15 марти соли 1946 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таваллуд шудааст.
Соли 1964 мактаби миёнаи № 1 ш. Данғараро ба итмом расонидааст.
Соли 1969 Институти политехники Тоҷикистон (холо – Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон)-ро бо ихтисоси «сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ» хатм намудааст.
Солҳои 1969-1970 дар сафҳои Кувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ (Украина) хизмат намудааст.
Дар давлатҳои Бангладеш, Непал, Шри-Ланка, ШМА такмили ихтисос намудааст.
Соли 1980 дар Институти умумииттифоқии ПОКРУР (Украина) такмили ихтисос намудааст.
Дар конфронсҳои байналмилалӣ бахшида ба масъалаҳои об иштироки фаъолона намудааст(2005, 2008, 2015).
Аъзо-корреспонденти АМ ҶТ (2008), академики АМ ҶТ (2011).
Аъзо-корреспонденти Академияи муҳандисии байналмилалӣ (2013), академики Академияи муҳандисии байналмилалӣ (2015).
Моҳи декабри с.2015 – аъзои Раёсати АМ ҶТ интихоб гардидааст
Рағбати илмӣ:
Мустаҳкамии конструксияҳои охану бетонӣ, мелиоратсияи заминҳо, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ.
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:
Аз июл то ноябри соли 1969 – ассистенти кафедраи «Конструксияҳои охану бетонӣ»-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон.
1970-2009 – меъмори ҳукумати иҷроияи ноҳияи Дангара, сардори қитъаи сохтмон, сармухандиси ПМК № 38, сардори ПМК № 38 ноҳияи Данғара, сардори ПМК № 49-и трест «Дангараводстрой», роҳбари трести «Дангараводстрой», муовини аввали вазири мелиооратсия ва захираҳои оби ҶТ.
Аз соли 2012 то инҷониб – корманди калони илмии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи Илмҳои ҶТ.
Дастовардҳои асосӣ:
Иштирок ва роҳбарӣ дар сохтмони нақби ирригатсионии Данғара.
Соли 2011 китоби «Захираҳои оби Тоҷикистон: ташаббусҳо, ҳолат ва дурнамо» (ҳаммуаллифон Абдусамадов М., Латипов Р.Б.).
Муаллифи 20 мақолаҳои илмӣ, 2 китоб (2008, 2011), ду ихтироот (2015).
Мукофотҳо:
Даҳҳо ифтихорномаи фаҳрӣ дорад, ғолиби мусобиқаи сотсиалистии дар ду панҷсола мебошад.
Соли 2001 аз тарафи Хукумати ҶТ бо унвони «Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадр карда шудааст.
«Сертификати эътирофӣ»-и АИ ҶТ (2016)