Сафаров Фузайл Метинович

05 феврали соли 1958 дар ноҳияи Исфараи вилояти Суғд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик.
Соли 1975 мактаби миёнаи деҳаи Ворухи ноҳияи Исфараро хатм кардааст.
Соли 1983 факултети механикӣ –технологии Институти политехникии Тоҷикистонро (ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ) хатм намудааст.
Аспирантураи Институти илмӣ- таҳқиқотии саноати пахтатозакунии Вазорати саноати сабуки ИҶШС – ро дар шаҳри Тошканд соли 1991 хатм кардааст.
Номзади илмҳои техникӣ (2006, Кострома), дотсент (2010).
Аъзо-корреспондентиАкадемияи муҳандисии Тоҷикистон (2015).
Рағбати илмӣ: такмилдиҳии раванди технологии коркарди нахҳои табиӣ
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:
Фаъолияти кориашро пас аз хатми Донишкадаи политехникии Тоҷикистон дар соли 1983, аз рӯи ихтисоси «Мошинҳо ва дастгоҳҳои саноати бофандагӣ», тахассуси “Коркарди аввалини пахта” ҳамчун ассистенти кафедраи «Технология, мошинҳо ва дастгоҳҳои коркарди аввалини пахта» оғоз кардааст. Аз ҳамон сол сар карда, дар вазифаҳои ассистент, ходими хурд ва калони илмӣ, муаллими калон, дотсент кор карда, аз сентябри соли 2007 иҷрокунанадаи вазифаи мудир ва аз августи соли 2008 мудири кафедраи «Технология ва таҷҳизоти коркарди пахта» – и Донишгоҳи техникиии Тоҷикис-тон ба номи академик М.С. Осимӣ мебошад.
Ҳамзамон аз соли 2010 котиби Шӯрои олимони Донишгоҳи техникиии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ мебошад.
Дастовардҳои асосӣ:
Муаллифи зиёда аз 170 мақолаҳои илмӣ ва дастурҳои таълимӣ-методӣ, 8 их-тирооти Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди такмили техника ва технологияи коркарди пахта мебошад. Иштирокчии як қатор кон-ференсияҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ дар Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон мебошад.
Натиҷаи корҳои ба сомон расидааш дар як қатор корхонаҳои пахтатозакунии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, институт-ҳои лоиҳакашии соҳа васеъ истифода шуда, дар китобҳои дарсӣ, дастурамалҳо, ҳуҷҷатҳои меъёрӣ – технологии соҳа дарҷ гардидаанд ва дар раванди хониш истифода мешаванд.
Мукофотҳо: Аълочии Маорифи Тоҷикистон. Ифтихорномаҳои КМ ЛКСМ Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикис-тон дар солҳои 2008-2009.