Акбаров Акрам

21 ноябри соли 1949 таваллуд ёфтааст. Соли 1966 мактаби рақами 6-и шаҳри Уротеппаро бо медали «Барои хониши аъло» хатм кардааст.
Соли 1971 шӯъбаи меъмории факултаи сохтмони Донишкадаи политех-никии Тоҷикистонро бо ихтисоси «Меъмор» хатм намуд.
Аьзои Иттифоқи меьморони собиқ СССР (аз 1978), аъзои Иттифоқи Меъморони Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991).
Номзади илмҳои меъморӣ (1983, Москва), доктори илмҳои меъморӣ (2014, Минск).
Аъзо-корреспонденти Академияи мухандисии ЧТ (1998), академики АМ ҶТ (2015).
Рағбати илмӣ: соҳаи меъмории деҳот ва шаҳрсозии Тоҷикистон
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:
Солҳои донишҷӯи (1969-1970) ҳамчун нақшакаш дар Пажӯҳишгоҳи таърих ва археологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муаллими фанни нақшакашии мактаби рақами 15-и пойтахт фаъолият намудааст.
Аз соли 1971 – то ҳозир – ассистенти кафедраи меьмории ДПТ, муаллими калон, дотсент, мудири кафедраи «Асосҳои лоихакашии меъморӣ ва графика» (1991-1997), мудири кафедраи «Меъмори ва дизайн» -и (2010-2012) ва профессори кафедраи ДТТ ба номи М.С.Осимӣ (аз соли 2014).
1972-1974 – дар Донишкада якчоя бо кори сармеьмори шӯъбаи АСО-2 Пажӯҳишгоҳи давлатии минтақавии лоиҳакашии «Тоҷикгипропром» пеш бурдааст.
Солҳои 1974 ва 1979 курсҳои 4-моҳаи ФТИ муалллимони соҳаи меъмории Донишгоҳи меъмории ш. Москваро хатм менамояд.
1995 – 2000 – аъзои Кумитаи миллии СММ – «HABITAT-2»
1997-1999 – сармуҳандиси дафтари лоиҳавии (UNOPS) СММ дар ноҳияи Ғарм.
2001-2003 – мутахассиси пешбар дар барномаи «Лоиҳаи тачдид ва давоми сохтмони мактабҳои миёнаи хамагонии ЧТ» БРИ ва Вазорати маорифи ҶТ.
2003-2010 – сардори Маркази такмили ихтисос ва хадамоти мушовирати дар назди Донишгохи техники Точикистон ба номи М. Осимӣ
Дастовардҳои асосӣ: 2 монография,78 маколахои илмӣ, 8 дастури методи ва 86 лоиҳаҳои бунёдкориву ташаккули меъмории пешқадами замонавӣ дар сохтмони дехот ва тачдиди шахрхои Точикистон
Мукофотҳо: Инфтихорномаи фахрии КМ ИЛКҶ Тоҷикистон (1976), медали «Барои хизмати шоиста» (2011), нишонаи фахрии «Ситораи тиллои» (2010) ва «Меъмори сол» (2011)