Маълумотномаи таърихӣ

Академияи Муҳандисии Тоҷикистон соли 1991 хамчун Филиали Академияи Муҳандисии ИҶШС ташкил ёфта, аз 3 июли соли 1992 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон (АМҶТ) ба қайд гирифта шудааст.

АМҶТ – ин муассисаи эҷодии ҷамъиятии илмӣ-техникӣ буда, дар ҳайати худ қисми пешсафи олимон ва муҳандисони ҷумҳуриро барои мустаҳкамкунии алоқаҳо байни тадқиқотҳои бунёдӣ, коркардҳои техникӣ, технологияҳои пешқадам ва истеҳсолот бо мақсади тараққиёти устувори иқтисодиёти Тоҷикистон дар асоси интихобот якҷоя менамояд.

АМҶТ ба таркиби Академияи муҳандисии байналмилалӣ (АМБ) ва Федератсияи институтҳои муҳандисии давлатҳои исломӣ дохил буда, аъзои шӯрои ҳамфикрии ҷамиятии Чумҳурии Тоҷикистон мебошад.

АМҶТ яке аз муассиссаи пешсафи муҳандисӣ-техникӣ ва илмии Тоҷикистон мебошад, ки ба таркиби он аъзоёни пайваста ва вобаста, маслиҳатчиёни академикӣ, докторон ва номзадҳои илм, кормандони шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон, муаллифони патентҳои зиёд оид ба ихтироот дохиланд.

Дар солҳои 90-ум дар доираи АМҶТ гурӯҳи «Сугран» бо роҳбарии академик А.В.Ваҳобов, Ф.У.Обидов ва А.Х.Катаев оид ба истеҳсоли арзизи холисиаш баланд муваффақона кор кард. Таҳти роҳбарии аъзои пайвастаи АМҶТ К.А.Ҳасанова – директори Институти экологияи одам, солҳои 1994 ва 1995 дар водии дарёҳои Варзоб, Тагоб ва Зарафшан экспедитсияи экологӣ ташкил карда шуд.

АМҶТ соли 1995 доир ба масъалаи муаммоҳои баҳри Арал Конференсияи байналмилалӣ ва бахшида ба 1100-солагии Давлати Сомониён конференсия ташкил намуда, маҷмӯи мақолаҳои кормандони илмӣ-техникӣ ва муҳандисони Ҷумҳурии Тоҷикистонро нашр намуд ва ғайра.

АМҶТ ташаббускор ва ташкилотчии конференсияҳои ҷумҳуриявии «Муаммоҳои муҳандисии ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои обии Тоҷикистон» (25 октябри с. 2003, ш. Душанбе) буд.

Аъзоёни академия дар ташкил ва гузаронидани Конференсияи байналмилалии «Помир – манбаи оби тозаи Осиёи Марказӣ» (28-29 июни с. 2003 ш. Хоруғ) ва Форуми СММ «Соли 2003 – соли оби тоза» (Душанбе, 29 август – 2 сентябри с. 2003).

Аъзоёни академия дар гузаронидани симпозиуми байналмилалии геотехникии «Таҳкурсисозӣ дар шароити мушкили муҳандисӣ-геологӣ» (ш. Санкт-Петер-бург, 16 сентябри с. 2003), конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии «Коҳиш додани хавфи ҳолатҳои фавқулодда ва идоракунии ин гуна хавфҳо» (Таджиккоинот, ш. Душанбе, 31 октябри с. 2006), конференсияи байналмилалии «100 сол аз рӯзи заминларзаи Қаротоѓ ва муаммоҳои имрӯзаи сохтмони ба зилзила тобовар ва сейсмология» (ш.Душанбе, 20-21 октябри с. 2007) фаъолона иштирок намуданд.

Аъзоёни бахши “Экологияи муҳандисӣ, мониторинг ва энергиясарфакунӣ” ва «Инженерия дар саноати аграрӣ» академикҳои АМҶТ Абдусаматов М.А. Нуралиев К.Н., аъзои вобаста Латипов Р.Б., Икромов И.И., Каюмов А., Ҳасанов Х.У., Акрамов А. ва дигарон, аз соли 2005 барои дар амал татбиқ намудани Қатъномаи Ассамблеяи Генералии СММ аз 23 декабри с. 2003, ки бо пешниҳоди Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2005-2015 –ро даҳсолаи амалиёт “Об барои ҳаёт” эълон намуда буд, фаъолона кор бурда истодаанд.

Академики АМҶТ Абдусаломова М.Н. ду лоиҳаи МНТЦ-ро доир ба даст овардани кристаллҳои нимноқилҳо барои интиқоли энергия ба масофаҳои дур (Лоиҳаи 1Т-1597) ва технологияи коркарди канданиҳои зардор (Лоиҳаи 1Т-1598) роҳбарӣ намуданд.

Монографияҳо, ихтироот, корҳои илмӣ-техникӣ, методӣ ва дигар маводҳои зеҳнии аъзоёни АМҶТ дар саҳифаҳои энсиклопедия дар моводи ҳар як аъзои он дарҷ мегарданд.