Азизов Бозоралӣ Сатторович

9-уми августи соли 1946 дар ш. Кулоби РСС Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Соли 1963 мактаби миёнаи №5-и ш. Кулобро хатм намуд
1963-1965 – донишҷӯи факултаи технологияи химиявии Институти политехникии Тоҷикистон.
1965-1969 – идомаи таҳсил дар Институти технологии ба номи Ленсовети ш. Ленинград.
1969 – 1972 – аспиранти Институти кимиёи АИ РСС Тоҷикистон.
Номзади илми кимиё (1972)
Аъзо-корреспонденти АМ ҶТ (1995).
Доктори илмҳои техникӣ (2003), профессор.
Академики Академияи Мухандисии ҶТ (2005)
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:
1972-1974 – корманди хурди илмии Институти кимиёи АИ РСС Тоҷикистон.
1974–1992 – муаллими калон, дотсент, мудири кафедраи «Кимиёи умумӣ»-и Институти политехникии Тоҷикистон.
1992-1993 – мудири шӯъбаи саноати химиявӣ ва металлургии Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1993-1994 – муовини мудири Шӯъбаи саноати дастгоҳи Шӯрои Вазирони ҶТ
1994-2000 – мудири шӯъба, сардори хадамоти тайёр кардани кадрҳо заводи алюминийи Тоҷикистон аввал ба вазифаи
2000-2010 проректор оид ба корҳои илмӣ ва равобити хориҷии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон
2010-2014 – муовини директор оид ба корҳои илмии Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии металлургия»-и КВД «Ширкати алюминийи тоҷик»
2014 – то ҳол – сарходими илмии Пажӯҳишгоҳ.
Дастовардҳои асосӣ:
3 монографияи илмӣ, зиёда аз 200 мақолаҳои илмӣ, 10 патенти миллӣ ва 5 патенти евроосиёгӣ баро ихтироотҳо.
Мукофотҳо:
Ҷоизаи давлатии ҶТ дар соҳаи илм ва техника ба номи Абуалӣ Сино (2001)
Аълочии маорифи ҶТ (2003)
Медали тиллоии Созмони патентии Евроосиёӣ (2013)