Каландарбеков Имомёрбек

21-ӯми январи соли 1955 дар деҳаи Рожи ноҳияи Шуғнон ВМКБ Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд ёфт.
1972-1977 – донишҷӯи факултаи сохт-мон ва меъмории Донишкадаи политех-никии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ).
1981-1985 – аспирантураи Донишка-даи муҳандисию бинокории ба номи В.В. Куйбышеви шаҳри Москва.
Номзади илмҳои техникӣ (1986), доктори илмҳои техникӣ (2009, Донишгоҳи давлатии сохмони шаҳри Москва).
Аъзо-корреспондентиАкадемияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2002).
Рағбати илмӣ:
механикаи сохтмонӣ
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:
1980-1981 – коромӯз – тадқиқотчии Донишкадаи муҳандисию бинокории ба номи В.В. Куйбышеви шаҳри Москва
1985 – 1993 – муаллими калон ва баъдан дотсенти кафедраи «Конструксияҳои оҳану бетонӣ»
1993 -дотсенти кафедраи фанҳои табии-илмӣ,
1993-1995 – сардори шӯъбаи таълим (дар як вақт мудири шӯъбаи ғоибона)-и Донишгоҳи давлатии Хоруғ
1995-2000 – проректор оид ба корҳои таълим ва илм
2000-2001 – проректор оид ба муносибатҳои байналхалқӣ, тиҷорат ва тарбия
2001-2003 проректор оид ба корҳои таълим ва тарбия
2003 -2012 проректор оид ба корҳои таълими Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев
1997 – 2003 мудири кафедраи фанҳои муҳандисиро низ иҷро кард.
2012-2014 – ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев
Аз соли 2015 то имрӯз – сарходими илмии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АИ ҶТ
Дастовардҳои асосӣ:
Муаллифи ду монографияи илмӣ, зиёда аз 90 мақолаҳои илмӣ, 4 дастури таълимӣ-методӣ, тавсия оиди истифодабарии методи мутамарказку-нии деформатсияҳо барои ҳисоби иморатҳои бисёрошёна,
Мукофотҳо:
Нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон (2001), Ордени Шараф дараҷаи 2 (2004), ба ифтихори рузи Муаллимон аз тарафи Президенти кишвар бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадр карда шуд (2006)