Иркаев Бахор Нигматович

10 марти соли 1953 дар ш.Душанбе таваллуд шудааст.
Соли 1973 факултети физика Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси физик-оптик хатм намудааст.
Номзади илмҳои физикаю математика (1984).
Аъзо-корреспонденти Академияи муҳандисии Тоҷикистон (2008), узви Ҷамъияти астрономии Аврупою Осиё.
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:
1973-1999 – ходими илмии хурд, калон ва пешбар, директори расадхонаи байналхалқии Санглохи Пажуҳишгоҳи астрофизикаи АИ ҶТ.
1999-2000 – мудири озмоишгоҳи Геодинамикаи Сарраёсати геодезия ва картографияи назди Ҳукумати ҶТ.
2000 ба Маркази тадқиқотҳои стратегии назди Прзиденти ҶТ, барои идома додани тадқиқотҳо оид ба кам шудани захираҳои обу пиряхҳои Тоҷикистон, ба кор гузаронида шудааст.
Солҳои 2000-2005 – сардори маркази компютерии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон.
Солҳои 2005-2006 – менеҷер оид ба алоқаҳои корпоративӣ дар ҶММ “Таком”.
Аз соли 2007- омӯзгор дар Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Россия.
Солҳои 2010-2011 – директори парки технологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Аз соли 2011 то ҳозир – омӯзгор дар Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Россия.
Дастовардҳои асосӣ:
Муаллифи зиёда аз 50 мақолаҳои илмӣ,2 китоб (дар ҳаммуаллифӣ) оид ба омӯзишӣ компютерӣ