3 марти соли 1940 дар ш. Уротеппа (ҳоло – Истаравшан) таваллуд шудааст. То синфи 8 дар зодгоҳ, дар мактаби № 1 ба номи М.Горкий таҳсил карда, соли 1957 дар ноҳияи Шаҳринав мактаби миёнаи № 1 ба номи Н.Островский-ро бо медали нуқра хатм намудааст.
Соли 1963 Донишкадаи политехникии Ленинград ба номи Калининро бо ихтисоси “Техникаи шиддатҳои баланд” хатм намудааст.
Соли 1976 дар ш. Москва рисолаи илмиро ҳимоя намуда сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ гардидааст.
Солҳои 1981-1983 дар Академияи хоҷагии халқи назди Шӯрои Вазирони СССР аз рӯи ихтисоси “Иқтисодиёт, ташкил, идоракунӣ ва банақшагирии хоҷагии халқ” таҳсил намудааст.
Аъзо-корреспонденти Академияи муҳандисии СССР (1990), академики Академияи байналхалқии муҳандисӣ (1992)
Академики АМ ҶТ аз рӯзи ташкилёбиаш (1993) мебошад (дипломи № 2).
Аъзои Президиуми АМ ҶТ, Раиси фахрии ассотсиатсияи энергетикҳои Тоҷикистон мебошад.
Рағбати илмӣ:
электроэнер-гетика, гидроэнергетика
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:
Фаъолияти меҳнатиро соли 1963 аввал ҳамчун лаборанти калон дар Шӯъбаи энергетикаи АИ РСС Тоҷикистон, баъдтар – муҳандиси корҳои бакорандозию батанзимдарорӣ дар Тоҷикглавэнерго оғоз кардааст.
Аз ноябри соли 1963 то маи соли 1965 – сармуҳандиси муассисаи Ҷанубии шабакаҳои электрикии Системаи энергетикии ҶТ.
Солҳои 1965-1981 – Муовини сардори Тоҷикглавэнерго.
С. 1983, баъди хатми Академияи хоҷагии халқ (ш.Москва), сардори Тоҷикглавэнерго таъин шудааст.
Солҳои 1993-2001 – Раиси Ширкати давлатии энергетикии “Бақи Тоҷик”.
Депутати Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон солҳои 1987-1990 аз ҳавзаи интихоботии Дарвоз (Ванҷ). Вакили мардумии ҶТ солҳои 1990-1995 аз ҳавзаи интихоботии Норак.
Иштирокчии Иҷлосияи 16-и Шӯрои Олии ҶТ. Ду маротиба аъзои Комитети марказии ҳизби коммунисти Тоҷикистон интихоб шудааст (1985-1991).
Ҳоло ҳамчун машваратчии ТАЛКО кор карда истодааст
Дастовардҳои асосӣ:
муаллифи зиёда аз 40 кори илмӣ.
Солҳои 1984-1988 роҳбарии сохтмон ва баистифода супории НОБ Бойғозӣ, аз нав муҷаҳҳаз гардонии техникӣ ва азнавсозии гидротурбинаҳо ва гидрогенератор-ҳои НОБ Норакро ба уҳда дошт.
Дар давраи роҳбарии ӯ (солҳои 1983-2001) тавоноии муқарраршу-даи системаи энергетикӣ 26%, шумораи хатҳои ноқилҳои ҷараён ва зеристгоҳҳои систематашкилкунан-да 40% афзун гардида, сохтмони НОБ Роғун идома ёфт, бунёди ш. Роғун амалан ба итмом расид.
Соли 1985 по пешниҳоди ӯ, дар марҳилаи лоиҳакашӣ, НОБ Сангтуда ба НОБ Сангтуда-1 ва НОБ Сангтуда-2 ҷудо карда шуд ва ин имкон дод, ки шаҳраки Сангтуда, маҳалҳои аҳолинишини атрофи он ва заминҳои зироаткорӣ аз зериобмонии банақша гирифташуда нигоҳ дошта шаванд.
Соли 1994 дар Лиссабон, дар ҷаласаи иштирокчиёни Аҳдномаи энергетикии ҷаҳонӣ, бо пешниҳод оид ба қабули қарори алоҳидаи про-токолӣ дар бораи транзити энергияи электрикӣ дар доираи Аҳдномаи энергетикӣ баромад карда ба ворид-кунии он ба аҳднома ноил гардид.
Солҳои 2011-2015 ҳамчун сармашваратчии Гурӯҳи амалисозии лоиҳаои энергетикии назди Президенти ҶТ дар гузаронидани экспертизаи байналхалқии НОБ-и Роғун ҳиссаи арзанда гузошт.
30 октябри соли 2000 дар Женева, дар 25-ӯм Созишномаи байналхалқӣ системаи энергетикии “Барқи Тоҷик” дар шахси Сирожев Б. бо мукофоти “Ситораи тилло барои сифат ва афзалият” қадрдонӣ гардидааст.
Мукофотҳо:
Ду ордени “Нишони фазрӣ”(1971, 1981), медали “Барои хизмати шоиста. Ба муносибати 100-солагии В.И.Ленин”(1970). Унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон” (1998), Ифтихорномаҳои фахрии Президиуми Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон (1980 – барои ба истифода додани агрегатҳои НОБ Норак, 1986 – ба муносибати 50-солагии системаи энергетикии РСС Тоҷикистон), медали хотиравии “10-солагии иҷлосияи 16-ӯми Шӯрои Олии ҶТ” (2002). Аълочии Энергетика ва электрофикатсияи СССР (1967), Ветерани энергетикаи Россия (1995), Энергетики фахрии Украина (2010).