Авезов Азизулло Хабибович

1 январи соли 1956 дар ш. Хуҷанд тавалуд шудааст. Соли 1973 мактаби № 9 ш. Хуҷандро хатм намудааст.
Солҳои 1974 – 1979 донишҷуи факултаи энергетикии Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон.
Солҳои 1981 – 1983 дар гурӯҳи илмӣ оид ба энергетика дар назди Президенти Академияи илмҳои ИҶШС дар ш. Маскав таҷрибаомузӣ гузашт.
Cолҳои 1983 – 1986 аспиранти Институти марказии иктисодӣ -риёзии АИ ИҶШС, ш. Маскав.
Номзади илм (1986), доктори илм (1999).
Аъзо-корреспонденти АТ ҶТ (1999).
Моҳи декабри соли 2015 аъзои Раёсати АМ ҶТ интихоб гардид.
Рағбати илмӣ: мутахассис дар соҳаҳои иқтисодиёти энергетика, иқтисодиёти минтакавӣ ва истифодаи усулҳои иқтисодӣ-математикии тадқиқот
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:
Солҳои 1973-1974 дар корхонаи “Алмос” дар ш.Хуҷанд хамчун радиомонтажник коркард.
Солҳои 1979–1981 устоди Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон.
1986 – 1993 – ходими илмӣ, ходими калони илмӣ, сардори шӯъба, ҷонишини директор оид ба корҳои илмии Пажӯхишгохи иқтисодии АИ ҶТ, инструктори шӯъбаи иқтисодии КМ ПК Тоҷикистон, аъзои Шӯрои иқтисодӣ дар назди Президенти ҶТ.
1993-2006 – директори Бахши Хуҷандии Пажӯхишгохи иқтисоди ҷаҳонӣ ва алоқаҳои байналхалқӣ, директори Маркази илми иқтисоди Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, Директории генералии барномаи ЮСАИД ва Корпоратсияи Прагма дар Тоҷикистон оид ба тараққиёти бизнеси хурд ва миёна.
Аз 2005 – то имрӯз – профессори кафедраи назарияи иқтисод ва идораи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон, директори ширкати “Бизнес консалтинг групп”.
Дар ташаккули якчанд барномаҳо оиди дурнамои иқтисодиёти Тоҷикистон, аз он ҷумла Барномаи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2016-2020 (қисми саноат) ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (қисми саноат) иштирок мекунад.
Дастовардҳои асосӣ:
Муаллифи зиёда аз 80 кори илмӣ, аз ҷумла 6 рисола мебошад.
Бо роҳбарии ӯ 3 рисолаҳои номзадӣ ва 1 докторӣ ҳимоя карда шудааст.