Таваллуди 26.08.1958, ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё). Хатмкардаи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳозир ДАТ ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур).
Муҳандис-гидротехник, доктори илмҳои техникӣ, профессор, Аъзо-корреспондентиАкадемияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мушовири Маркази Профессионалӣ доир ба кам кардани зарари офатҳои табиии Агентии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар ҶТ (2006-2007), эксперти техникии лоиҳаи «Ташкили қитъаҳои намоишдиҳӣ оид ба технологияи пешқадами парвариши зироатҳои кишоварзӣ дар ноҳияҳои пилотии ҶТ»-и Маркази дастгирии хусусигардонии хоҷагиҳо дар назди Ҳукумати ҶТ (2000-2003), котиби Шӯрои диссертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ аз рӯи ихтисоси 06.01.02 – мелиоратсия, таҷдидсозӣ ва ҳифзи замин.
Рағбати илмӣ:
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ: Устои қитъаисохтмонӣ (1982), ходимихурдиилмӣ (1983), аспиранти кафедраи мелиратсияи кишоварзӣ (1984 – 1987), ассистенти кафедраи механикаи сохтмон (1987-1990), ассистент, омӯзгори калон ва дотсенти кафедраи иншооти гидротехникӣ (1990-1998), мудири кафедраи сохтмони иншооти гидротехникӣ (1999-2003), ҳамзамон ҷонишини декани факултети гидромелиоративӣ (1996 – 2000 ва 2001), Аз с. 2003 дар вазифаи дотсент ва мудири кафедраи мелиоратсия, таҷдидсозӣ ва ҳифзи замин (2003-2007), ва профессор, мудири ҳамин кафедра (2007 – то ҳоло) фаъолият дорад.
Дастовардҳои асосӣ: Муаллифи 125 асар, аз он ҷумла 4 китоби дарсӣ, 3 монография, 4 брошюра, 16 шаҳодатномаи муаллифӣ ва патент оид ба ихтироот 7 дастурамал чоп намудааст.
Таҳти роҳбарии Икромов И.И. як нафар рисолаи номзади илмҳои техникиро дифо намуда,3 нафар аспирантҳо корҳои илмӣ-тадқиқотӣ иҷро карда истодаанд.
Мукофотҳо: Нишони биринҷии Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи СССР (1986) сарфароз гардидааст. Ифтихорнома ва медали ҷашнӣ ба муносибати 80-солагии таъсисёбии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур қадрдонӣ карда шудааст