15 июли соли 1946 дар кишлоки Истонӣ, ноҳияи Ҳисор таваллуд шудааст.
Соли 1967 факултаи физика ва математикаи Донишкадаи Давлатии педагогии ш. Душанберо хатм кардааст.
Номзади илмҳои физика ва математика (1972),
доктори илмҳои техникӣ (1990). профессор (1991),
академики Академияи муҳандисии ҶТ (2008), академики Академияи мактабҳои олии байналмилал (2008), академики Академияи илмҳои педагогӣ ваиҷтимоии Россия (2009),
аъзои Иттифоқи журналистон (2011).
аъзо-корреспонденти Академияи байналмилалии муҳандисӣ (2015),
Рағбати илмӣ:
теплофизика ва физикаи молекулӣ, гармигузаронии моеъхо, газҳо ва ҷисмҳои сахти донагӣ.
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:
1966-1994 – лаборант, ассистент, муаллими калон, дотсент, мудири кафедраи физикаи умумии Донишкадаи Давлатии педагогӣ.
1994-то ҳоло – мудири кафедраи «Асосҳои назариявии технологияи пешқадам», проректор оид ба корҳои таълиму тарбия, декани факултаи «Гумрук ва тиҷорат», сардори департаменти таълим, мудири кафедраи «Математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ», профессори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (ДДТТ)
Дастовардҳои асосӣ:
Муаллифи зиёда аз 350 корҳои илмӣ, аз ҷумла 10 китоби дарсӣ, 15 корҳои илмӣ-методӣ, 25 тавсияи методӣ, 3 ихтироот ва 3 пешниҳоди ратсионализаторӣ.
Таҳти роҳбарии ӯ 1 нафар доктори илм ва 15 номзадҳои илмҳои техникӣ, физикаю математика ва педагогика рисола дифоъ намудаанд.
Мукофотҳо:
унвони фахрии «Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон», аълочии маорифи ҶТ, аълочии «Тоҷикматлубот», инфтихорномаҳои фахрии КМ Иттифоқҳои касабаи СССР, КМ комсомоли ҷумҳурӣ, Вазорати маорифи ҶТ, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Тоҷикматлубот.