Ашуров Нурулло

27 сентябри соли 1941 дар қишлоқи Марғаки ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар оилаи хизматчӣ таваллуд ёфтааст.
Ӯ соли 1958 мактаби миёнаи ба номи Сталини ноҳияи Советро (ҳоло – Темурмалик) хатм карда, пас дар ҳунаристони № 40 шаҳри Душанбе таҳсил карда, соҳиби ихтисоси электрики соҳаи хоҷагии қишлоқ мегардад.
Соли 1967 факултаи гидромелиоративии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон) бо ихтисоси муҳандис-гидротехник ба итмом расонид.
Аъзо-корреспонденти академияи Муҳандисии Тоҷикистон (2000), академики академияи Муҳандисии Тоҷикистон (2002).
Аъзо-корреспонденти академияи Муҳандисии байналмиллалии муҳандисӣ (2004).
Соҳиби 4 фарзанд ва 6 набера.
Рағбати илмӣ: обёрии заминҳо, сохтмони иншоотҳои гидротехникӣ, экология
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:
1968-1980 – муҳандиси лоиҳакаш, муҳандиси сохтмони иншооти обӣ, сардори шӯъбаи сохтмони идораи об, муҳандис, сардори идораи сохтмони № 2 Вахш (СМУ-2).
1980-1987 – сардори трести сохтмони «Қӯрғонтеппадеҳот».
1988 – 1990 – сардори трести «Данғараводстрой»
1990 – 1992 – муовини вазир– директори генералии «Тоҷикселезашита»-и Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии об.
1992 – 1996 – ҷонишини аввал ва солҳои 1996-1998 вазири мелиоратсия ва хоҷагии оби Тоҷикистон
1998 – 2006 – директори Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба барқароркунии оқибатҳои табиӣ ва муовини аввали вазири мелиоратсия ва хоҷагии оби Тоҷикистон.
Дар фаъолияти кориаш дар азхуд кардани заминҳои обии водии Вахш, Ғараутӣ, Қабодиён, Бешкент, Шаҳртуз ва Данғара иштирок намудааст.
Дастовардҳои асосӣ:
Муаллифи 3 китоб ва 18 мақолаҳои илмӣ, аз он ҷумла: «Грозные явления природы Таджикистана» (2000) ва «Сохраним природу Таджикистана» (2001).
Ӯ вакили шӯрои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва Шӯрои Олии ҶТ интихоб шудааст.
Мукофотҳо: Корманди шоистаи Тоҷикистон ва бо орденҳои «Шараф» ва « ……» қадр карда шудааст.