Хакимов Рауф Орипович

1 декабри соли 1958 дар деҳаи Қалъаи Эшони ноҳияи Ғончӣ таваллуд ёфтааст. Мактаби миёнаи № 14-и ноҳияро соли 1976 хатм намудааст.
Соли 1976 ба факултаи «Сохтмонӣ -меъморӣ»-и Донишкадаи Политехникии Тоҷикистон ба ихтисосӣ «Обтаъминкунӣ ва обпартоӣ» дохил шуд. Соли 1979 ба таври гузариш ба Донишкадаи мухандисӣ-сохтмонии ш. Киев (Украина) хонданро давом дод ва соли 1981 онро хатм намуд.
1985-1989 – таҷрибаомӯз, аспиранти Донишкадаи муҳандисӣ – сохтмонии ш. Москва.
Номзади илмҳои техникӣ (1989).
Таҷрибаомӯзӣ оид ба Технологияи обтаъминкунӣ ва ҳифзи муҳити зист дар ШМА (2000).
Аъзо-корреспонденти академияи Мухандисии ҶТ (2012).
Рағбатӣ илмӣ:
обтаъминкунӣ ва обпартов, ҳифзи муҳити зист, таҷхизот ва иншоотҳо оид ба тоза намудани обҳои табиӣ.
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:
1981-1984 – ассистенти кафедраи ВиК ДПТ.
1985-1989 – стажёр, аспиранти кафедраи «Обтаъминкунӣ»-и донишкадаи муҳандисӣ-сохтмонии ш. Москва.
1989-1993 – ассистент, муаллими калон, и.в. доценти кафедраи ВиК ДПТ.
1994-2000 – директори генералии иттиходияи «Тоҷикводоканал».
2000-2004 – мутахассиси пешбар оид ба обтаъминкунии Лоиҳаи «Обтаъминкунии ш. Душанбе», ки аз тарафи Бонки Умумиҷаҳонӣ маблағгузори карда шудааст.
2005- то ҳоло – директори ПОО «R-CO», ки оид ба таъмини таҷҳизотҳои обтаъминкунӣ ва канализатсия махсусгардонидашуда барои маҳалҳои аҳолинишини ҶТ.
Дастовардҳои асосӣ:
Муаллифи 18 кори илмӣ.
Солҳои 2000-2004 дар Лоиҳаи барқароркунии ҳавзи обтаъминкунии шабонарӯзии (ҲОШ) ш. Душанбе
Мукофотҳо:
Бо Ифтиҳорномаҳои Донишкадаи политехникии Тоҷикистон (1992), Вазорати ҳоҷагии манзили-коммуналии Тоҷикистон (1998),