Бабаджанова Хуршеда Иномовна

31 июли соли 1960 дар ш. Душанбе таваллуд ёфтааст.
Хатмкунандаи факултаи биологии Донишгоҳи авлатии миллӣ (1982)
Дар Донишгоҳи Небраскаи Линкольн (штати Небраскаи ИМА) мувофиқи барномаи мубодила ду маротиба таҷрибаомӯзи гузаштааст.
Номзади илмҳои биологӣ (1990), дотсент (2003).
Аъзо-корреспондентиАкадемияи муҳандисии Тоҷикистон (2002)
Бо маърузаҳои илмӣ дар давлатҳои ИДМ ва Туркия баромад кардааст.
Рағбати илмӣ: биотехнологияи растаниҳо, бехатарии биологӣ, амнияти озуқаворӣ, маърифати экологӣ ва биологӣ
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:
1981-1982 – лаборанти калони гуруҳи илмии кафедраи биохимияи факултаи биологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
1982-1991 – лаборанти калон, ходими хурди илмӣ, ходими калони илмии гуруҳи илмии кафедраи биохимияи факултаи биологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
1991 – 2005 – муаллими калони кафед-раи фанҳои умӯмӣ, мудири кафедраи кимиё, мудири кафедраи кимиё ва биохимия, мудири кафедраи биохимия ва технологияи маҳсулоти хӯрока, декани факултаи саноати сабук, сардори мудирияти илм ва технологияи ҳӯрокворӣ, муовини ректор оиди илм ва робитаҳои берунии Донишкадаи Технологии Тоҷикистон.
1996-2000 – руководитель студенческого движения SIFE (Студенты в свободном предпринимательстве). Команда под ее руководством стала чемпионом национальных игр и заняла второе место в лиге на международных соревнованиях в Канзас-сити, США, 1999 г.
2005-2007 – муовини ректор оиди корҳои таълимӣ Донишкадаи технологияи инновационӣ ва коммуникатсия.
2007-2009 – проректор оид ба илм ва алоқаи берунии Донишкадаи технологияи инновационӣ ва коммуникатсия
2009-2011 – эксперти барномаҳои таълимии Фонди Сорос (Тоҷикистон).
2009 – 2010 – аъзои гуруҳи кори байниидоравӣ оид ба коркарди Стратегияи рушди бозори меҳнат то соли 2020
2009 – то холо роҳбари Маркази биотехнологияи ДДМТ.
Дастовардҳои асосӣ:
Муаллифи 110 корҳои илмӣ, аз он ҷумла 95 мақолаҳои илмӣ, 2 монография, 13 дастури таълимӣ.
Мукофотҳо: Ифтихорномаҳои фахрии Вазорати энергетика ва саноати ҶТ (2000, 2005)