Ғаниев Иномҷон

8 апрели соли 1949 дар ҷамоати Унҷии ноҳияи Хуҷанди вилости Суғд тавалулд шудааст.
Соли 1971 факултети механиконии истеҳсолоти кишоварзии Институти хоҷагии кишлоқи Тоҷикистон (холо – Донишгохи Аграрии Тоҷикистон)-ро хатм намудааст.
1976-1979 – аспиранти кафедраи «Таъмири мошинҳо»-и донишқадаи механикони ва электрификатсиякунонии хоҷагии қишлоқи(ЧИМЭСХ), ш. Челябински ФР
Номзади илмҳои техникӣ, дотсент.
Унвонҷӯи кафедраи «ЭМТП» ЧГАА ш.Че-лябинск (қарори № 780 аз 29.12.2011 с.)
Айни замон, дар ш. Челябинск дар арафаи ҳимояи рисолаи докторӣ мебошад.
Президиуми АМ ҶТ ӯро мушовири академия (4.12. 2015) интихоб намуд.
Рағбати илмӣ:
механикикунонии истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ.
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:
Асистенти кафедраи «Таъмири мошинҳо»-и ДАТ, ш.Душанбе.
Омӯзгори калони кафедраи «Асосҳои истеҳсолоти» Донишқадаи педагогии ш. Хуҷанд.
Омӯзгори калон, дотсент, мудири кафедраи «Механика», декани факултаи филиали Хуҷандии ДПТ
Ноиби директор оид ба илм ва техникаи корхонаи илмию истеҳсолии «Зафар», ш. Хуҷанд
Дотсент, мудири кафедраи «Технологияи истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ»-и филиали Хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, ш. Хуҷанд
Айни замон, дотсенти кафедраи «Агротехнология»-и филиали Хуҷандии Университети техникии Тоҷикистон ба номи академ. М. Осимӣ.
Дастовардҳои асосӣ:
Муаллифи зиёда аз 80 корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, аз он ҷумла 43 мақолаи илмӣ, 5 китоби таълимӣ, 2 монография, 3 ихтироот.
Мукофотҳо:
Ифтихорномаи Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, медали Вазорати кишоварзии Руссия.