3 ноябри соли 1957 дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт таваллуд шудааст.
Соли 1974 мактаби миёнаи №2-и ноҳияи Аштро тамом кардааст.
Соли 1979 факултети сохтмони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимиро хатм намудааст.
Соли 1988, баъди хатми апирантура, рисолаи номзади илми техникиро дар Донишгоҳи давлатии сохтмони шаҳри Москва ҳимоя кардааст.
Дар шаҳрҳои Қоҳира (Миср,1996), Тошканд (2005) ва Йокогама (Япония, 2005) ихтисоси худро такмил додааст.
Узви вобастаи Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1995).
Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати 5.
Рағбати илмӣ:
Тадқиқотҳои назариявӣ барои такмил додани методҳои ҳисобкунӣ ва таъминкунии рӯшноии табии биноҳои истеҳсолӣ.
Таҳияи китобҳои дарсӣ ва воситаҳои таълимӣ аз фанни Меъмории биноҳои шаҳрвандӣ ва саноатӣ барои донишҷӯёни ихтисосҳои сохтмон.
Иштирок дар тайёр кардани ҳуҷҷатҳои меъёрӣ доир ба лоиҳакашии меъморию сохтмонӣ ва тарҷимаи адабиёти меъёрӣ ва таълимӣ ба забони тоҷикӣ.
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:
Фаъолияти илмӣ-омӯзгорӣ: солҳои 1991-2012 – дотсенти кафедраи “Меъмории биноҳои шаҳрвандӣ ва саноатӣ”; баъдтар “Сохтмон ва хоҷагии шаҳр”; соли 2012 то ҳозир – мудири кафедраи “Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ”-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ.
Фаъолияти маъмурӣ: с. 1989-2001 – муовини декани робитаҳои байналхалқӣ; с. 2001-2008 – Директори комплекси таълимию истиқоматии шаҳрвандони хориҷӣ; с. 2008-2012 – муовини сардори Идораи робитаҳои байналхалқӣ.
Дастовардҳои асосӣ:
Иштирок дар амалӣ кардани лоиҳаҳои зерини Бонкҳои Ҷаҳонӣ ва Осиёии рушд (с. 2004 – 2008):
барқароркунии пойгоҳҳои обкашӣ ва шабакаҳои обёрикунии ноҳияҳои Фархор, Панҷ, Ашт, Ваҳдат ва Рушон;
барқароркунии пойгоҳҳои обкашии зинаи 1-ӯми системаи бообтаъминкунии ш. Душанбе ;
азнавсозии системаи оби нӯшокии шаҳри Кулоб ба муносибати ҷашни 2700-солагии шаҳр – роҳбари ширкати сохтмонӣ; татбиқи дастгоҳи компютерӣ барои кафшери қубурҳои полиэтиленӣ (аввалин бор дар Ҷумҳурӣ).
Муаллифи 4 воситаи таълимӣ ва зиёда аз 60 корҳои илмӣ ва илмию методӣ (мақолаҳо, фишурдаҳо, меъёрҳо ва қоидаҳои сохтмон).
Мукофотҳо: Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010); Ифтихорномаҳои фахрии ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ.