Каримов Музафар Каримович

15 феврали соли 1949 дар деҳаи Устошамси ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст.
1955-1965 – таҳсил дар мактаб интернати №2 ноҳияи Файзобод.
Хатмкардаи факултаи биологияи ДМТ (1970).
Номзади илмҳои биологӣ (Москва, 1979)
Доктори илмҳои биологӣ (1998), профессор (2002)
Аъзо-корреспонденти АМ ҶТ (2013 )
Рағбати илмӣ:
Муҳандисии генӣ ва ҳуҷайравии зироатҳои кишоварзӣ.
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:
1970-1973 – ассистенти кафедраи Физиологияи растаниҳои факултети биологияи ДМТ
1973-1974 коромӯзи Донишгоҳи давлатии шаҳри Москва ба номи В.И. Ломоносов
1974-1977 аспиранти Институти Генетикаи Академияи илмҳои СССР. 1977-1980 ходими хурди илмии Институти физиология ва биофизикаи растаниҳои АИ ҶТ
1980-1986 – ходими калони илмии Институти физиология ва биофизикаи растаниҳои АИ ҶТ.
1986-1988 – мудири лабораторияи «Биокимиёи фотосинтез»- и Институти Физилогия ва биофизикаи растаниҳои АИ ҶТ.
1988-1993 – дотсенти кафедраи физиологияи растаниҳо ва биотехнологияи ДАТ.
1993-1999 – мудири кафедраи технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзии ДАТ
1999-2001 ноиби ректор оид ба корҳои маъмурию хоҷагидории ДАТ
2001-2013 декани факултети боғдорӣ ва биотехнологияи кишоварзии ДАТ.
Аз соли 2013 то ҳол – мудири кафедраи Физиологияи растаниҳо ва биотехнологияи факултети боғдорӣ ва биотехнологияи кишоварзии ДАТ ба номи Ш. Шотемур.
Дастовардҳои асосӣ:
Муаллифи зиёда аз 110 мақолаҳои илмӣ-методӣ, чор китоби дарсӣ-таълимӣ, ду патенти ихтироотӣ
Мукофотҳо:
«Аълочии Маориф» – и ҶТ (2002), «Ифтихорнома»-и ҶТ (2005), Медали ҷашнии «80-солагии ДАТ ба номи Ш. Шотемур» – (2011), «Корманди Шоистаи Тоҷикистон» – (2013).