Президент

САИДМУРОДЗОДА ЛУТФУЛЛО ҲАБИБУЛЛО

Доктори илмҳои иқтисодӣ, Маскав, 2005
Профессор. Маскав, 2010
Узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Душанбе, 2017
Узви пайвастаи Академияи байналмилалии муҳандисӣ. Маскав, 2018
Узви пайвастаи Академияи муҳандисии Тоҷикистон. Душанбе, 2019

 

Таваллуд 14 сентябри соли 1959 дар шаҳри Душанбе.
Солҳои 1976-1981 донишҷӯи факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Москва (Федератсияи Русия) ба номи М.В.Ломоносов.
Солҳои 1981-1994 – ассистент, муаллими калон, дотсенти кафедраи назарияи иқтисоди факултаи иқтисодӣ ва солҳои 1994-1996 дотсенти кафедраи муносибатҳои байналхалқии иқтисодии факултаи молияву иқтисодии Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон.
Соли 1994 дар Пажӯҳишгоҳи рушди иқтисодии Бонки Умумиҷаҳонӣ (ш.Вашингтон) доир ба проблемаҳои иқтисодиёти бозорӣ ва соли 1997 дар Донишгоҳи Твент (Twente, Голландия) доир ба курси макроиқтисод таҷриба омӯхтааст.
Солҳои 1996-2006 декани факултаи иқтисодӣ ва солҳои 2006-2010 мудири кафедраи назарияи иқтисодии Донишкадаи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Соли 2001 дар Япония (Токио) дар курсҳои доир ба такмил додани идораи маълумот ва тайёрии техникӣ иштирок кардааст.
Солҳои 2010-2015 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон.
Солҳои 2013-2015 Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон.
Солҳои 2015-2020 Директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз соли 2020 сарходими илмӣ, мудири шуъбаи таҳқиқотҳои муқоисавии иқтисодии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Ҳамзамон, соли 1991 узви Шӯрои иқтисодии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 1997 нозири байналхалқии интихоботи парламенти Ҷумҳурии Сербия.
Солҳои 2016-2023 расиси комиссияи экспертӣ оид ба фанҳои иқтисодӣ ва аъзои президиуми Комиссияи олии аттестатсионӣ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Солҳои 2002-2004 ба ҳайси директор ва профессори байналмиллалии ҳамкор дар барномаи байналмиллалии – «Такмили ихтисоси муаллимони факултаҳои иқтисодии мактабҳои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» кору фаъолият кардааст.
Бо маърӯзаҳои илмӣ дар конфронсҳои байналхалқӣ дар Ҷумҳуриҳои Чехия, Япония, Малайзия, Россия, Қазоқистон, Узбекистон, Ҳиндустон, Тоҷикистон ва ғ. баромад намудааст.

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ ва ихтироъот:
– мактаби махсуси илми иқтисодиро дар равияи «иқтисоди хурди кушоди дар давраи гузариш» дар Тоҷикистон созмон додаст;
– аввалин маротиба масъалаҳои назариявии иқтисодиро доир ба ворид намудани «сиёсати превентивӣ (пешгирикунанда)»-ро дар пешбурди сиёсати иқтисодии кишвар пешниҳод кардааст;
– роҳбари гурӯхӣ мутахассисон ва мушовири илмӣ дар таҳияи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2030 ва Барномаҳои миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва солҳои 2021-2025 мебошад;
– муаллифи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла «Дар бораи адабиёти таълимӣ», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба илму техника» мебошад;
– таҳти роҳбарии ӯ 29 нафар рисолаҳои номзадӣ ва 6 нафар рисолаҳои докторӣ ҳимоя намудаанд.

Мукофоту ҷоизаҳо:
1) Соли 2021 – Унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон»
2) Соли 2020 – Медали хотиравии «75-солагии Ҷанги Бузурги Ватанӣ»
3) Соли 2017 – «Нишони тиллоии фаҳрии Академияи байналмилалии муҳандисӣ»
4) Соли 2015 – «Ифтихорнома»-и Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
5) Соли 2012 – «Ифтихорномаи фахрӣ»-и Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди давлатҳои мустақил
6) Соли 2012 – «Ифтихорнома»-и Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
7) Соли 2004 – Медали давлатии «Хизмати шоиста»
8) Соли 2001 – «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон»
9) Солҳои 1999 ва 2009 – «Грамотаи Фахрии» Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон