Каримов Фаршед Хилолович

16 октябри соли 1949 дар. ш. Душанбе таваллуд ёфтааст. 
Соли 1966 мактаби №1-и ш. Душанберо ба итмом расонид.
Соли 1972 факултаи физикаи Донишгоҳи Давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов (МГУ) хатм намуд. 
1972 – 1974 – хизмат дар сафи Армияи Шуравӣ бо унвони лейтенант 
Номзади илмҳои физикаю математика (1979, Москва). 
Доктори илмҳои физикаю математика (1993, Москва)
Узви вобастаи Академияи муҳандисии Тоҷикистон (1993).
Узви пайвастаи Академияи муҳандисии Тоҷикистон (1999).
Узви пайвастаи Академияи муҳандисии байналмилалӣ (2000)
Аз с. 1999 –ноиби президенти АМ ҶТ.
12 декабри соли 2015 такроран ноиби президенти АМ ҶТ интихоб гардидааст.
Дар давлатҳои ДММ ва хориҷии дур, Австрия, Олмон, Ҳиндустон, Эрон, Покистон, ШМА, Таиланд, Турция, Чехия, Шветсария, Ҷопон ва Чин бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намудааст.
Рағбати илмӣ:
Геофизика, тектономагнетизм, физикаи ҳодисаҳои  магнитӣ, геомеханика, геоэкология.
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:
1980 – 1990 – ходими илмӣ, геофизик, мудири гурӯҳи геофизикӣ, муовини директор оид ба илм Институти сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон (ИСЗТС АИ ҶТ).
1990 – 1992 ва 1998 – 2000 саргеофизик ва сармуҳандис дар институти тадқиқотҳои инженерию техникӣ (ГИИНТИЗ).
1993-1997 – профессори кафедраи  геологияи мухандисӣ ва гидрогеологияи факултаи геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
1998 г. – 2000 г. – саринженери АООТ ГИИНТИЗ. 
2000-2004 – проректор оиди робитаҳои хориҷӣ ва профессори кафедраи физика ва механикаи мухандисии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон. 
2004-2011 – муовини директори Институти сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм.
2011 – 2013 – мудири лаборатория тадқиқотҳои комплексии геофизикӣ дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз соли 2013 то холо – профессори кафедраи геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданоки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Иштирок ва роҳбарӣ дар ташкил кардани шабакаи мушоҳидаҳои магнитии баланд хассос оиди тадқиқотҳои табиати заминҷунбиҳо дар қаламрави Тоҷикистон (1980-1990), сохтани се асбоб – Установка для измерения УЭС грунтов (на постоянном токе) – ТаджикГИИНТИЗ (1991), Установка для измерения УЭС грунтов (на переменном токе) – ТаджикГИИНТИЗ  (1991), Усовершенствованная установка для измерения УЭС грунтов – ТаджикГИИНТИЗ (1999), корҳои геофизикию муҳандисй-инженерӣ дар объектҳои саноатй ва гражданй (аз ин ҷумла роҳи оҳани Курғон-Теппа–Кулоб (1998-2000 сс.), корҳои минтақабандии сейсмикй  «Сейсмическое микрорайонирование пос. Фархор» (бо ҳамкорй бо АООТ ГИИНТИЗ), «Сейсмическое микрорайонирование участка строительства ГЭС Сангтуда-1» (бо ҳамкорй бо Гидропроект, ш. Ташканд) и «Сейсмическое микрорайонирование г. Рогуна» (бо ҳамкорй бо АООТ ГИИНТИЗ) (2005-2008 сс., роҳбарии илмй оиди як чанд силсилаи лоиҳаи байналмилалй баҳшида ба бехатарии геоэкологй дар ҶТ (2004-2012 сс.). 
Роҳбари корҳои илмй-таҳқиқотй оиди мавзуҳои буҷавии зерин: «Исследование сейсмичности территории Таджикистана по данным сейсмогеофизических наблюдений» (2006-2010 гг.) ва «Комплексные сейсмогеофизические исследования на территории Таджикистана с целью снижения сейсмического риска» (2011-2015 сс.). 
Роҳбари илмӣ дар ду рисолаи номзади илм ва дигар корҳои илмии аспирантон ва унвонҷӯён. 
Дастовардҳои асосӣ:
Муаллифи зиёде аз 270 корҳои илмй ва илмй-методй (маколаҳо, фишурдаҳо, 5 китоб, 10 ҳисоботи илмй – (бо ҳам муаллифӣ),  муҳаррири 15 китоб ва маҷаллаҳо.
Мукофотҳо:
Миннатдории Вазорати сохтмони РСС Тоҷикистон (с. 1967), Ифтихорномаи қ/ҳ 21462 (1974с.), Ифтихорномаи фахрии Кумитаи Давлатй оиди сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон (1999 с.), Медали ёдгорй ба 100-солагии аз рӯзи тав. академик М.А. Садовский (2004 с.), Ифтихорномаи фахрии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (2008 с.).