27 майи соли 1938 дар ш. Душанбе таваллуд шудааст.
Солҳои 1944-1948 дар ш. Сухой Логи Урал зинадагӣ ва таҳсил намудааст.
Соли 1956 мактаби миёнаи умумии № 21 ш. Душанберо хатм кардааст.
1956-1961 – донишҷӯи Институти политехникии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (ДТТ) ба номи академик М.С. Осимӣ).
Аспиранти Институти политехникии ш. Киев (1961 -1965).
Номзади илмҳои техникӣ (Киев, 1965), дотсент (1968), профессор (2000).
Аъзо – корреспонденти АМ ҶТ (1995), академики АМ ҶТ (1998).
Аъзо корреспонденти АМБ (2000)
Рағбати илмӣ:
Ҳалли системавии масъалаҳои инфор-матикӣ, тараққиёти техникаи ҳисоббаро-рӣ ва ташкили мактаби илмии «Метод-ҳои идентификатсияи модулятсионӣ –интегралӣ»
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:
1959 -1960 – дар пайвастагӣ бо таҳсил дар институт дар мактаби № 8 ш. Душанбе, муаллими электротехника.
1965- 2011 – ассистент, муаллими калон, дотсент, профессор ва мудири кафедра-ҳои «Ҳаракдиҳандаи автоматикунонида-шудаи электрикӣ ва мошинаҳои электрикӣ», «Автоматика ва техникаи ҳисоббарор» (1971-1984), «Информатика ва техникаи ҳисоббарор» дар вазифаҳои «Автоматика ва техникаи ҳисоб-барор» (1999-2011) ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ.
1986-1988 муовини аввали вазири Маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси Тоҷикистон.
Аз соли 2011 то имрӯз ҳамчун профессори кафедраи «Информатика ва техникаи ҳисоббарор»-и ДТТ ба номи академик М.С.
Дастовардҳои асосӣ:
Муаллифи зиёда аз 250 корҳои илмӣ ва таълимӣ – методӣ, 4 шаҳодатномаи муаллифӣ.
Таҳти роҳбарии ӯ мактаби илмии «Назария ва амалияи усулҳои идентифи-кацияи модулятсионии интегралӣ» фаъолият мекунад, ки дар он 18 нафар рисолаи номзадиро ҳимоя намудаанд.
Самти илмии «Усулҳои идентификатсияи модулятсионӣ – интеграли»- ро инкишоф медиҳад.
12 номзади илмро тайёр намудааст, роҳбари илмии семинари умумишаҳрии назди ДТТ «Технологияи ахборотии коммуникатсионӣ дар электроэнергетика ва идораи он» мебошад.
Мукофотҳо:
Ордени Рефолютсияи Октябр (1977), Ифтихорномаи Президиуми Шӯрои олии Тоҷикистон (1988), “Корманди шоистаи Точикистон” (1998), «Аълочии барқи тоҷик” (1998).