Абдурасулов Анвар Абдурасулович

21 январи соли 1947 дар ноҳияи Данғараи Вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик.
Соли 1953 мактаби ҳафтсола ва соли 1964 синфи 11-и мактаби шабонаи ҷавонони қишлоқи назди мактаби миёнаи № 5 деҳаи Пушинги ноҳияи Данғараро хатм кардааст.
Соли 1969 факултети Физикаи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро хатм кардааст.
Солҳои 1973-1976 аспиранти аспирантураи Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон будааст.
Солҳои 1970 – 1972 ҳамчун афсар дар сафи қувваҳои муссалаҳи СССР хизмат намудааст.
Номзади илмҳои физика ва математика (1989), дотсент (1991), ходими калони илмӣ (1991).
Узви вобастаи (аъзо-корреспонденти) Шӯъбаи Точикистонии Академияи байн-алмиллалии мактабҳои олӣ ва Академияи муҳандисии Тоҷикистон (2013).
Рағбати илмӣ: хосиятҳои ғайримузвозитаии моеъҳо дар рӯйдодҳои динамикӣ, соҳаи энергетикаи ғайрианъанавию алтернативии энергия (асосан энергияи офтоб ва энергияи дарёҳои хурд)
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:
Солҳои 1961-1964 ҳамчун колхозчӣ дар колхози ба номи К. Маркси ноҳияи Данғара кор кардааст
1969-1989 – лаборанти калон, ходими хурди илмӣ, ходими илмӣ, ходими калони илмии Институти физика ва техникаи ба номи С.У.Умарови АФ РСС Тоҷикистон
1989- 2001 муаллими калон, дотсент, декани факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон
2001-2005 директори институти физика ва техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
2005 – 2013 ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ
2014 то ҳоло мушовири ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ва и.в. профессори кафедраи физикаи ҳамин донишгоҳ.
Солҳои 2010-2015 вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, Раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои меъморӣ, шаҳрсозӣ, сохтмон ва ободонӣ.
Дастовардҳои асосӣ:
Яке аз ташкилдиҳандагони мактабҳои тобистонаи физикҳо ва математикҳои Ҷумҳурӣ (1973-1992), ташаббускори ташкили мактаби «Физикҳои ҷавон» барои хонандагони ш. Душанбе ва ноҳияҳои атрофии он (1973 – 1988) мебошад.
Муаллифи зиёда аз 100 мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-методӣ.
Таҳти роҳбарии ӯ ду нафар рисолаҳои номзадӣ дифоъ намуда, боз ду нафари дигар дар арафаи ҳимоя мебошанд.
Мукофотҳо: Ифтихорномаҳо, нишони «50 солагии комсомоли Тоҷикистон» (1975), нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1981), «Ордени Шараф» дараҷаи II (2010).