбати илмӣ:

литология, омӯзишӣ ҳайати моддаҳои боқимондаи ҷинсҳои кӯҳӣ, шароитҳои ҳосилшавии онҳо ва канданиҳои фоиданоки ба он алоқаманд ва генезис.

Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

1959-1960 лаборанти калони лабораторияи нефту гази Институти геологияи АИ РСС Тоҷикистон

1960-1971 – корманди хурди илмии Инстиути геологияи АФ РСС Тоҷикистон

1972-1976 – корманди калони илмӣ

1976-1990 – котиби илмии Шӯрои махсус оид ба супоридани унвони номзади илмҳои геология ва минералогияи назди Институти геология АФ РСС Тоҷикистон.

1983 – 1997 – котиби илмии Институти геологияи АФ ҶТ

1988-1999– мудири лабораторияи «Бентонит», «Литология»

1999-2003 – ноиби директори Институти геологияи АФ  ҶТ оид ба илм

Аз соли 2003- то имрӯз– дотсенти кафедраи «Мелиоратсия, таҷдидсозӣ ва ҳифзи замин»-и факултаи гидромелиоративии Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шотемур

Дастовардҳои асосӣ:

220 адади мақолаҳои илмӣ, 6 моногра-фия, 1 китоби дарсӣ-таълимӣ, 3 китоби таълимӣ, 3 дастурамал, 5 брошюра

Таҳти роҳбарии ӯ 1 нафар  номзади илм  гардидааст.

Мукофотҳо:

медали «Собиқадори меҳнат», ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи академик С.У. Умаров

Кошлаков Георгий Вадимович
8 феврали соли 1936 дар шаҳри Свердловск (ҳоло Екатеринбург ФР) -и таваллуд шудааст. Таҳсилро дар синфи 1-и мактаб соли 1943 дар ш. Новосибирск оғоз намуда, аз синфи 5 то 9-ро дар ш. Тошканд  идома додааст.

Соли 1953 мактабро бо медали тилло хатм намудааст.

Соли 1958 Донишкадаи политехникии Осиёи Миёнаро аз рӯи ихтисоси “Муҳандис-геофизики кӯҳӣ” бо дипломи аъло хатм кардааст.

1976 – Донишкадаи идоракунии хоҷагии халқи назди Шӯрои Вазирони СССР-ро (ш.Москва)  хатм кардааст

Номзади илмҳои геологию минералогӣ (1970).

Академики АМТ (1999).

Академики Академияи байналхалқии муҳандисӣ.

Рағбати илмӣ:

соҳаҳои илм оид ба Замин, масъалаҳои макроиқтисодӣ ва иқтисодиёти воқеӣ.

Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

1958-1974 – фаъолият дар гурӯҳҳои геофизикии Раёсати геологии Шӯрои Вазирони РСС Тоҷикистон.

Аз моҳи июни соли 1974 – сардори Раёсати зикргардида.

Солҳои 1978-1984 – муовини раиси Шӯрои Вазирони РСС Тоҷикистон.

Солҳои 1984-1991 – муовини аввали раиси Шӯрои Вазирони РСС Тоҷикистон.

Солҳои 1991-1992 – Раиси Комитети давлатии РСС Тоҷикистон оид ба тараққиёти иқтисодӣ.

Солҳои 1993-1996 – Мушовири калони Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои хоҷагии халқ.

Солҳои 1996-2000 – сардори шӯъбаи инкишофи минтақаҳои кӯҳӣ дар Шӯро оид ба омӯзиши қувваҳои истеҳсолии АИ ҶТ.

Иштирокчӣ ва роҳбари асосноккунии лоиҳакашӣ, сохтмон ва оғози бунёди НБО-ҳои Сангтӯда ва Роғун, роҳи оҳани Қурғонтеппа-Кӯлоб ва заводи тиллотозакунӣ дар ҳайати Комбинати кӯҳӣ-химиявии ш. Чкаловск, инчунин ҳимоя ва тасдиқи захираҳо дар кони беназири нуқра ва полиметаллҳои Конимансури Калон.

Аз соли 2001 дар кори омӯзгорӣ – аввал дотсент, баъдтар ва то ҳоло мудири кафедраи Иқтисодиёт ва менеҷменти Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Россия.

Дастовардҳои асосӣ:

73 кори илмӣ, аз ҷумла, 5 монография, 2 китоби дарсӣ, 5 кори илмӣ-методӣ.

Солҳои 1966-1974 дар асл роҳбарии илмӣ ва техникии корҳои геофизикиро дар ҷануби Тоҷикистон ба уҳда дошт.

Дар натиҷа як қатор кону манбаҳои канданиҳои фоиданок кашф карда шуданд, аз ҷумла, конҳои нефту газ, полиметаллҳо ва ғайра.

Мукофотҳо:

орденҳои СССР – “Байрақи Сурхи меҳнат”, “Дӯстии халқҳо”; ордени ҶТ – “ Дӯстӣ”; Ифтихорномаи ҶТ, барандаи мукофоти Ҷумҳуриявии ба номи А.И.Сино дар соҳаи илм ва техника, “Муҳандиси хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон”, “Кошифи фахрии қаъри замини СССР”, “Кашфкунандаи аввалини кон”, “Аълочии кашфиёт ва муҳофизати қаъри замини СССР”, “Аълочии маорифи ҶТ”.

Қасобов Лоиқ Сафарович
17 октябри соли 1982 дар ноҳияи Исфараи Вилояти Суғд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик.

Соли 1999 Гимназия – литсейи деҳаи Ворухро ноҳияи Исфараро хатм кардааст.

Соли 2004 факултети Энергетикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимиро хатм намудааст.

Аспиранти Донишгоҳи давлатии техникии Новосибирск (солҳои 2007-2010).

Номзади илмҳои техникӣ (2010), дотсент (2011).

Аъзо-корреспондентиАкадемияи муҳандисии Тоҷикистон (2015).

Рағбати илмӣ: таҳлили реҷаҳои кории системаи энергетикӣ ва таҷҳизоти электрикӣ.
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

2004 – 2007 коромӯз – тадқиқотчии кафедраи «Неругоҳҳои электрикӣ»- и ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ.

2007-2010 аспиранти донишгоҳи давлатии техникии Новосибирск

Аз соли 2010 муаллими калон, аз соли 2011 дотсент.

Аз соли 2012 и.в.  мудир ва аз соли 2013 то имрӯз мудири кафедраи «Неругоҳҳои электрикӣ» -и ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ .

Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе (аз с. 2015),.

Дастовардҳои асосӣ:

Муаллифи зиёда аз 47 мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-методӣ, чор адад китоби дарсӣ.

Иштирокчии конференсияҳои байналмилалӣ дар давлатҳои, Россия, Белорусия, Қазоқистон, Чин, Тоҷикистон ва  Ҷопон.

Мукофотҳо:

Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи техника (2011).

Нишони аълочии маориф ва илми Тоҷикистон (2016).

Латифзода Рустам Баротович
27 ноябри соли 1960 дар деҳаи Тугараки ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон таваллуд шудааст.

Мактаби миёнаи № 11-и ноҳияи Восеъро соли 1978 тамом намудааст.

Соли 1984 Институти хоҷагии кишлоқи Тоҷикистон (ҳоло – Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон)–ро бо ихтисоси «мухандис-гидротехник» хатм кардааст.

Соли 1990 факултаи «Экологияи мухандисӣ»-и Институти кӯҳии Ленинград (ФР)-ро бо ихтисоси «мухандис-эколог» ба итмом расонидааст.

Соли 1996 дар Университети Техаси (ШМА), «Кохран Фелоушип Программ», оид ба масъалаҳои идоракунӣ ва тараққиёти мубодилаи мол такмили ихтисос намуааст

Тоҷикистонро дар конфронсҳои байналмилалӣ оид ба муҳити зист дар шаҳрҳои Стамбул (Туркия), Алма-Ато, Бишкек, Тошканд, Москва, Женева ва дигар давлатҳо муаррифӣ намудааст Аъзо – корреспонденти Академияи муҳандисии Тоҷикистон (2008).

Рағбати илмӣ:

Иқтисодиёти хоҷагии об, мелиоратсияи заминҳо, муҳити зист, худудҳои табии махсус муҳофизатшаванда, ҳифзи захираҳои об.

Фаъолияти истеҳсолӣ ва илмӣ

1984-1989 муҳандис, муҳандиси калони ПМК № 31 «ГлавТаджикводстрой» Вазорати ҳоҷагии оби Иттиҳоди Шӯравӣ;

1989-1993 сармутахассис, сардори шӯъбаи Кумитаи давлатии хифзи табиати ҶТ.

1993-2001 сармутахассиси шӯъбаҳои мелиоратсия ва сохтмони деҳот, КАС, экология ва ҳолатҳои фавқулоддаи Дастгоҳи Президенти ҶТ.

2001-2004 муовини аввали Вазири ҳифзи табиат.

2004 – 2006 годы – муовини раиси Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали ҶТ (КДҲМЗ ва ХҶ).

2006 – 2007 директори МАркази илмию таҳқиқотии захираҳои оби КДҲМЗ ва ХҶ.

Аз январи 2007 то марти 2008 года сардори Хадамоти назорати давлатии истифодабарӣ ва ҳифзи табиати Вазорати кишоварзи ва ҳифзи табиат ҶТ.

2008- 2010 сардори Идораи заҳираҳои об ва техникаи Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҶТ.

28 феврали соли 2010 вакили МН МО ҶТ интихоб шудааст. Дар як вақт роҳбари Комиссияи экологии Парламенти ҷумҳурӣ.

2013-2014 – раиси Кумиҷрояи ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон.

2014 – раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон.

Аз 1 марти соли 2015 – раиси Кумитаи МН МО ҶТ оид ба масъалҳои аграрӣ, об ва замин.

Дастоварҳои асосӣ:

Муаллифи зиёда аз 20 мақолаҳои илмӣ, 3 китоб, як ихтироот

Мукофотҳо: Бо ифтихорномаҳои Вазорати ҳифзи муҳити зист (2005), Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об (2007), Ҳизби аграрии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст (2014).

Бо «Сертификати эътирофӣ»-и АИ ҶТ (2016)

Маљидов Њамид
15 июли соли 1946 дар кишлоки Истонӣ, ноҳияи Ҳисор таваллуд шудааст.

Соли 1967 факултаи физика ва математикаи Донишкадаи Давлатии педагогии ш. Душанберо хатм кардааст.

Номзади илмҳои физика ва математика (1972),

доктори илмҳои техникӣ (1990). профессор (1991),

академики Академияи муҳандисии ҶТ (2008), академики Академияи мактабҳои олии байналмилал (2008), академики Академияи илмҳои педагогӣ ваиҷтимоии Россия (2009),

аъзои Иттифоқи журналистон (2011).

аъзо-корреспонденти Академияи байналмилалии муҳандисӣ (2015),

Рағбати илмӣ:

теплофизика ва физикаи молекулӣ, гармигузаронии моеъхо, газҳо ва ҷисмҳои сахти донагӣ.

Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

1966-1994 – лаборант,   ассистент, муаллими калон,  дотсент, мудири кафедраи физикаи умумии Донишкадаи Давлатии педагогӣ.

1994-то ҳоло – мудири  кафедраи «Асосҳои назариявии технологияи пешқадам», проректор оид ба корҳои таълиму тарбия, декани факултаи «Гумрук ва тиҷорат», сардори  департаменти таълим, мудири кафедраи «Математикаи олӣ ва фанҳои  табиатшиносӣ», профессори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (ДДТТ)

Дастовардҳои асосӣ:

Муаллифи зиёда аз 350 корҳои илмӣ, аз ҷумла 10 китоби дарсӣ, 15 корҳои илмӣ-методӣ, 25 тавсияи методӣ, 3 ихтироот ва 3 пешниҳоди ратсионализаторӣ.

Таҳти роҳбарии ӯ 1 нафар доктори илм ва 15 номзадҳои илмҳои техникӣ, физикаю математика ва педагогика рисола дифоъ намудаанд.

Мукофотҳо:

унвони фахрии «Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон», аълочии маорифи ҶТ, аълочии «Тоҷикматлубот», инфтихорномаҳои фахрии  КМ Иттифоқҳои касабаи СССР,  КМ комсомоли ҷумҳурӣ,  Вазорати маорифи ҶТ, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Тоҷикматлубот.

Максудов Анвар Темурович
03 марти соли 1964 дар  ш. Хуҷанд таваллуд ёфтааст.Соли 1989 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин хатм кардааст.

Номзади илмҳои физикаю математика (1992),    дотсент (1995)

Аъзо-корреспонденти АМ ҶТ (2000)

Академики АМ ҶТ (2015)

Рағбати илмӣ:

технологияи иттилоотӣ

Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

1984-1989 – донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин, факултети физика

1989 – лаборанти калони кафедраи Физикаи умумии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров.

1989-1991 – коромӯз-тадқиқотчии институти мутаҳидаи ядроии ш. Дубна

1991-1994 – сарлаборант, муаллими кафедраи Физикаи назариявии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд

ба номи академик Б.Ғафуров.

1994-1995- муаллими калони кафедраи Физика ва фанҳои муҳандисӣ дар Филиали Хуҷандии

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон.

1995 – декани факултаи Муҳандиси технологии Филиали Хуҷандии Донишгоҳи технологии

Тоҷикистон.

1995-1996 – И.в. директории Филиали Хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

1996-2010 – Директори Филиали Хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

2010-2014 – Директори Донишкадаи политехники Донишгоҳи техники Тоҷикистон дар ш. Хуҷанд ба

номи академик М.С. Осимӣ.

2014- то ҳол – Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров

Дастовардҳои асосӣ: муаллифи 41 маколаи илмӣ, 1 монография, 29 шаходатномахои  зеҳнӣ, сарвари лоиҳаи 53 китоби электронӣ,  рохбари 9 лоиҳаҳои байналмилалӣ.

Мукимов Рустам Саматович
18 феврали соли 1946 дар шаҳри Катта-Қӯрғони вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон таваллуд ёфтааст.

Мактаби миёнаи № 3-и ба номи К. Маркси вилояти Самаркандро тамом кардааст.

Соли 1969 Институти политехникии Точикистонро хатм намудааст.

Солҳои 1969-1970 дар сафи Армияи Советӣ хизмат намудааст, лейтенанти калон.

Номзади меъморӣ (1980, Москва), доктори меъморӣ (1991, Москва), профессор (1993)

Академики Академияи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон (1995), аъзо-корреспондент (1995) ва академики Академияи муҳандисии ҶТ (2006), академики Академияи байналхалкии меъмории давлатҳои Шарқ (Боку, 1996), ноиби аввали Президенти ААиС ҶТ (1195), аъзои президиум ААиС ҶТ (баъди бақайдгирии, декабри 2015)

Аъзои Иттифоқи меъморон (1975), дизайнерон (2004), рассомони ҶТ(2011)

Дар давлатҳои ИДМ ва Туркия, Булғория маърӯзаҳои илмӣ намудааст.

Рағбати илмӣ: Таърих ва назарияи меъморӣ, реставратсия ва азнавбарқароркунии ёдгориҳои меъморӣ ва санъати монументалии Осиёи Марказӣ.
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

1969 – ассистенти кафедраи «Меъморӣ» ИПТ;

1971-1973 – роҳбари идораи тарҳрезии ш. Душанбе назди кумитаи иҷрояи ш. Душанбе;

1973 – муалими калони кафедраи «Меъморӣ» ИПТ;

1979-1981 – муовини декани факултаи меъморию сохтмон

1981-2010 – дотсент, мудири кафедраи «Лоиҳакишии меъморӣ», «Меъморӣ», «Меъморӣ ва Дизайн»

Аз соли 1995 аввалин директори Институти илмӣ-тадқиқотии Тоҷикистон оид ба проблемаҳои меъморию шаҳрсозӣ.

2004 – президенти (раиси) Кумитаи миллии оид ба масъалаҳои ёдгориҳо ва мавзеҳои тамошобоб (айни замон Ташкилоти Ҷамъиятӣ «ICOMOS дар Тоҷикистон »)

1995-2001 – раиси Шӯрои диссертасионии ВАКи Россия назди ДТТ

Дастовардҳои асосӣ:

Муалиф ва ҳаммуаллифи зиёда аз 800 корҳои илмӣ ва илмӣ-методӣ аз ҷумла зиёда аз 20 монография 4 китобҳо, 12 дастурамали таълимӣ, ҳисоботҳои илмӣ-техникӣ ва ғ.). Дар ҳамкории ҳамкорон зиёда аз 1000 ёдгориҳои таъриху фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба китоби дуҷилдаи «Энсиклопедияи ёдгориҳои фарҳанги ориёни Осиёи Марказӣ. Тоҷикистон» чоп намуд (Душанбе, 2012 с.).

Асарҳои илмӣ да Донишгоҳи Гарвард ва Покистон ба чоп баромадааст.

Мукофотҳо:

медали Ҷумҳурии Тоҷикистон «Хизмати шоиста» (2009), нишонаи «Аълочии маорифи ҶТ» (1996), нишонаи «Устои меъморӣ» Иттифоқи меъморони Тоҷикистон, Ифтихорномаи фахрии Академияи байналмиллалии давлатҳои ИДМ (2007), Ифтихорномаи Иттифоқи дизайнерони ҶТ (2012).

Лауреати ҷоизаи давлатии ҶТ ба номи А.Рӯдакӣ дар соҳаи меъморӣ (2014).

Муродов Мақсуд (30.11.1947 – 15.04.2008)
30-ноябри соли 1947 дар деҳаи Унҷии ноҳияи Бобоҷон Гафуров дар оилаи коргар таваллуд шудааст.

Соли 1965 мактаби миёнаи №14 деҳаи Унҷиро хатм намуд.

Соли 1970 факултаи гидромелиора-тивии Институти хочагии кишлоки Тоҷикистон (холо Донишгохи аграрии Точикистон ба номи Ш.Шотемур) – ро ба итмом расонидааст.

Ӯ солҳои 1993-1995 вакили Маҷлиси вилояти Суғд  интихоб шудааст.

Соли 1998 бо гуруҳи дӯстон, ҳамроҳи завҷаашон Дилбархон оромгоҳи Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румиро да шаҳри Қуния (Туркия) зиёрат намудааст.

Аъзо-корреспонденти  Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2002).

Рағбати илмӣ: сохтмони мелиоративӣ, обёрии заминҳо, экология
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

1970 – усто,  прораби СМУ № 23 трести «Точиксеменстрой» дар  ноҳияи Масчоҳ.

1974 – сармухандиси КСМ-2,

1975 – сардори КСМ-4-и ноҳияи Зафаробод.

1985 – сармуҳандис, директори ДПС-1 -и Вазорати хоҷагии об

1986-1988 – сардори идораи сохтмони асосии иттиходияи «Главводстрой», сардори трести «Ленмелиоводстрой»

1989-1991 – сармуҳандиси трести «Ленинободводстрой»

1991-1993 – роҳбари трести сохтмони Иттиҳодияи истеҳсолии аграрии «Ленинобод»

1993 – 1996 – муовини раиси вилояти Ленинобод

1996 – 1999 – муовини аввали директори генералии КМ Тоҷикистону Канада «Апрелевка»

1999-2000 – муовини аввал, иҷрокунандаи вазифаи директори генера-лиии корхонаи «Заря Востока».

2000-2004 – директори лоиҳаи  Маркази маърифатии «Фермер».

Дастовардҳои асосӣ:

Дар сохтмон, ободсозӣ, обёрӣ ва азхудкунии заминҳо, кофтани чоҳҳо, сохтмони пойгоҳи обкашии «Дилварзин 1,2», зеристгоҳҳои шабакаи барқдиҳӣ, мактабҳо, , иншоотҳои обёрӣ дар ноҳияҳои Зафаробод, Конибодому Ашт, Кайроққум, Ғончӣ, Шаҳристон, Истаравшан, Спита-мен, Панчакенту Кӯҳистони Мастчоҳ, ҳамчунин Ҳисору Ғарм ва Данғара, даштҳои Бешкенту Қародум ва Тошравот иштирок намудааст.

Ҳаммуаллифи 2 китоб ва 16 мақолаҳои илмӣ мебошад

Мукофотҳо:

Грамотаи Президиуми Совети Олии Точикистон, Ифтихорномаҳои КМ ПК Тоҷикистон, Вазорати мелиоратсияи Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва ИҶШС.

Грамотаи фахрии Ташкилоти байналҳалкии «Экология ва саломатӣ».

Муртазоев Уктам Исматович
10 феврали соли 1954 дар шаҳри Душанбе таваллуд ёфтааст.

Соли 1971 мактаби миёнаи № 34 шаҳри Душанберо хатм кардааст.

Соли 1976 факултаи гидромелиоративии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ИХҚТ, ҳоло Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Щоҳтемур)-ро ба итмом расонидааст.

Номзади илмҳои география (1987, Белоруссия), доктор географических наук (2005, Қирғизистон).

Аъзо-корреспонденти АМ ҶТ (2011)

Рағбати илмӣ:

масъалаҳои идоракунии захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ, тадқиқоти обанборҳо.

Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

1976 – 1993 – лаборанти калон, ассистент, омӯзгори калон, досенти кафедраи факултаи Гидромедиоративии ИХҚТ.

1993-1994 – сардори шӯъбаи топографии  колледжи ҳарбии олии Вазорати мудофиаи  ҶТ.

1994-1996 –  омӯзгори калони кафедраи ташкили корҳои гидромелиоративии ИХҚТ.

1996-2003 – роҳбари тайерии пеш аз даъвати ҳарбии мактаби миёнаи қушунҳои сарҳадии Россия дар ҶТ, мудири озмоишгоҳи истифодабарии комплексии захираҳои оби ИИИ «ТоҷикНИИГиМ».

2003-2007 – досенти кафедраи таъриҳӣ хоҷагии халқ ва омӯзишҳои иқтисоди   ИЭТ.

2007 – 2014 – досент, профессори кафедраи «Асосҳои табиатшиносӣ ва географияи иқтисодӣ» -и ИЭТ,  мудир, профессори кафедраи географияи физикии донишгоҳи давлатии педагогии Тоҷикистон ба номи С. Айни.

Аз соли 2014  то ҳоло профессори кафедраи табиатшиносӣ ва фундаменталии  Филиали  Донишгоҳи Давлатии Москва ба номи  М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе.

Дастовардҳои асосӣ:

Муаллифи 106 корҳои илмӣ, аз он ҷумла 2 монография, 3 китоб, 2 дастурамали методӣ.

Зери роҳбарии ӯ 2 нафар рисолаи номзади  илмҳои география дифоъ намудаанд.

Мукофотҳо:

Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2007)

Ниёзмухамедова М.Б.
12 августи соли 1944 дар ш. Душанбе таваллуд шудааст.

Соли 1968 факултети биологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло ДДМТ)-ро хатм намудааст.

Номзади илмҳои биология (1977), доктори илмҳои биология (1997), профессор (2011).

Аъзо корреспонденти АМ ҶТ (1999), академики АМҶТ  (2011), .

Аъзои ассотсиатсияи «Хонумҳои  илми Тоҷикистон»

Рағбати илмӣ:

физиология, биохимияи растаниҳо, биотехнология, экология, селексияи растаниҳо

Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

1972-1996 – корманди хурд, калон ва пешбари илмии Институти физиология ва биофизикаи растаниҳои АИ ҶТ,

1996 то имрӯз саркорманди илмӣ, и.в. мудир ва баъдан мудири озмоишгоҳи генетикаи растаниҳои Институти физиология ва биофизикаи АИ ҶТ.

Давоми 14 сол котиби Шӯрои филиали Тоҷикистонии Умумииттифоқии ҷамъияти биохимиявӣ

Дастовардҳои асосӣ:

муаллифи  зиёда аз 100 корҳои илмӣ, 2 воситаи таълимӣ. Ҳаммуаллифи 2 монографияи илмӣ.

Таҳти роҳбарии ӯ 2 рисолаи номзадӣ ҳимоя шудааст.

Мукофотҳо:

Ифтихорномаи фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001). Аълочии Маорифи Чумхурии Точикистон (2006)

Ниязов Нурали Сафарович
21 июни соли 1965 дар ш. Норак таввалуд ёфтааст.

Соли 1982 мактаби миёнаи № 12 ш. Душанбе ба итмом расонидааст.

Соли 1987 факултаи гидромелиоративии Институти хоҷагии Тоҷикистонро хатм намудааст, мухандис-гидротехник.

Солҳои 2005-2008 дар Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия таҳсил намудааст, иқдисодчӣ аз рӯи иҳтисоси «Иқтисодиёти миллӣ».

Аъзо-корреспондентиАкадемияи муҳандисии ҶТ (2011).

Сафарҳои ҳизматӣ дар Итолиё (1990), Кувейт (2005), Эрон (2006), Афғонистон (2011).

Рағбати илмӣ:

сохтмони иншоотҳои гидротехникӣ, иқтисодиёт ва идоракунӣ.

Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

1987-1988 – мухандиси шуъбаи истеҳсолии УС «НурекГЭСстрой»

1988-1989 – устои китъаи сохтмонии НБО Помир УС «НурекГЭСстрой»

1989 – устои китъаи сохтмонии НБО Сангтуда УС «НурекГЭСстрой»

1989-1991  – муҳандиси пешбар, Сардори шӯъбаи истехсолии УС «НурекГЭСстрой

1991-1992 – муовини Сардори сохтмонии НБО Сангтуда

1992-1994 – мухандиси пешбарӣ хадамоти гидротехникии ШСХК «Барқи Тоҷик»

1994-1997 – директори ширкати «Нурафшон» оиди сохтмони НБО хурд

1997-1999 – Сардори ИЛСС «ТадЭС»

1999-2004 – Директори генералии ИЛСС «ТадЭС»

2004- то ҳоло – Директори генералӣ, Раиси Шурои директорони ҶСП «ТадЭС»

Дастовардҳои асосӣ: Дар сохтмони НБО Сангтудаи УС «НурекГЭСстрой» иштирок намудааст, дар сохтмони НОБ-и Рогун иштирок намуда истодааст.
Мукофотҳо:

Аълочии ШСХК «Барки Тоҷик» (1999), нишони фаҳрии «80-солагии ГОЭЛРО» (2004), Ифтихорномаи Президенти ҶТ (2005), ордени «Шараф» дараҷаи дуюм (2009)

Нумонов Масрур Ишанкулович
16 майи соли 1955 дар ш. Душанбе таваллуд шудааст

Соли 1973 мактаби миёнаи ш. Душанберо хатм кардааст.

1974-1975 – дар кушунҳои харбии Иттиҳоди Шӯравӣ  ҳизмат намудааст.

Соли 1983 факултаи кимиёи ДМТ-ро бо ихтисоси муаллими кимиё хатм кардааст

Мушовири АМ ҶТ аз соли 2015 аз тарафи Президиум тасдиқ гардидааст.

Рағбати илмӣ:

технологияи обкунии базалтҳо

Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

1979 –  1995 – аз  обкунанда то директори филиали Таҷрибавӣ-истеҳсолии  СКТБ  оид ба гирифтани алюминияи ОСЧ ва хӯлаҳои АИ  ҶТ.

1995-1997 – муҳандиси шӯъбаи техникии Вазорати саноати ҶТ оид ба бехатарии техникӣ

1997-2005 – корманди илмии шӯъбаи «Маводшиносӣ»-и  ИК АИ ҶТ.

2006-то ҳол – корманди калони илмии ГИЭПУ АИ ҶТ

Дастовардҳои асосӣ:

муаллифи 6 мақолаҳои илмӣ

Мукофотҳо:

Ифтихорномаи Муассисаи давлатии таҷрибавии АИ ҶТ (2015)

Нуралиев Камол
15 марти соли 1946 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таваллуд шудааст.

Соли 1964 мактаби миёнаи № 1 ш. Данғараро ба итмом расонидааст.

Соли 1969 Институти политехники Тоҷикистон (холо – Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон)-ро бо ихтисоси «сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ» хатм намудааст.

Солҳои 1969-1970 дар сафҳои Кувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ (Украина) хизмат намудааст.

Дар давлатҳои Бангладеш, Непал, Шри-Ланка, ШМА такмили ихтисос намудааст.

Соли 1980 дар Институти умумииттифоқии ПОКРУР (Украина) такмили ихтисос намудааст.

Дар конфронсҳои байналмилалӣ бахшида ба масъалаҳои об иштироки фаъолона намудааст(2005, 2008, 2015).

Аъзо-корреспонденти АМ ҶТ (2008), академики АМ ҶТ (2011).

Аъзо-корреспонденти Академияи муҳандисии байналмилалӣ (2013), академики Академияи муҳандисии байналмилалӣ (2015).

Моҳи декабри с.2015 – аъзои Раёсати АМ ҶТ интихоб гардидааст

Рағбати илмӣ:

Мустаҳкамии конструксияҳои охану бетонӣ, мелиоратсияи заминҳо, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ.

Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

Аз июл то ноябри соли 1969 – ассистенти кафедраи «Конструксияҳои охану бетонӣ»-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон.

1970-2009 – меъмори ҳукумати иҷроияи ноҳияи Дангара, сардори қитъаи сохтмон, сармухандиси ПМК № 38, сардори ПМК № 38 ноҳияи Данғара, сардори ПМК № 49-и трест «Дангараводстрой», роҳбари трести  «Дангараводстрой», муовини аввали вазири мелиооратсия ва захираҳои оби ҶТ.

Аз соли 2012 то инҷониб – корманди калони илмии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи Илмҳои ҶТ.

Дастовардҳои асосӣ:

Иштирок ва роҳбарӣ дар сохтмони нақби ирригатсионии Данғара.

Соли 2011 китоби «Захираҳои оби Тоҷикистон: ташаббусҳо, ҳолат ва дурнамо» (ҳаммуаллифон Абдусамадов М., Латипов Р.Б.).

Муаллифи 20 мақолаҳои илмӣ, 2 китоб (2008, 2011), ду ихтироот (2015).

Мукофотҳо:

Даҳҳо ифтихорномаи фаҳрӣ дорад, ғолиби мусобиқаи сотсиалистии дар ду панҷсола мебошад.

Соли 2001 аз тарафи Хукумати ҶТ бо унвони «Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадр карда шудааст.

«Сертификати эътирофӣ»-и АИ ҶТ (2016)

Нурматов Негматбой  Курбанович

21.03.1937 – 31.08. 2009

Соли 1937 дар ш. Хуҷанди вилояти  Суғд таваллуд ёфтаанд.

Соли 1960 – хатмкардаи факултети гидромелиоративии Институти ҳочагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳоло – ДАТ).

Номзади илмҳои техникӣ (1971), доцент (1975).

Доктори илмҳои техникӣ (1992), профессор (1993).

Аъзо-корреспонденти АМ ҶТ (1996), академики АМ ҶТ (1998),

Рағбати илмӣ:

технологияи объёрии нишебзаминҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,

мелиоратсияи заминҳо

Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

1963-1967- аспиранти кафедраи «Мелиоратсия»-и Институти гидромелиоративии ш. Москва

1967-1972 ходими калони илмӣ, ҷонишини сардори экспедитсияи илмӣ-тадқиқотии Тоҷикистонии қисми илмӣ-тадқиқотии ҳамин Пажуишгоҳ.

1972-1982 мудири кафедраи «Мелиоратсия ва геодезия»-и Институти ҳоҷагии қишлоқи Тоҷикистон.

1982-1983 декани факултети ғоибонаи ҳамин институт

1984-1985 ходими калони илмӣ ва докторанти Институти гидромелиора-тивии ш. Москва

1985-2002 мудири кафедраи мелиоратсия, таҷдидсозӣ ва ҳифзи заминии ДАТ ба номи Ш.Шотемур

2002-2009 профессори кафедраи мелиоратсия, таҷдидсозӣ ва ҳифзи заминии ДАТ, ҷонишини директор оид ба корҳои илмии Пажуишгоҳи «Тоҷик НИИГиМ» Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҶТ.

Дастовардҳои асосӣ

Муаллифи зиёда аз 150 асар, аз он ҷумла 3 китоби дарсӣ, 2 монография, 48 шаҳодатномаи муаллифӣ ва патент оид ба ихтироот, 15 дастурамал.

Бо роҳбарии ӯ 6 нафар рисолаи номзадӣ ва 1 нафар докторӣ дифоъ намудаанд.

Мукофотҳо:

Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии ҶТ (1986), ордени «Нишони Фахрӣ» (1988), медалҳои Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи СССР (1985, 1986), Ихтирокори шоистаи ҶТ (1989), Корманди шоистаи ҶТ (1989), медали тиллоии Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (2001).

Обидов Фатхулло Убайдович
14 январи соли 1946 дар ноҳияи Ленини Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Соли 1962 мактаби миёнаи ба номи К. Беҳзоди ноҳияи Ленинро бо медали нуқра хатм кардааст.

Соли 1967 факултети химияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро  бо ихтисоси «Химияи физикӣ» хатм кардааст.

1971-1974 аспиранти Институти химияи АИ ҶТ.

Номзади илмҳои техникӣ (Москва, 1978).

Аъзо корреспонденти АМ ҶТ (1992)

Академики АМ ҶТ (2012).

Аъзо корреспонденти АМБ (2015)

Рағбати илмӣ:

Технологияи маводҳои нимноқилии электровакуумӣ, маводшиносӣ, металлургияи металҳои тозагии хос.

Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

1967 -1968  – ассистеннти кафедраи физика ва химияи коллоидии ДДТ.

1968-1969  – хизмат дар сафи артиши Иттиҳоди Шӯравӣ.

1969-1972 – лаборанти калон, муҳандиси Институти химияи АИ ҶТ.

1976-1978- корманди хурди илмии Институти химияи АИ ҶТ.

1979-1988 – мудири озмоишгоҳи таҷрибавӣ – истеҳсолии озмоишгоҳи БМКТ Институти химияи АИ ҶТ.

1988 -1995 – директори Корхонаи истеҳсолӣ – таҷрибавӣ дар назди Шӯрои Вазирони ҶТ.

1995-1996 директори корхона, директори генералии Иттиҳодияи истеҳсолӣ – таҷрибавии «Амал»- и АИ ҶТ.

1998 – сарвари шуъбаи Тоджикгосстандарти ҶТ.

1998-1999 – директори Институти саноати Кумитаи саноатӣ ҶТ,

1999-2008 – мудири шуъбаи маводшиносии АИ ҶТ.

2008-2014 – директори Муассисаи давлатии илмӣ – таҷрибавӣ ва истеҳсолии АИ ҶТ

2014- то имрӯз мудири озмоишгоҳи истеҳсолӣ – таҷрибавии МДТИТ АИ ҶТ

Дастовардҳои асосӣ:

Муаллифи зиёда аз 80 корҳои илмӣ, 3 монография, 30 ихтироот

Мукофотҳо:

Ҷоизаи давлатии ба номи А.И.Сино (1987),

Ифтихорномаи АИ ҶТ (2016)

Петров Георгий Николаевич
27 июли соли 1940 таваллуд шудааст.

Номзади илмҳои техникӣ (1992),

доктори илмҳои техникӣ (2012),

академики Академияи байналмиллалии энергетикӣ (шуъбаи Санкт – Петербург) (1995),

Аъзо корреспонденти АМ ҶТ (1995), Академики АМ ҶТ (1998)

Аъзо корреспонденти АМБ (2003)

Рағбати илмӣ:

Лоиҳакашӣ, сохтмон, тадқиқотӣ илмӣ ва истифодаи иншоотҳои гидроэнергетьикӣ дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва хориҷа

Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

Муддати тӯлони дар системаи энергетикии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

2008-2014 мудири озмоишгоҳи институти проблемаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АИ ҶТ

Дастовардҳои асосӣ:

Муаллифи  415 корҳои илмӣ, аз он ҷумла  23 монография, ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва ихтироот. Аз оғози соли 1970 ҳамаи воситаҳои таълимии нашри ИҶШС доир ба сарбандҳо аз корҳои Петров Г.Н. иқтибос овардаанд.

Мукофотҳо:

Корманди шоистаи ҶТ, корманди шистаи РАО “ЕЭС  Россия», Ратсионалазатори фахрии Институти умумииттифоқии «Гидропроект», ихтирокори фахрии ҶТ, аълочии ШСХК «Барқи Тоҷик»

Раҳмонов Аҳмадҷон Ҷамолиддинович
10 октябри соли 1987 дар шаҳри Ваҳдат таваллуд шудааст.

1994-2005 – таҳсил дар гимназияи № 4 шаҳри Ваҳдат.

Хатмкардаи факултаи «Сохтмон ва меъморӣ»-и  ДТТ ба номи М. Осимӣ (2010).

Номзади илмҳои техникӣ (Қазон, 2015)

Мушовири АМ ҶТ (2015)

Рағбати илмӣ:

соҳаи сохтмон ва меъморӣ

Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

2010-2011 ассистент ва 2015 муаллими калони кафедраи Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандии  ДТТ ба номи М.Осимӣ.

2011-2014 аспиранти Донишгоҳи давлатии технологии Поволжск.

Дастовардҳои асосӣ:

Муаллифи зиёда аз 21 мақолаҳои илмӣ-методӣ, 1 дастури методӣ ва 5 патенти ихтироотӣ

Розиқов Зафар Абдуқаҳорович
27 декабри соли 1951 дар ш. Хуҷанд таваллуд шудааст.

Факултаи истихроч ва коркарди конҳои нефт ва гази Донишкадаи кимиёи нефт ва саноати гази ба номи академик И.М. Губкинро дар ш.Москва бо ихтисоси «Технология ва механиконидани комплексии истихроҷи конҳои нефт ва газ» (1973) ва Академияи идоракунии Федератсияи Руссияро (1992) хатм намудааст.

Доктори илмҳои техники (2004).

Доктори илми Донишгоҳи тиҷорат ва сиёсати Делавери ИМА (1999).

Академики Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1999).

Аъзои Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии ҶТ (2000-2005).

Рағбати илмӣ:

соҳаи куҳкорӣ, гидрометаллургия, хулаҳои оҳан, тозакунии металлҳои қимматбаҳо, экология.

Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

1973 дар иттиҳодияи истеҳсолии Умумииттифоқии «Тюменгазпром»-и ФР,  оператори истихроҷи газ, мухандиси басти хизмати оперативӣ-истеҳсолӣ, инструктори  шуъбаи таблигот ва ташвиқоти кумитаи шаҳрии ХКИШ-и ш.Надими вилояти Тюмен кор кардааст.

1977-1978 – технологи истихроҷи нефт, 1978-1979 -сардори шуъбаи сохтмони асосӣ

1979-1982 – муовини директори генералии иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷикнефт»

1982-1987  – муовини аввали Раиси Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Точикистон оид ба назорати бехатарии гузаронидани кор дар саноат ва назорати куҳкорӣ

1987-1988 – муовини мудири шуъбаи саноати Кумитаи Марказии ҲК Точикистон,

1988-1991- котиби кумитаи шаҳрии ҲК Точикистон дар ш.Чкалов,

1991-1995 – сардори шуъба – муовини сармуҳандис,

1995 – муовини раиси вилояти Ленинобод,

1995-1997 – муовини аввали директори генералии Корхонаи Давлатии «Востокредмет»

1995-2000 -вакили мачлиси ш.Чкалов ва мачлиси вилояти Сугд

1997-2007 – директори генералии Корхонаи Давлатии «Востокредмет»

2007-2015 – муовини ректор оид ба илм ва робитахои байналмиллалии Донишкадаи кухӣ-металлургии Тоҷикистон.

Аз октябри соли 2015-  директори института Конфутсияи назди Донишкадаи кухӣ-металлургии Тоҷикистон

Дастовардҳои асосӣ: Муаллифи 130 асарҳо ва мақолаҳои илмӣ, 2 патенти ихтироъкорӣ
Мукофотҳо:

Ифтихорномаи Комитети вилоятии Тюмени ҲКИШ, Шӯрои депутатҳои меҳнаткашон (1975), Ифтихорномаи Комитети вилоятии Кӯлобии ПК Тоҷикистон, Шӯрои вилоятии депутатҳои халқӣ (1983), Ифтихорномаи Шӯрои байнипарлумонии Ассамблеяи давлатҳои ИДМ (2005), Дорандаи ҳама нишонҳои «Шӯҳрати Шахтёрӣ» – и  ФР (1995, 1999, 2001), 5 медали ҷашнӣ.

Садыков Хисрав Ризоевич
14- майи соли 1937 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.

Соли 1956  мактаби миёнаи № 7 ш. Душанберо хатм намудааст.

1956-1961 донишҷӯи Донишкадаи политехникии Тоҷикистон (ҳоло ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ).

1964-1967 аспиранти Институти энергетикии Иваново.

Номзади илмҳои техникӣ (1968), дотсент (1972), профессор (1995).

Академики АМ ҶТ (1992)

Академики АМБ (1995)

Академики шуъбаи Тоҷикистонии АМБ мактабҳои олӣ (2004)

Рағбати илмӣ:

Сарфаҷӯии энергия ва автоматикаи ҳаракатоварҳои барқии дастгоҳҳои саноатӣ ва комплексҳои технологӣ.

Истифодаи ТАК барои такмили ояндаи маълумоти олӣ бо назардошти талаботҳои ҷаҳонӣ

Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

1961 – 1974 – ассистент, муаллими калон, дотсенти факултети энергомеханикӣ.

1974 – 1977 декани факултети энергомеханикӣ

1977- 1984 мудири кафедраи «Ҳаракатоварҳои электрикии автоматикунонидашуда ва мошинҳои электрикӣ».

1984-1987 декани факултети энергетикӣ,

1987-1990 муовини ректори оид ба илми ДТТ ба номи ак. М.С. Осимӣ

1990 – 1991 муовини вазири маорифи ҶТ

1991-2001 ректори ДТТ.

2001-2011 мудири кафедраи «Ҳаракат-оварҳои электрикии автоматикунонида-шуда ва мошинҳои электрикӣ» -и ДТТ

2011 то имрӯз – профессор кафедраи номбаршуда.

Аз соли 2003 раиси Идораи ассосиатсияи TARENA.

Аз соли 2009 аъзои кумитаи иҷроияи байналмиллалӣ оид ба тадбиқи лоиҳаи Комиссияи Аврупоии CAREN доир ба бунёди шабакаи илмӣ – таълимии Осиёи Марказӣ.

1996-1998 ҳайати комиссияи байналмиллалӣ оид ба таъсиси Донишгоҳи Байналмиллалии Осиёи Марказӣ (барномаи Оғохон).

2000 -2001 дар ҳайати гурӯҳи бахши «Маълумот» -и Ҳукумати ҶТ.

Солҳои охир раиси Ассотсиатсияи хатмкардагони ДТТ – ИПТ ва аъзои идораи Ассотсиатсияи энергетиҳои Тоҷикистон.

Дастовардҳои асосӣ:

Муаллифи зиёда аз 100 корҳои илмӣ ва таълимӣ – методӣ.

Мукофотҳо:

«Корманди шоистаи Точикистон» (1997), аълочии Макотиби олии Вазорати мактабҳои олии ИҶШС (1987), аълочии Вазорати маорифи ҶТ (1993), аълочии «Барқи тоҷик» (2007).

Саидмуродов Лютфилло Хабибуллоевич
14 сентябри соли 1959 дар шаҳри Душанбе дар оилаи ходими намоёни илмию давлатӣ таваллуд шудааст. Ӯ фарзанди яке аз арбобони намоёни илму сиёсат – марҳум академик Саидмуродов Ҳабибуло буда, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, узви вобастаи Академия муҳандисии Тоҷикистон мебошад.
Рағбати илмӣ: назарияи бизнеси байналмилалӣ, иқтисодиёти байналмилӣ,макроиқтисодиёт
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

1976-1981 – донишҷӯи Донишгоҳи Давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов

1981- ассистенти кафедраи иқтисоди сиёсии Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин

1982- коромӯз-тадқиқотчӣ дар назди факултаи иқтисодии Донишгоҳи Давлатии Москва ба ном и М.В. Ломоносов.

1983-1986- аспиранти шӯъбаи рӯзонаи Донишгоҳи Давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов.

1986-1994 – ассистент, муаллими калон, дотсенти кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон

1991 – аъзои Шӯрои иқтисодӣ дар назди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон

1994-1996 – дотсенти кафедраи муносибатҳои байналхалқии иқтисодии Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон

2002-2004 – директор ва профессори байналҳалқии ҳамкор Барномаи байналҳалқӣ – «Такмили ихтисоси муаллимони факултахои иқтисодии мактабхои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

1998-2006 – декани факултаи иқтисодии Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон

2006-2010 – мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон

2010-2015 – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

2013-2015 – раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон

2015  то имрӯз Директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ

12 декабри соли 2015 президенти Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст.

Ӯ бо маърӯзаҳои илмӣ дар конфронсҳои байналхалқӣ дар Ҷумҳуриҳои Чехия, Япония, Малайзия, Россия, Қазоқистон, Узбекистон, Ҳиндустон ва Тоҷикистон баромад намудааст

Дастовардҳои асосӣ:

мактаби махсуси илми ватании иқтисодиро дар равияи «иқтисоди кушоди хурд дар давраи гузариш» созмон додаст. Аввалин маротиба дар илми иқтисод зарурият, принсипҳо ва усулҳои амали намудани сиёсати иқтисодии превентивиро (пешгирикунандро) дар давраи гузариш ба иқтисоди бозорӣ асоснок кардааст.

То соли 2015 таҳти роҳбарии илмии ӯ 18 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя намуда, 5 нафар корҳои илмии худро идома карда истодаанд.

Муаллифи зиёда аз 140 таълифоти илмӣ ва илмию методӣ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мебошад, аз он ҷумла 11 монография ва 7 китоби дарсӣ.

Мукофотҳо: Ифтихорномаи фахрӣ-и Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои мустақил, Ифтихорномаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, медали «Хизмати шоиста», «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон», Ифтихорномаҳои фахрии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Саидов Мирзо Сибгатуллович
24-уми майи соли 1954 дар ш. Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1971 мактаби миёнаи № 38 ш. Душанберо хатм кардааст.

Солҳои 1973-1975 дар саффи Қувваҳои мусалаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Олмон хизмат кардааст. Соли 1976 ба факултаи геологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин дохил шуда, соли 1981 онро хатм кардааст.

Доктори илмҳои геология ва минералогия

Рағбати илмӣ: Омӯзиши сарватҳои зеризаминӣ, аз ҷумла обҳои нӯшокии зеризаминӣ; гузаронидани кадастри замин дар боби муайян намудани ҳодисаҳои cap задани эрозияи заминҳо, биёбоншавии заминҳо, баландшавии шурнокии заминҳо, пайдошавии ярчҳо, истифодаи оқилонаи замин, муайян намудани заминҳоӣ бекорхобида ва ба танзим даровардани онҳо; корҳои геодинамики, экзогенӣ ва муҳандисӣ-геологӣ; тадқиқоти геодинамикӣ ва дигар манбаҳои офатҳои табиӣ, аз чумла обхезиҳо, селҳо, ярчҳо, рахна гаштани оби кӯлҳо ва обанборҳо; тағйироти обу пиряхҳо, мелиоратсия, хокшиносӣ бо истифодаи аксбардории аэрокайҳонӣ ва технологияи геоинформатсионӣ
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

Солҳои 1971-1973 ба сифати устои таъмиргар дар заводи таъмири экскаватрҳо (РЭЗ) кор кардааст.

Аз соли 1981 то  соли 1991 дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳури Тоҷикистон (он вакт Маркази «Табиат») ба сифати ходими хурди илмӣ, муҳандис, муҳандиси калон, мудири кисм кор кард. Дар солҳои 1991-2003 ба сифати мудири лаборатория кор кардам.

Соли 2003 ва то ин ҷониб директори Маркази илмию тадкикотии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳури Тоҷикистон  таин гардид.

Дастовардҳои асосӣ: 85 маколаҳои илмӣ, ду монография ва як дастурамал.

Аввалин маротиба таҷдиди ҳодисаҳои муҳими давраи навин ва муосири таърихи геологӣ гузаронида шуда, хисоби суръат ва шиддатнокии ҳаракатҳои навин ва муосир,  мувофиқати фазоӣ ва муваққатии лағжиш ва ошкор  кардани сейсмикӣ барои полигонҳои геодинамикии Тоҷикистон, аз ҷумлда НБО Норак, НБО Роғун, Сангтуда-1, Файзобод дода шуд, ки ба таъмин кардани бехатарии объектҳои гидротехникӣ аз ошкории ҷараёнҳои табиӣ фаъоли геологӣ равона карда шудааст. Натиҷаи ҷудогонаи корҳо дар истеҳсолот дар марҳилаи лоиҳабандии обанборҳо дар дарёҳои Вахш, Мурғоб  (Сарез), туннели Чормағзак ҷорӣ кунонида шуданд. Дараҷаи татбиқ зиёда аз 15 адад

Мукофотҳо:
Саидов Рахматулло Сафарович
24 марти соли 1953 дар ноҳияи Варзоб таваллуд шудааст.

Мактаби миёнаро  соли 1970 ва факултети геологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро, аз рӯи ихтисоси муҳандис геолог соли 1975 хатм кардааст.

Узви вобастаи Академияи муҳандисии Тоҷикистон (2010)

Рағбати илмӣ:

тадқиқотҳои муҳандисию геологии равандҳои табиии физикию геологӣ, сарбандҳои сунъии иншоотҳои гидротехникӣ, инчунин бехатарии экологии объектҳои саноатӣ, шаҳрвандӣ ва иҷтимоӣ.

Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

Солҳои 1975-2001 – муҳандис-геолог, сардори гурӯҳи геологӣ, сармутахас-сис, сармуҳандиси пажуҳишгоҳи кофтуковҳои муҳандисӣ-техникии “ТоҷикГИИНТИЗ”-и Комитети меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҶТ.

Аз соли 2001  то ҳол  директори ҶСК “ТоҷикГИИНТИЗ”.

Барои гузаронидани корҳои омӯзишии муҳандисию геологӣ дар объекҳои  Комплекси истеҳсолии Ҷануби Тоҷикистон (Химкомбинати Ёвон, заводи алюмини тоҷик, НБО-ҳои Нурек ва Роғун, заводи креолитовии Ёвон ва ғайра), дар объектҳои муҳими давлатии сохтмони гражданӣ (Нишони миллӣ, Парчами миллӣ, Нишони миллӣ, ҳайкали И.Сомони, роҳҳои оҳани Душанбе -Ваҳдат,  Ёвон – Қӯрғонтеппа ва ғайра) иштирок намудааст.

Дастовардҳои асосӣ:

24 адад корҳои нашршуда, аз ҷумла, 12 мақолаи илмӣ, 8 дастури методӣ ва 4 шаҳодатномаи муаллифӣ барои ихтирокорӣ. Ҳаммуаллифи луғати  англисӣ-тоҷикӣ-русӣ оид ба геологияи муҳандисӣ, механикаи хокҳо, асосҳо ва таҳкурсиҳо

Мукофотҳо:

Зарбдори ҷавони панҷсола (1982), Ифтихорномаҳои фахрии Комитети давлатӣ оид ба сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон (1984, 1988, 2003).

Саломов Нусратулло Ғафурович
14 феврали соли 1943 дар шаҳрчаи  Навободи ноҳияи Ғарм (ҳоло Рашт) ба дунё омадааст.

Соли 1950-1958 дар мактаби деҳаи Навобод хондааст. Баъдан оилаи онҳо ба Душанбе кӯчиданд.

Соли 1960 мактаби миёнаи №25 ш. Душанберо бо медали нуқра  хатм намудааст.

Соли 1965  факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии  Тоҷикистонро  бо касби  «физик, муаллими физика» хатм намудааст

Номзади илмҳои физикаю матеатика (Москва, 1974).

Аъзо кореспонденти АМ ҶТ(2012)

Рағбати илмӣ:

мониторинги сейсмо-геофизикии Тоҷикистон, моделкунонии физикии равандҳои сейсмикӣ ва омӯзиши сейсмикиети ҳудуди Тоҷикистон.

Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

Аз с. 1967 муҳандис-тадқиқотчии Институти Тоҷикистонии сохтмони сейсмикӣ тобовар ва сейсмологияи  (ИТССС) АИ ҶТ.

1973-1976- сарвари  озмоишгоҳи физикаи заминларзаи Институти ИТСС

Солҳои 1977-1978 сафари хидматии илмӣ ба Афғонистон (роҳбари экспедитсияи  сейсмологии якуми Тоҷикистон).

Солҳои 1979-1983 мудири  озмоишгоҳи физикаи заминларза.

Солҳои 1984-1991 сардори экспедитсияи таҷрибавӣ- методии географии (ЭТМГ) институт бо 530 корманд.

Соҳои 1992-1996 – мудирии  озмоишгоҳи физикаи заминларзаи институти ИТССС (с.

Солҳои 1997-2001 сардори ЭТМГ

Солҳои 2002-2003 – сарвари озмоишгоҳои тадқиқотии сейсмо-геохимикӣ

Солҳои 2004-2010 муовини директор оид ба илм

Аз соли  2011 то ба ҳозир корманди илмии пешбари институти геология, сохтмони сейсмикӣ, тобовар ва  сейсмологияи АИ ҶТ (ИГССС АИ ҶТ).

Дастовардҳои асосӣ:

100 мақолаи илмӣ, тезису ҳисоботҳо, 2 монография, 2 ихтироот,  муҳаррири илмии 3 маҷмӯаи маводи конференсияҳои  байналмиллалӣ.

Мукофотҳо:

Ифтихорномаҳои институт, КМ ПК Тоҷикистон, Шӯрои Вазирон, Иттифоқи касаба ва КМ КЛИҶ

Тоҷикистон.

Ифтихонома ба шарафи  100 солагии В. И. Ленин, «Ғолиби мусобиқаи  сотсиалистӣ», «Зарбадори панҷсола» .

Салоҳиддинов Қутфиддин Садриддинович
13 сентябри соли 1965 дар ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмони ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд таваллуд шудааст.

Соли 1982 мактаби миёнаи умумии № 13 деҳаи Зарнисори ноҳияи Ғончиро хатм намудааст.

Соли 1985 омӯзишгоҳи  техникӣ-оташнишонии ВКД СССР-ро дар шаҳри Алма-Ато хатм кардааст.

Соли 1990 мактаби олии мухандисии оташнишонии шаҳри Тошкандро хатм кардааст.

2004 – курсҳои тайёрии мубориза бар зидди терроризм (штати Ню Мексикои ИМА)

2010 – курсҳои тайёрии ҳайати роҳбарикунандаи Академияи ВКД ҶТ

Аъзо-корреспонденти Академияи Мухандисии ҶТ (2015)

Рағбати илмӣ:

Бехатари аз сухтор, тараққии техникаи оташнишонӣ

Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

1985-1986 – сардори басти навбатдории Қисми ҳарбикунонидашудаи  оташнишонии шаҳри Ҳуҷанд

1990-2001 –Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд

2001-2008 – муовини сардори Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд

2008 – то ин ҷониб – муовини аввали сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамзамон аз соли 2011 – то ин ҷониб – муаллими калони Академияи Вазорати корҳои дохилии ҶТ.

Дастовардҳои асосӣ:

12 корҳои илмӣ, аз он ҷумла 1 китоб (дар ҳаммуаллифӣ), 3 дастурамал

Мукофотҳо:

Медали «Хизмати шоён» дараҷаҳои I, II ва III (2008), аълочии ВКД ҶТ (2010), медал ба муносибати 80 солагии милитсия (2014), медали ВКД ҶТ (2015).

Сафаров Махмадали Махмадиевич
5 маи соли 1952 дар шаҳри Норак таваллуд шудааст.

Соли 1969 мактаби миёнаи № 5 ш. Норакро хатм намудааст.

Соли 1974 факултети физикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Т.Г. Шевченкоро   аз рӯи ихтисоси муаллими физикаю математикаи мактаби миёна хатм намудааст.

Номзади илмҳои техникӣ (1986), дотсент (1991), доктори илмҳои техникӣ (1994) аз рӯи ихтисоси физикаи гармӣ ва физикаи молекулӣ, профессор (2007).

Академики академияи Ню-Йорк (1996), академики Академияи муҳандисии ҶТ (2008), аъзо-корреспонденти Академияи муҳандисии байналмиллалӣ (2011), академики Академияи байналмиллалӣ Сард (2012).

Дар Донишкадаи кушодаи Сорос (Венгрия, 1999), Пажуҳишгоҳи тадқиқотии омӯзиши хосиятҳои моддаҳо (ИМА, 2001) ва Донишкадаи политехникии ш. Теҳрон (Эрон, 2005) такмили ихтисос намудааст.

Бо маърузаҳои илмӣ дар ИДМ ва хориҷи дур баромад кардааст: Франсия (1996, 2008), Германия (1997, 2001, 2008), Венгрия (1999, 2007, 2009, 2011), Италия (1999), ИМА (2000, 2003, 2007, 2009), Эрон (2005, 2008), Хитой (2007), Санкт- Петербург (2005, 2012, 2014), Тотористон (2009 ,2014), Доғистон (2008, 2012, 2013) ва ғайраҳо.

Рағбати илмӣ:

ҳодисаҳои гузариш дар ҷисмҳои сахт, хӯллаҳо, моеъҳо, маҳлулҳо, газҳо, моеъҳои магнитӣ бо истифодабарии таҷриба ва назарияи физикӣ ва моделронӣ дар компютер, ҳамчунин методҳои акустикӣ ва нанотехнология

Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

1975-1994 – Донишгоҳи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Қ.Ҷураев

1981-1984 – аспиранти шуъбаи ғоибонаи Донишкадаи механика ва оптикаи дақиқ ш. Ленинград (ҳоло – Санкт-Петербург).

1984-1998 – Донишгоҳи технологии Тоҷикистон;

1998-2010 – мудири кафедраи «Техникаи гармо ва таҷҳизотҳои гармидиҳӣ» ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ

2010 -2014 – директори иҷроияи филиали Донишгоҳи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе.

Узви доимии Комитети ташкилии байналхалқии мактаби физикаи гармӣ (ш. Тамбов, Федератсияи Россия).

Муҳлати кории педагогӣ дар мактабҳои олӣ 40 солро ташкил медиҳад

Дастовардҳои асосӣ:

Муаллифи 954 корҳои илмӣ, аз ҷумла 800 мақолаҳо илмӣ, 14 монография, 40 маводи таълимӣ, 46 ихтироот, ки  онҳо дар иҷроиши корҳои илмӣ истифода мешаванд.

Васоити таълимӣ «Асосҳои гармофизика» (бо ҳаммуаллифии Маҷидов Ҳ., Солиев Т.Х., 1996), «Маълумотномаҳо оиди гармигузаронии моеъҳо ва газҳо» (Варгафтик Н.Б., Филлипов Л.П., Тотский Е.Е. ва ғайра – М: Энергоатомиздат, 1990)

Бо роҳбарии ӯ 2 рисолаи доктори илм ва 22  номзади илм ҳимоя гардидааст.

Мукофотҳо:

Аълочии маорифи ҶТ (1992), медали “Хизмати шоиста” (2006), медали тиллои ISESCO (2008), медали тиллои ба номи В.И. Блиников (2009), Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (2015)

Сафаров Фузайл Метинович
05 феврали соли 1958 дар ноҳияи Исфараи вилояти Суғд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик.

Соли 1975 мактаби миёнаи деҳаи Ворухи ноҳияи Исфараро хатм кардааст.

Соли 1983 факултети механикӣ –технологии Институти политехникии Тоҷикистонро (ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ) хатм намудааст.

Аспирантураи Институти илмӣ- таҳқиқотии саноати пахтатозакунии Вазорати саноати сабуки ИҶШС – ро дар шаҳри Тошканд соли 1991 хатм кардааст.

Номзади илмҳои техникӣ (2006, Кострома), дотсент (2010).

Аъзо-корреспондентиАкадемияи муҳандисии Тоҷикистон (2015).

Рағбати илмӣ: такмилдиҳии раванди технологии коркарди нахҳои табиӣ
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

Фаъолияти кориашро пас аз хатми Донишкадаи политехникии Тоҷикистон дар соли 1983, аз рӯи ихтисоси  «Мошинҳо ва дастгоҳҳои саноати бофандагӣ», тахассуси “Коркарди аввалини пахта”  ҳамчун ассистенти кафедраи «Технология, мошинҳо ва дастгоҳҳои коркарди аввалини пахта»   оғоз кардааст.  Аз ҳамон сол сар карда, дар вазифаҳои ассистент, ходими хурд ва калони илмӣ, муаллими калон, дотсент кор карда, аз сентябри соли 2007 иҷрокунанадаи вазифаи  мудир ва аз августи соли 2008 мудири кафедраи «Технология ва таҷҳизоти  коркарди пахта» – и  Донишгоҳи техникиии Тоҷикис-тон ба номи академик М.С. Осимӣ мебошад.

Ҳамзамон аз соли 2010 котиби Шӯрои олимони Донишгоҳи техникиии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ мебошад.

Дастовардҳои асосӣ:

Муаллифи зиёда аз 170 мақолаҳои илмӣ ва дастурҳои таълимӣ-методӣ, 8 их-тирооти Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди такмили техника ва технологияи коркарди пахта мебошад. Иштирокчии як қатор кон-ференсияҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ дар Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон мебошад.

Натиҷаи корҳои ба сомон расидааш дар як қатор корхонаҳои пахтатозакунии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, институт-ҳои лоиҳакашии соҳа васеъ истифода шуда, дар китобҳои дарсӣ, дастурамалҳо, ҳуҷҷатҳои меъёрӣ – технологии соҳа дарҷ гардидаанд ва дар раванди хониш истифода мешаванд.

Мукофотҳо: Аълочии Маорифи Тоҷикистон. Ифтихорномаҳои КМ ЛКСМ Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикис-тон дар солҳои 2008-2009.
Сирожев Бахром
3 марти соли 1940 дар ш. Уротеппа (ҳоло – Истаравшан) таваллуд шудааст. То синфи 8 дар зодгоҳ, дар  мактаби № 1 ба номи М.Горкий таҳсил карда, соли 1957 дар ноҳияи Шаҳринав мактаби миёнаи № 1 ба номи Н.Островский-ро бо медали нуқра хатм намудааст.

Соли 1963 Донишкадаи политехникии Ленинград ба номи Калининро бо ихтисоси “Техникаи шиддатҳои баланд” хатм намудааст.

Соли 1976 дар ш. Москва рисолаи илмиро ҳимоя намуда сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ гардидааст.

Солҳои 1981-1983 дар Академияи хоҷагии халқи назди Шӯрои Вазирони СССР аз рӯи ихтисоси “Иқтисодиёт, ташкил, идоракунӣ ва   банақшагирии хоҷагии халқ” таҳсил намудааст.

Аъзо-корреспонденти Академияи муҳандисии СССР (1990), академики Академияи байналхалқии муҳандисӣ (1992)

Академики АМ ҶТ аз рӯзи ташкилёбиаш (1993) мебошад (дипломи № 2).

Аъзои Президиуми АМ ҶТ, Раиси фахрии ассотсиатсияи энергетикҳои Тоҷикистон мебошад.

Рағбати илмӣ:

электроэнер-гетика, гидроэнергетика

Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

Фаъолияти меҳнатиро соли 1963 аввал ҳамчун лаборанти калон дар Шӯъбаи энергетикаи АИ РСС Тоҷикистон, баъдтар – муҳандиси корҳои бакорандозию батанзимдарорӣ дар Тоҷикглавэнерго оғоз кардааст.

Аз ноябри соли 1963 то маи соли 1965 – сармуҳандиси муассисаи Ҷанубии шабакаҳои электрикии Системаи энергетикии ҶТ.

Солҳои 1965-1981 – Муовини сардори Тоҷикглавэнерго.

С. 1983, баъди хатми Академияи хоҷагии халқ (ш.Москва), сардори  Тоҷикглавэнерго таъин шудааст.

Солҳои 1993-2001 – Раиси Ширкати давлатии энергетикии “Бақи Тоҷик”.

Депутати Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон солҳои 1987-1990 аз ҳавзаи интихоботии Дарвоз (Ванҷ). Вакили мардумии ҶТ солҳои 1990-1995 аз ҳавзаи интихоботии Норак.

Иштирокчии Иҷлосияи 16-и Шӯрои Олии ҶТ. Ду маротиба аъзои Комитети марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон интихоб шудааст (1985-1991).

Ҳоло ҳамчун машваратчии ТАЛКО кор карда истодааст

Дастовардҳои асосӣ:

муаллифи зиёда аз 40 кори илмӣ.

Солҳои 1984-1988 роҳбарии сохтмон ва баистифода супории НОБ Бойғозӣ, аз нав муҷаҳҳаз гардонии техникӣ ва азнавсозии гидротурбинаҳо ва гидрогенератор-ҳои НОБ Норакро ба уҳда дошт.

Дар давраи роҳбарии ӯ (солҳои 1983-2001) тавоноии муқарраршу-даи системаи энергетикӣ 26%, шумораи хатҳои ноқилҳои ҷараён ва зеристгоҳҳои систематашкилкунан-да 40% афзун гардида, сохтмони НОБ Роғун идома ёфт, бунёди ш. Роғун амалан ба итмом расид.

Соли 1985 по пешниҳоди ӯ, дар марҳилаи лоиҳакашӣ, НОБ Сангтуда  ба  НОБ Сангтуда-1 ва  НОБ Сангтуда-2 ҷудо карда шуд ва ин имкон дод, ки шаҳраки Сангтуда, маҳалҳои аҳолинишини атрофи он ва заминҳои зироаткорӣ аз зериобмонии банақша гирифташуда нигоҳ дошта шаванд.

Соли 1994 дар Лиссабон, дар ҷаласаи иштирокчиёни Аҳдномаи  энергетикии ҷаҳонӣ, бо пешниҳод оид ба қабули қарори алоҳидаи про-токолӣ дар бораи транзити энергияи электрикӣ дар доираи Аҳдномаи энергетикӣ баромад карда ба ворид-кунии он ба аҳднома ноил гардид.

Солҳои 2011-2015 ҳамчун сармашваратчии Гурӯҳи амалисозии лоиҳаои энергетикии назди Президенти ҶТ дар гузаронидани экспертизаи байналхалқии НОБ-и Роғун ҳиссаи арзанда гузошт.

30 октябри соли 2000 дар Женева, дар 25-ӯм Созишномаи байналхалқӣ системаи энергетикии “Барқи Тоҷик” дар шахси Сирожев Б. бо мукофоти “Ситораи тилло барои сифат ва афзалият”  қадрдонӣ гардидааст.

Мукофотҳо:

Ду ордени “Нишони фазрӣ”(1971, 1981), медали “Барои хизмати шоиста. Ба муносибати 100-солагии В.И.Ленин”(1970). Унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон” (1998), Ифтихорномаҳои фахрии Президиуми Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон (1980 – барои ба истифода додани агрегатҳои НОБ Норак, 1986 – ба муносибати 50-солагии системаи энергетикии  РСС Тоҷикистон), медали хотиравии “10-солагии иҷлосияи 16-ӯми Шӯрои Олии ҶТ” (2002). Аълочии Энергетика ва электрофикатсияи СССР (1967), Ветерани энергетикаи Россия (1995), Энергетики фахрии Украина (2010).

Тошматов Маҳмуд Негматович
30 маи соли 1960 дар деҳаи Ашти ноҳияи Ашт дар оилаи хизматчӣ таваллуд шуд

1977-1980 – донишҷӯи факултети «Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ»-и Донишкадаи политехникии

Тоҷикистон

1980-1982 донишҷӯи Донишкадаи сохтмонӣ-муҳандисӣ (ш. Киев)

1984 – 1987 – аспиранти Донишкадаи муҳандисӣ- иқтисодии ш. Ленинград. Номзади илми иқтисод,

профессор,  аъзо – корреспонденти Академияи муҳандисии Ҷумхурии Тоҷикистон (2007)

Рағбати илмӣ:
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

1982-1984 – ассистенти кафедраи «Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар сохтмон»-и Донишкадаи

политехникии Тоҷикистон

1988 – ассистенти кафедраи «Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар сохтмон»-и Донишкадаи политехникии

Тоҷикистон

1988 -1991 – мудири сектори Пажуҳишгоҳи марказии илмӣ- тадқиқотии иқтисодиёт ва идоракунӣ

дар сохтмони Кумитаи давлатии сохтмони ИҶШС

1991 – 1996 – муаллими калон, и.в. дотсент, дотсент, и.в. мудири кафедраи «Технология ва

ташкили истеҳсолоти сохтмон»-и  Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон

1996 – 2000 – мудири кафедраи «Иқтисодиёти корхона ва фаъолияти соҳибкорӣ»,  сардори

департаменти «Иқтисодиёт ва бизнес»,  сардори «Маркази тадқиқотҳои иктисодӣ ва таълим»

2000 – декани факултети «Иқтисодиёт» Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

2001 – 2007  – декани факултети «Муҳандисӣ-иктисодӣ»  Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

2007 – 2009 – декани факултети «Иқтисодиёт ва менеҷмент»-и Донишгоҳи технологии Точикистон

2009 то имрӯз – ноиби авввал – ноиби  ректор оид ба корҳои таълим ва идораи сифати таҳсилоти

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

Дастовардҳои асосӣ: Муаллифи 5 китоб ва 8 дастурҳои методии ва таълимӣ,  92 мақолаҳои илмӣ

Таҳти роҳбари ӯ 2 нафар рисолаи нозадии худро ҳимоя намудаанд. Дар айни ҳол  роҳбари 6 нафар аспирантон ва унвонҷӯён мебошад.

Мукофотҳо: Аълочии маорифи Чумхурии Точикистон (2000). Ифтихорномаҳои Вазорати энергетика ва саноат ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Файзуллоев Фаттох Набиевич
15 марти соли 1950 дар  ш. Душанбе таваллуд ёфтааст.

Хатмкардаи Университети Давлатии Тоҷикистон ва Мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошкант.

Академики Академияи муҳандисииҶумҳурии Тоҷикистон (1999)

Рағбати илмӣ:

тараққиёти сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

1968-1973 донишҷӯи Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон.

1970-1978 – коргар, молшинос, иқтисодчии Ҷамъияти Матлуботи ноҳияи Вахш.

1976-1984 – инструктор мудирияти корҳои Кумитаи Марказии комсомолии ҷумҳурӣ

1984-1989 – мудирияти корҳои Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон

1989-1995 – раиси Шурои сайру сайёҳати Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон

1995-2015 – директории генералии ҶДММ «Тоҷикавиатур»

2006-то инҷониб – раиси Ассотсиатсияи туризми ҶТ

2013- то инҷониб – раиси Асотсиатсияи туризми Осиёи Миёна

Дастовардҳои  асосӣ:

2 дастурамал оид ба тараққиёти сайёҳӣ

Мукофотҳо:

Ифтихорномаҳои КМ Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон

Фузайлова Матлуба Самадовна
8 июли соли 1958 дар ш. Кӯлоб таваллуд ёфтааст.

1966-1970 – дар мактаби миёнаи № 1 ба номи Чкалов ш. Кӯлоб таҳсил намуда,

соли 1976 мактаби миёнаи № 49 ш. Душанберо тамом кардааст.

Соли 1981 хатмкунандаи  факултаи механикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) бо ихтисоси «математикаи амалӣ».

2003-2006 – аспиранткаи Донишгохи давлатиии тиҷорати Тоҷикистон

Машваратчии Академияи мухандисии Ҷумхурии Тоҷикистон (2006), аъзо-корреспонденти АМ ҶТ (2015)

Рағбати илмӣ:

иқтисодиёти хоҷагии об, ҳифзи муҳити зист

Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

1979-1981 – оператори МСЭ Маркази иттилоотӣ-ҳисоббарории ДДТ ба номи В.И. Ленин

1981-1984 – муҳандис-барномасози Маркази ҳисоббарории Вазорати ҳоҷагии кишлоки ҶТ

1984-1994 – сардори смена, мухандиси дараҷаи якум Маркази хисоббарории чумхуривии назди Идораи таъминоти давлатии ҶТ

1994-1995 – сармухандис оид ба компютеризатсия филиали ҶСК «Ориенбонк» дар ноҳияи Фрунзе

(ҳоло – Сино)

1998- 2006 – лаборанти калон, ассистенти кафедраи «Менеҷмент», муаллима, муаллимаи калони

кафедраи «Системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт»-и Донишгохи давлатиии тиҷорати Тоҷикистон.

2006- то ҳоло – мухандис-барномасози Мудирияти технологияҳои иттилоотӣ ҶСК«Агроинвестбонк»

Дастовардҳои асосӣ:

муаллифи 18 корҳои илмӣ, 2 дастур-амалӣ методӣ

Мукофотҳо:

Ифтихорномаи академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2016)

Хабибуллоев Хабибулло Хайруллоевич
17 марти соли 1967 дар шаҳраки Бӯстон, ноҳияи Мастчоҳ, вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шуд.

Соли 1984 мактаби миёнаи № 1 шаҳраки Бустони ноҳияи Масчоҳро хатм намудааст.

Соли 1984 ба шӯъбаи рӯзонаи факултети Автомобилию роҳсозии донишкадаи политехникии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ).

1985-1987 дар Қувваҳои Муссалаҳи Иттиҳоди Шуравӣ дар ш. Енисейски минтақаи Красноярск хизмат намуд.

Соли 1987, баъд аз хизмат, дар донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ барқарор намуда, онро соли 1991 хатм карам.

1994-1999 аспиранти донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ

Номзади илмҳои иқтисодӣ (1999), дотсент (2001)

Мушовири академии Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2000), аъзо-корреспонденти АМ ҶТ (2004).

Рағбатӣ илмӣ:

Тадқиқоти иқтисодии тарақиёти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ;

Тадқиқотҳои маркетингӣ ва муайян намудани рақобатпазирии корҳои нақлиётӣ;

Логистика дар низомҳои гузориши маҳсулот;

Масъалаҳои тарақиёти нақлиёт дар низоми бехатарии иқтисодии ҶТ

Ҷалби захираҳои сармоявии соҳаи нақлиётии ҶТ;

Масъалаҳои азнавсозӣ ва баланд бардоштани самаранокии тарақиёти низоми нақлиётии ҶТ

Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

1991 ассистенти кафедраи «Иқтисодиёт, ташкил ва идора дар нақлиёти автомобили»-и донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ

2002-2008 мудири кафедраи «Иқтисодиёт ва идора дар нақлиёт»

2008-2014 – ноиби ректори донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ оид ба масъалаҳои робитаҳои байналмилалӣ.

2014 то ҳол – декани факултети «Идора ва сохтмони нақлиётӣ»

Дастовардҳои асосӣ:

Муаллифи 117 корҳо мебошад, аз он ҷумла: 81 кори илмӣ ва 36 корҳои таълимию методӣ мебошад.

Мукофотҳо: Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хакимов Рауф Орипович
1 декабри соли 1958 дар деҳаи  Қалъаи Эшони ноҳияи Ғончӣ таваллуд ёфтааст. Мактаби миёнаи № 14-и ноҳияро соли 1976 хатм намудааст.

Соли 1976 ба факултаи «Сохтмонӣ -меъморӣ»-и Донишкадаи Политехникии Тоҷикистон ба ихтисосӣ «Обтаъминкунӣ ва обпартоӣ» дохил шуд. Соли 1979  ба таври гузариш ба Донишкадаи мухандисӣ-сохтмонии ш. Киев (Украина) хонданро давом дод ва соли 1981 онро хатм намуд.

1985-1989 – таҷрибаомӯз, аспиранти Донишкадаи муҳандисӣ – сохтмонии ш. Москва.

Номзади илмҳои техникӣ (1989).

Таҷрибаомӯзӣ оид ба Технологияи обтаъминкунӣ ва ҳифзи муҳити зист дар ШМА (2000).

Аъзо-корреспонденти академияи Мухандисии ҶТ (2012).

Рағбатӣ илмӣ:

обтаъминкунӣ ва обпартов, ҳифзи муҳити зист, таҷхизот ва иншоотҳо оид ба тоза намудани обҳои табиӣ.

Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

1981-1984 – ассистенти кафедраи ВиК ДПТ.

1985-1989 – стажёр, аспиранти кафедраи «Обтаъминкунӣ»-и донишкадаи муҳандисӣ-сохтмонии ш. Москва.

1989-1993 – ассистент, муаллими калон, и.в. доценти кафедраи ВиК ДПТ.

1994-2000 – директори генералии иттиходияи «Тоҷикводоканал».

2000-2004 – мутахассиси пешбар оид ба обтаъминкунии Лоиҳаи «Обтаъминкунии ш. Душанбе», ки аз тарафи Бонки Умумиҷаҳонӣ маблағгузори карда шудааст.

2005- то ҳоло – директори ПОО «R-CO», ки оид ба таъмини таҷҳизотҳои обтаъминкунӣ ва канализатсия махсусгардонидашуда барои маҳалҳои аҳолинишини ҶТ.

Дастовардҳои асосӣ:

Муаллифи 18 кори илмӣ.

Солҳои 2000-2004 дар Лоиҳаи барқароркунии ҳавзи обтаъминкунии шабонарӯзии (ҲОШ) ш. Душанбе

Мукофотҳо:

Бо Ифтиҳорномаҳои Донишкадаи политехникии Тоҷикистон (1992), Вазорати ҳоҷагии манзили-коммуналии Тоҷикистон (1998),

Хамидов Комилджон Абдурауфджанович
3 ноябри соли 1957 дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт таваллуд шудааст.

Соли 1974 мактаби миёнаи №2-и ноҳияи Аштро тамом кардааст.

Соли 1979 факултети сохтмони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимиро хатм намудааст.

Соли 1988, баъди хатми апирантура, рисолаи номзади илми техникиро дар Донишгоҳи давлатии сохтмони шаҳри Москва ҳимоя кардааст.

Дар шаҳрҳои Қоҳира (Миср,1996), Тошканд (2005) ва Йокогама (Япония, 2005) ихтисоси худро такмил додааст.

Узви вобастаи Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1995).

Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати 5.

Рағбати илмӣ:

Тадқиқотҳои назариявӣ барои такмил додани методҳои ҳисобкунӣ ва таъминкунии рӯшноии табии биноҳои истеҳсолӣ.

Таҳияи китобҳои дарсӣ ва воситаҳои таълимӣ аз фанни Меъмории биноҳои шаҳрвандӣ ва саноатӣ барои донишҷӯёни ихтисосҳои сохтмон.

Иштирок дар тайёр кардани ҳуҷҷатҳои меъёрӣ доир ба лоиҳакашии меъморию сохтмонӣ ва тарҷимаи адабиёти меъёрӣ ва таълимӣ ба забони тоҷикӣ.

Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

Фаъолияти илмӣ-омӯзгорӣ: солҳои 1991-2012 – дотсенти кафедраи “Меъмории биноҳои шаҳрвандӣ ва саноатӣ”; баъдтар “Сохтмон ва хоҷагии шаҳр”; соли 2012 то ҳозир – мудири кафедраи “Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ”-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ.

Фаъолияти маъмурӣ: с. 1989-2001 – муовини декани робитаҳои байналхалқӣ; с. 2001-2008 – Директори комплекси таълимию истиқоматии шаҳрвандони хориҷӣ; с. 2008-2012 – муовини сардори Идораи робитаҳои байналхалқӣ.

Дастовардҳои асосӣ:

Иштирок дар амалӣ кардани лоиҳаҳои зерини Бонкҳои Ҷаҳонӣ ва Осиёии рушд (с. 2004 – 2008):

барқароркунии пойгоҳҳои обкашӣ ва шабакаҳои обёрикунии  ноҳияҳои Фархор, Панҷ, Ашт, Ваҳдат ва Рушон;

барқароркунии пойгоҳҳои обкашии зинаи 1-ӯми системаи бообтаъминкунии ш. Душанбе ;

азнавсозии системаи оби нӯшокии шаҳри Кулоб ба муносибати ҷашни 2700-солагии шаҳр – роҳбари ширкати сохтмонӣ; татбиқи  дастгоҳи компютерӣ барои кафшери қубурҳои полиэтиленӣ (аввалин бор дар Ҷумҳурӣ).

Муаллифи 4 воситаи таълимӣ ва зиёда аз 60 корҳои илмӣ ва илмию методӣ (мақолаҳо, фишурдаҳо, меъёрҳо ва қоидаҳои сохтмон).

Мукофотҳо: Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010); Ифтихорномаҳои фахрии ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ.
Хасанзода Хомид Усмонович
1 июни соли 1960 таввалуд шуд. Хатмкунандаи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳоло – Донишгоҳи  аграрии Тоҷикистон), муҳандис-гидротехник (1982).

Аъзо-корреспонденти АМ ҶТ (2005)

Рағбати илмӣ:

Обёрии заминҳо ва сохтмони иншоотҳои гидротехникӣ

Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

1982-1984 устои КСМ № 9 трести «Душанбеводстрой», ноҳияи Ленин

1984-1986 прораби КСМ № 9

1986-1991 котиби комитети комсомолии колхози ба номи В. Ленин, ноҳияи Ленин

1991-1994 – ҷонишини Раиси колхоз

1994-2001 – сармуҳандиси Идораи таъминоти истеҳсолии Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Тоҷикистон

2001-2002 сардори Идораи таъминоти истеҳсолии Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии об

2002-2004 роҳбари татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии фаврии системаи обрасонии Ёвон», шаҳри Душанбе

2004-2006 муовини Вазири мелиоратсия ва ҳоҷагии оби ҶТ

2006-2013 муовини Вазири мелиоратсия ва заҳираҳои оби ҶТ.

2013-2015 директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Хукумати ҶТ

Дастовардҳои асосӣ:

муаллифи 12 мақолаҳои илмӣ ва 2 дастури методӣ.

Роҳбарӣ дар сохтмони канал ва иншоотҳои «Лойқасой» -и ноҳияи Ёвон

Мукофотҳо:

Ордени «Шараф» дараҷаи I

Хасанов Абдурахим Хасанович
Дар соли 1933 ба дунё омадааст.

Соли 1949 мактаби миёнаро дар ш. Душанбе бо медали тилло хатм намудааст.

Соли 1954 Шуъбаи геологии факултети илмҳои табии донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст.

Номзади илмҳои геологӣ (1960, Алмаато)

Доктори илмҳои геологӣ (1970, Алмаато)

Академики Академияи муҳандисии ҶТ (2000)

Рағбати илмӣ:

минерология, геология, соҳаҳои гуногуни илм оид ба Замин, аз он ҷумла проблемаҳои заминларзиш, ба вуҷудоии мумиё, масъалаҳои экология, бахусус хушк шудани баҳри Арал ва оқибатҳояш, мушкилоти кӯли Арал

Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

Солҳои1966-2003 мудири кафедраи минерология ва петрографияи ДМТ.

Аз соли 1971 профессори кафедраи номбурда ва аз солҳои

1981 – 1985 профессор, ҳамзамон декани факултети геологӣ.

Дастовардҳои асосӣ:

296 кори илмӣ, аз он ҷумла 7 монография, 4 воситаи таълимӣ, 12 брошюра ва 2 китоби дарсӣ

Мукофотҳо:

Корманди шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хушматов Азимджон Тоирович
Соли таваллуд – 2о октябри соли 1959 дар деҳаи Муъминободи ноҳияи Ҳисор.

Соли 1976 мактаби миёнаи № 30 ноҳияи Ҳисор-ро хатм кардааст.

Соли 1982 Донишгоҳи давлатии ба номи В.И.Ленин (ҳоло – Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон) хатм кардааст.

Соли 1987 Донишкадаи умумиитифоқии саноати хӯроквории ш. Москва хатм кардааст.

Солҳои 1998-2000 – унвонҷуи Институти химия Академияи илмҳот ҶТ.

Номзади илми техникӣ (2000), дотсент (2006).

Аъзо-корреспонденти Академияи мухандисии ҶТ (2014)

Рағбати илмӣ:

Кимиёгар, мухандис-технологи шароббарорӣ

Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

1982 – 2005 – заводи машруботбарории ш. Душанбе, муҳандиси кимиё, муҳандис-микробиолог, устои калони сехи шаробу шаробрезӣ, мудири Озмоишгоҳ

1996-2009 – саромӯзгор, дотсенти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (ДТТ)

Аз 2009- то ҳоло – мудири кафедраи «Технологияи истехсоли маводи хӯрока ва стандартизатсия»-и ДТТ

Дастовардҳои асосӣ:

Муаллифи зиёда аз 30 мақолаи илмӣ, 5 дастури таълимию методӣ, 11 патент, зиёда аз 20 ихтироот, ки дар истеҳсолот ҷори шудааст.

Роҳбари 2 аспирант

Мукофотҳо:

медали «Хизмати шоиста» (2001), медали тиллоии Ташкилоти умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (ВОИС Швейтсария, 2007), «Ихтирокори беҳтарини Тоҷикис-тон» (2007), дипломанти озмуни «Махсулоти беҳтарини ҶТ» (2009), дорандаи ҷоизаи ба номи С.У. Умаров АИ ҶТ (2012), аълочии маориф ва илми ҶТ (2014)

Чекалин Владимир Георгиевич
27 майи соли 1938 дар ш. Душанбе таваллуд шудааст.

Солҳои 1944-1948 дар ш. Сухой Логи Урал зинадагӣ ва таҳсил намудааст.

Соли 1956 мактаби миёнаи умумии № 21 ш. Душанберо хатм кардааст.

1956-1961 – донишҷӯи Институти политехникии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (ДТТ) ба номи академик М.С. Осимӣ).

Аспиранти Институти политехникии ш. Киев (1961 -1965).

Номзади илмҳои техникӣ (Киев, 1965), дотсент (1968), профессор (2000).

Аъзо – корреспонденти АМ ҶТ (1995), академики АМ ҶТ (1998).

Аъзо корреспонденти АМБ (2000)

Рағбати илмӣ:

Ҳалли системавии масъалаҳои инфор-матикӣ, тараққиёти техникаи ҳисоббаро-рӣ ва ташкили мактаби илмии «Метод-ҳои  идентификатсияи модулятсионӣ –интегралӣ»

Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

1959 -1960 – дар пайвастагӣ бо таҳсил дар институт дар мактаби № 8 ш. Душанбе, муаллими  электротехника.

1965- 2011 –  ассистент, муаллими калон, дотсент, профессор ва мудири кафедра-ҳои «Ҳаракдиҳандаи автоматикунонида-шудаи электрикӣ ва мошинаҳои электрикӣ»,  «Автоматика ва техникаи ҳисоббарор» (1971-1984), «Информатика ва техникаи ҳисоббарор» дар вазифаҳои «Автоматика ва техникаи ҳисоб-барор» (1999-2011) ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ.

1986-1988 муовини аввали вазири Маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси Тоҷикистон.

Аз соли 2011 то имрӯз ҳамчун профессори кафедраи «Информатика ва техникаи ҳисоббарор»-и ДТТ ба номи академик М.С.

Дастовардҳои асосӣ:

Муаллифи зиёда аз 250 корҳои илмӣ ва таълимӣ – методӣ, 4 шаҳодатномаи муаллифӣ.

Таҳти роҳбарии ӯ мактаби илмии «Назария ва амалияи усулҳои идентифи-кацияи модулятсионии интегралӣ» фаъолият мекунад, ки дар он 18 нафар рисолаи номзадиро ҳимоя намудаанд.

Самти илмии «Усулҳои идентификатсияи модулятсионӣ – интеграли»- ро инкишоф медиҳад.

12 номзади илмро тайёр намудааст, роҳбари илмии семинари умумишаҳрии назди ДТТ «Технологияи ахборотии коммуникатсионӣ дар электроэнергетика ва идораи он» мебошад.

Мукофотҳо:

Ордени Рефолютсияи Октябр (1977), Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои олии Тоҷикистон (1988), “Корманди шоистаи Точикистон” (1998), «Аълочии барқи тоҷик” (1998).

Шарифов Абдумумин
17 июни соли 1949 таваллуд шудааст.

Соли 1966 мактаби таҳсилоти миёнаи №6 ба номи А.Деҳотии ноҳияи Панҷакентро хатм кардааст.

Солҳои 1966-1969 дар Донишкадаи политехникии Тоҷикистон, 1969-1972 дар Донишкадаи политехникии Киев (Украина) ва солҳои 1970-1971 дар Донишкадаи патентшиносии Киев (Украина), солҳои 1972-1975 дар аспирантураи Донишкадаи политехникии Киев таҳсил  намудааст.

Номзади илми техника (1975, Донишкадаи политехникии Киев)

Доктори илми техника (1995, Донишкадаи кимиёвӣ-технологии Тошканд), профессор (2001)

Аъзо-корреспонденти Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1992), академики АМ ҶТ (2014)

Рағбати илмӣː технологияи кимиёвӣ ва масолеҳшиносӣ.
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

1972 – лаборанти Донишкадаи политехникии Тоҷикистон,

1972-1975- аспиранти Донишкадаи политехникии Киев,

1975-1976- муҳандиси Донишкадаи политехникии Киев,

1976-1984-муҳандис, ассистент, муаллими калон, дотсенти Донишкадаи политехникии Тоҷи-кистон,

1984-1993-мудири кафедраи До-нишкадаи политехникии Тоҷикистон,

1994-1995-ходими калони илмӣ,

1995-2015-муди-ри кафедраи Донишгоҳи техникии Тоҷи-кистон ба номи академик М.С.Осимӣ,

1995-2001-директор ва эксперти маркази техно-логии Caritas (Швейтсария) дар Тоҷикистон,

1996-2002-декани факултети “Технологияи кимиёвӣ ва металлургия”-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ,

2001-2005-мушовири Маркази идораи лоиҳаҳои барқароркунии иншоотҳои ирригатсионнӣ дар назди Ҳукумати  Тоҷи-кистон,

2005-2009 –роҳбари лоиҳаҳои Caritas (Швейтсария) дар Тоҷикистон оиди барқароркунии мактабҳо ва бунгоҳҳои тиббӣ дар ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус, Рудакӣ, Рашти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Аз сентябри соли 2015 – профессори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ва мудири озмоишгоҳи “Масолеҳ ва маснуоти сохтмонӣ”-и Пашуҳишгоҳи илмӣ-тадқи-қотии сохтмон ва меъмории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дастовардҳои асосӣ: 236 корҳои илмӣ, аз он ҷумла 1 монографияи илмӣ, 3 китоби дарсӣ, 22 ихтироъот. Иштирокчии конфе-рентсияҳо ва симпозиумҳои байналхалқӣ дар 16 мамлакати ҷаҳон.
Мукофотҳоː Ордени Шараф (Ҷумҳурии Тоҷикистон), унвони фахрии “Ихтироъ-кори беҳтарини Тоҷикистон” (1997).
Шерматов Масаид
20-маи соли 1944 ба дунё омад. 1951-1961 – мактаби миёнаро бо баҳои аъло хатм намуд. Баъди хатми мактаби миёнаи №7 ба номи С. Айнӣ ноҳияи Ашт ба факултети физика ва математикаи Донишкадаи педагогии ба номи С.М. Киров-и шаҳри Ленинобод ба ихтисоси «Физика ва асосҳои истеҳсолот» дохил шуд.

Солхои 1963-1966 дар хизмати Ватан гузаронд. Баъди хизмати ҳарбӣ боз омада таҳсилро бо ихтисоси пештара «Физика ва асосҳои истеҳсолот» давом дод.

Соли 1969 донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намуд. 1978 – рисолаи номзадиашро дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии ба номи Стародубсева-и ш. Тошкент ҳимоя намуд.

Рағбати илмӣ:

соҳаҳои хоҷагии қишлоқ, электроника, нанотехнология, нанофизика, экология, ҷангал, химия, физикаи нимноқилҳо, энергетика

Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

1968 – 1969 муаллими физика ва математика дар мактаби №29, МТУ №1 ва омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Қурғонтеппа

1970 – лаборанти кафедраи методикаи таълими физика ва математика ИДП ш. Ленинобод, шогирд-тадқиқотчии Донишгоҳи давлатии ба номи В. И. Ленин.

1972-1976 – аспиранти АУ СССР дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии ба номи А. Ф. Иоффе-и ш. Ленинград

Аз соли 1976 то ҳоло – ассистент, муаллими калон, дотсенти кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахти ДДХ ба номи академик Б. Гафуров

2001-2005 – директори намояндагии Донишгоҳи муосири гуманитарии ш. Москав дар ноҳияи Ашт

Дастовардҳои асосӣ:

267 мақолаи илмӣ, 33 ихтироот

Мукофотҳо:

Дипломи «Олими 2000 сол», «Олими машҳури асри ХХ» бо диплом Донишгоҳи шаҳри Кембриҷи Англия, дипломи «Аъзои фахрии Аф Ню Йорк»-и ШМА, медали «Барои тарбияи донишҷуён»-и Федератсияи Русия, 6 маротиба ғолиби ихтирокорони вилояти Суғд ва ҶТ, медали ихтирокори беҳтарини ҶТ, Ифтихорномаи Вазорати маорифи ҶТ, аълочии маорифи халқи ҶТ

Эшмирзоев Исмат
Соли 1952 дар деҳаи Оқ-Газаи шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло ноҳияи Сарбанд) таваллуд ёфтааст.

Соли 1973 факултаи гидромелиора-тивии Институти хоҷагии кишлоқи Тоҷикистонро (ҳоло ДАТ)  хатм намудааст.

Номзади илмҳои техникӣ (2000).

Аъзо-корреспонденти академияи Муҳандисии ҶТ(2014)

Рағбати илмӣ: ташаккулёбии захираҳои об, бехатарии сарбандҳо, рушди Ассотсиятсияҳои истифодабарандагони об, идоракунии ҳамгироии захираҳои об, ҳифзи муҳити зист.
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

1973-1980 – усто, прораб, сардори қитъа, шӯъбаи истеҳсолӣ-техникӣ, сармухандис ва сардори корхонаи Колоннаи сайёрии механиконидашудаи (КСМ) трести «Вахшводстрой»-и Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Тоҷикистон;

1980-1982 – муовини аввали раиси Кумитаи иҷроияи ноҳияи Коммунистӣ (ҳоло Бохтар);

1982-1986 сардори трести «Кӯрғонтеппамелиоводстрой»;

1986-1990 – мудири шӯъбаи сохтмон ва роҳбари дастгоҳи ПК вилояти Курғонтеппа ва Хатлон;

1990-1992 – муовини авали раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Қурғонтеппа;

1993-1994 – муовини Вазири сохтмони ҶТ;

1994-1996 – Вазири мелоиоратсия ва хоҷагии оби ҶТ;

1996-1999 – муовини Сарвазири ҶТ;

1999-2003 – Раиси ширкати давлатии «Тоҷиксохтмон»;

2003-2007 – муовини Вазири мелиоратсия ва хоҷагии оби ҶТ;

2007- июли 2015 – сардори шӯъбаи дастгирии Ассотсиатсияҳои истифода-барандагони оби Вазорати мелиоратсия ва заҳираҳои об, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастовардҳои асосӣ:

18 мақолаҳои илмӣ, 12 корҳои методӣ,

таҳияи лоиҳаи Кодекси оби ҶТ, қонун, қарор ва Барномаҳои давлатӣ дар соҳаи об, сохтмон, нақлиёт ва ҳолатҳои фавқулода

Мукофотҳо:  Ифтихорномаи Ҳукумати ҶТ(1995), ифтихорномаҳои вазорату идораҳо, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1998)
Юнусов Музафар Мамаджанович
11 марти соли 1950 дар шахри Ленинобод (ҳоло – Хуҷанд) таваллуд шуд

1967 ба факултаи кимиёи Донишгохи давлатии Точикистон ба номи В.И. Ленин дохил шуд. Солхои 1971-1972 дар донишгохи давлатии Ленинград ба номи А.А. Жданов тахсил кард.

Аъзо-корреспондент (1992), академики (1995) Академияи мухандисии Чумхурии Точикистон

Доктори илм (1994), профессори Донишгохи давлатии Хучанд (1995) ва профессори Федератсияи Руссия (2006)

Рағбати илмӣ:

кимиё ва технологияи кимиёвӣ,  экология, ҳифзи муҳити зист

Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

1972-1974 – лаборанти кафедраи кимиёи физики ва коллоиди Донишгохи давлатии Точикистон ба номи В.И. Ленин  (ҳоло – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)

1974 – 1975 – лаборанти калони Пажуҳишгохи кимиёи АИ ЧШС Точикистон

1975- 1977 аспиранти Пажухишгохи кимиёи умӯмӣ ва ғайриорганикӣ ба номи Н.С. Курнакови АИ ИЧШС (ш. Москва)

1978-1980 лаборанти калон, ҳодими хурди илмии озмоишгохи бойгардонии канданихои фоиданоки Пажуҳишгохи кимиёи ба номи В.И Никитин АИ ҶШС Тоҷикистон

1980 барои ичроиши карори Раёсати АИ ҶШС ба ш. Ленинобод фиристода шуд.

Ходими калони илмӣ (1986)

1994 – мудири озмоишгоҳи кимиёи тахлили ва масолехи гайриорганикии маркази илмии Хучанд АИ Точикистон

1997-2011 – чонишини директори генералии КД «Востокредмет» оиди илм (ш. Чкаловск)

2009 – иҷрокунандаи вазифаи директории генералии «Востокредмет».

2011-2014 – мудири кафедраи Экология ва корҳои нафту гази Донишгоҳи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон

Дастовардҳои асосӣ:

муаллифи 250 маколахои илми ва тезисҳои маъруза, аз чумла 10 шаходатномаи муаллифии ИЧШС ва 1 патента Федератсияи Руссия.

7 номзади илми кимиё ва техника ва 1 доктори илми техника тайёр намудааст.

10 рисолаи докториро муқарризӣ намудааст

Мукофотҳо:

«Ихтирокори бехтарини Чумхурии Точикистон» (1997), «Ихтирокори бехтарини вилояти Сӯғди ҶТ» (2003)

Юсупов Шаъбони Тагоевич
13 феврали соли 1960 дар деҳаи Хоҷамарди ноҳияи Файзобод   таваллуд ёфтааст.

Соли 1982 факултети химияи Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (холо – ДДМТ)-ро бо дипломи аъло хтм намудааст.

Номзади илми кимиё (1990),

доктори илмҳои техникӣ (2012)

Аъзо-корреспонденти АМ ҶТ (2008)

Рағбати илмӣ:

кимиё, тадқиқоти хусусиятҳои гармигузаронии равғанҳои гуногун

Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:

1982-1983- муҳандиси гурӯҳи илмии  «ФХКС»  УДТ

1983-1986 – корманди хурди илмии  ХКС» УДТ

1986-1989- аспиранти ғоибонаи  кафедраи кимиёи физикӣ ва коллоидии УДТ

1989-1991 – корманди илмии гурӯҳи  «Кимиёи  координасионӣ»  УДТ

1991 – сармуҳандиси лабораторияи марказии иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷикгеология»

1991-1992 – корманди калони илмии  ДДТ, омӯзгори калони кафедраи  Химия ва технологияи саноати хӯрокаи  Донишкадаи саноати сабук ва  хуроквории Тоҷикистон

1993-1996 – мудири шӯъбаи тайёрии,  мудири шӯъбаи таълимӣ, мудири кафедраи «Саноати хӯрока»-и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон.

1997-1999 – докторанти кафедраи Кимиёи физикӣ ва каллоидии ДДМТ

2000-2003 – мудири департаменти илм ва технологияи хӯрокаи ДТТ, мудири  кафедраи технология ва таҷҳизоти  маводи хӯрокаи ДТТ,

2003- 2009 – и.в. декани Факултети таҳсилоти  ғоибонаи ДТТ.

2009- 2011 – директори филиали ДТТ дар ш .Кӯлоб

2011-2013 – декани факултети муштараки точикӣ –россиягии  ДТТ

2013 – 2015 – директори технопарк ва   профессори кафедраи кимиё ва биокимиёи Донишгоҳи давлатии Данғара

2015 то хол – директори МИИ «Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии саноат»-и Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ

Дастовардҳои асосӣ:

75 маколаи илмӣ. 2 монография, 5 шаҳодатномаи муаллифӣ

Мукофотҳо:

Аълочии маорифи ҶТ (2009).