Эшмирзоев Исмат

Соли 1952 дар деҳаи Оқ-Газаи шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло ноҳияи Сарбанд) таваллуд ёфтааст.
Соли 1973 факултаи гидромелиора-тивии Институти хоҷагии кишлоқи Тоҷикистонро (ҳоло ДАТ) хатм намудааст.
Номзади илмҳои техникӣ (2000).
Аъзо-корреспонденти академияи Муҳандисии ҶТ(2014)
Рағбати илмӣ: ташаккулёбии захираҳои об, бехатарии сарбандҳо, рушди Ассотсиятсияҳои истифодабарандагони об, идоракунии ҳамгироии захираҳои об, ҳифзи муҳити зист.
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:
1973-1980 – усто, прораб, сардори қитъа, шӯъбаи истеҳсолӣ-техникӣ, сармухандис ва сардори корхонаи Колоннаи сайёрии механиконидашудаи (КСМ) трести «Вахшводстрой»-и Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Тоҷикистон;
1980-1982 – муовини аввали раиси Кумитаи иҷроияи ноҳияи Коммунистӣ (ҳоло Бохтар);
1982-1986 сардори трести «Кӯрғонтеппамелиоводстрой»;
1986-1990 – мудири шӯъбаи сохтмон ва роҳбари дастгоҳи ПК вилояти Курғонтеппа ва Хатлон;
1990-1992 – муовини авали раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Қурғонтеппа;
1993-1994 – муовини Вазири сохтмони ҶТ;
1994-1996 – Вазири мелоиоратсия ва хоҷагии оби ҶТ;
1996-1999 – муовини Сарвазири ҶТ;
1999-2003 – Раиси ширкати давлатии «Тоҷиксохтмон»;
2003-2007 – муовини Вазири мелиоратсия ва хоҷагии оби ҶТ;
2007- июли 2015 – сардори шӯъбаи дастгирии Ассотсиатсияҳои истифода-барандагони оби Вазорати мелиоратсия ва заҳираҳои об, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дастовардҳои асосӣ:
18 мақолаҳои илмӣ, 12 корҳои методӣ,
таҳияи лоиҳаи Кодекси оби ҶТ, қонун, қарор ва Барномаҳои давлатӣ дар соҳаи об, сохтмон, нақлиёт ва ҳолатҳои фавқулода
Мукофотҳо: Ифтихорномаи Ҳукумати ҶТ(1995), ифтихорномаҳои вазорату идораҳо, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1998)