Абдусамадов Мунимҷон

22 сентябри соли 1945 дар ноҳияи Ғончии вилояти Суғд таваллуд шудааст.
Мактаби миенаи №1 шахраки Ғончиро соли 1962 бо медали тилло хатм намуда, соли 1967 факултаи гидромелиоративии Инстиути хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон) – ро бо дипломи сурх аз рӯи тахассуси «муҳандис-гидротехник» ба итмом расонидааст.
Солҳои 1970-1973 аспиранти Донишкадаи ирригатсия ва механизатсияи хочагии кишлоки ш. Тошканд.
Соли 1986 дар Институти муҳандисӣ – заминсозии Масков ва соли 1989 дар Институти гидромелиоративииии Маскав такмили ихтисос намудааст.
Номзади илмхои техникӣ (1975г.), дотсент (1982 г.), аъзо-корреспондент (2000), академики Академияи муҳандисии Тоҷикистон (2002) аз рӯи тахассуси «Экологияи мухандисӣ», якум чонишини Президенти Академияи муҳандисии Тоҷикистон (декабри 2015)
Академики академияи Муҳандисии байналмиллалӣ (2011) аз рӯи тахассуси «хоҷагии об ва гидротехника».
Аз 12 декабри соли 2015 ноиби президенти Академияи муҳандисии Тоҷикистон интихоб гардидааст.
Рағбати илмӣ: мелиорацияи заминҳо, истифодабарии системаҳои гидроме- лиоративӣ, муҳити зист, истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об.
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:
1967-1985 ассистент, муаллими калон, дотсент, муовини декан, декани факултаи гидромелиоративии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳоло ДАТ);
1986-1991 сардори шӯъбаи каналҳои байниноҳиявии системаи оберии Ёвон, сардори шӯъбаи мелиоратсияи экспедитсияи гидромелиоративии Тоҷикистонии Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби XТ;
1991-2011 сардори Бозрасии ҳифзи захираҳои оби Вазорати ҳифзи табиат, Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангал, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз соли 2011 то инҷониб корманди калони илмии Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои ҶТ.
Дастовардҳои асосӣ:
Муаллифи зиёда аз 180 маводи чопшуда: аз ҷумла 160 мақолаҳои илмӣ, 8 китоб (2 адад дар университети шаҳри Киотои Япония), 14 кори методӣ, 11 шаҳодатномаи муаллифӣ (ихтироъ).
Дар давлатҳои ИДМ ва хориҷии дур – Турция, Бангладеш, Олмон, Франция, Полша, Финляндия баромадҳои илмӣ кардааст.
Иштирок дар таҳияи 14 ҳуҷҷати меъёрӣ ба Кодекси обии ҶТ (2000-2002, 2005, 2011-20012) ва 4 ҳуҷҷати меъёрии Конуни оид ба ҳифзи муҳити зист; китоби «Захираҳои оби Тоҷикистон: ташаббусҳо, ҳолат ва дурнамо», ҳаҷм 14 ҷ.ч. Нашр соли 2011, ҳаммуаллифон Нуралиев К. ва Латипов Р.
Мукофотҳо: Даҳҳо ифтихорномаҳои фахрӣ, аз ҷумла бо имзои котиби якӯми КМ ПК Тоҷикистон Ҷ. Расулов (1981), «Аълочии хоҷагии қишлоқи сотсиалистии ИXШС» (1984), ғолиби мусобиқаи соиалистӣ дар 2 панҷсола (9,10), медали XТ ««Барои хизмати шоиста» (1998)», медали Вазорати ҳолатҳои Фавқулоддаи Ҷумҳурии Белорус (2015), «Сертификати эътирофӣ»-и АИ ҶТ (2016)