Азим Иброхим

1 марти соли 1962 дар ноҳияи Мир Саид Алии Хамадонӣ (собик нохияи Москва), вил. Хатлони Чумхурии Точикистон таваллуд ёфтааст.
Соли 1979 мактаби миёнаи №7 ба номи С. Турдиеви ноҳияи мазкурро хатм намудааст.
Солхои 1979-1984 Донишкадаи политехникии Тошкандро бо дипломи аъло ҳатм намудааст.
Солхои 1985-1988 аспиранти Донишкадаи политехникии Тошканд.
Номзади илмҳои техникӣ (1992).
Академияи академияи байналмилалии захирахои минерали (Россия, 2008)
Академики академияи мухандиси (Точикистон, 2009).
Академики Академияи мухандисии байналмилалӣ (Москва, 2015).
Моҳи декабри соли 2015 аъзои Раёсати АМ ҶТ интихоб гардид.
Рағбати илмӣ:
Умури маркшейдери; Геомеханика; Геодинамика; Геотектоника; Сейсмология; Геологияи иктисоди; Экология; Умури кухи.
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:
1984-1992 – коромӯз – муҳаққиқ, аспирант, ассистенти кафедраи геодезия ва маркшейдерии Институти политехникии Тошканд;
1992-1994 – муаллими калони кафедраи «Физикаи умумӣ ва графикаи муҳандисӣ», декани факультаи саноати сабук, муаллими калони кафедраи физикаи эксперименталии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон.
1994-2004 – муовини якуми Раиси Кумитаи назорати давлатӣ ва бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Шурони Вазирони Тоҷикистон;
ҷонишини якуми раиси Кумитаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои ороишии назди Ҳукумати ҶТ; ҷонишини вазир – сардори Департаменти саноати маъдани кӯҳи ва металлҳои қиматбаҳои Вазорати саноати ҶТ.
2004-2005 – раиси ноҳияи Синои ш. Душанбе.
2005-2013 – сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҶТ.
Аз соли 2014 то ҳоло – муовини Сарвазири ҶТ.
Шуглхои дигар:
Узви иттиходи рузноманигорони:
Точикистон (1998); Россия ( 2003).
Конфедератсияи байналмиллалии рузноманигорон (Брюсел, 2003).
Шоир, муаллифи маҷмӯъаи шеърҳо. Шуғли дӯстдошта: мусики; варзиш (футбол, баскетбол, гандбол, волейбол ва тенниси рӯи мизӣ).
Дастовардҳои асосӣ:
5 монография (3 –ҳаммуаллифӣ),
60 мақолаи илмӣ ва илмӣ – оммавӣ, 6 ихтироъ (5- ҳаммуаллифӣ).
Мукофотҳо:
Ордени «Шараф» дараҷаи II (2001);
Ходими шоистаи Тоҷикистон (2011);
Ифтихорномаи Кумитаи Ичроияи ИДМ (2010);
Металлурги хизматнишондодаи Точикистон (2014);
Аълочии фарханги Точикистон (2005).