Ҷураев Тухтасун

5 маи соли 1945 дар ш. Исфара таваллуд ёфтааст.
Мактаби миёнаи № 12 ш. Исфара-ро соли 1963 хатм намуд.
Соли 1968 бо дипломи аъло факултаи кимиёи Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро хатм кардааст.
1968-1971 – аспиранти кафедраи «Масолеҳшиносӣ»-и факултаи Физика ва кимиёи Донишкадаи техникаи электронии Москва.
Номзади илмҳои кимиё (Донецк, 1972)
Доктори илмҳои кимиё (Москва, 1991), профессор (1994).
Аъзо-корреспонденти АМ ҶТ (1994)
Академики Академияи мухандисии ҶТ (2013)
Аъзо-корреспонденти Академияи Мухан-дисии Байналмиллалӣ (2015)
Рағбати илмӣ:
металлургияи металлҳои сиёҳ ва ранга, термодинамикаи хӯлаҳо, асосҳои зуҳуроти ирсӣ дар табиати ғайриорганикӣ (дар металлҳо ва хӯлаҳо)
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:
1972-1982 – ходими хурди илмӣ, ходими калони илмии лабораторияи «Металлургияи металлҳо ва хӯлаҳои дақиқ»-и Пажуишгоҳи кимиёи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
1986 – сардори сеҳи Муассисаи таҷрибавӣ-истеҳсолии моддаҳои тозагиашон хосаи АИ ҶТ
(МТИ МТХ) при АИ ҶТ
1991 – сармуҳандиси МТИ МТХ,
1995 –директори техникии Иттиҳодияи истеҳсолии «Амал» назди АИ ҶТ
1996-2013 – мудири кафедраи «Металлургияи металлҳои ранга» (ММР)-и ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ
2014 г. то ҳол – профессори кафедра ММР
Дастовардҳои асосӣ:
Муаллифи зиёда аз 350 корҳои илмӣ ва методӣ, аз он ҷумла 25 шаҳодатномаи муаллифӣ.
Таҳти роҳбарии ӯ 12 рисолаи номзадӣ ҳимоя шудааст.
Мукофотҳо:
Ихтирокори ИҶШС (1978), Аълочии маорифи ҶТ (2001)