Қасобов Лоиқ Сафарович

17 октябри соли 1982 дар ноҳияи Исфараи Вилояти Суғд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик.
Соли 1999 Гимназия – литсейи деҳаи Ворухро ноҳияи Исфараро хатм кардааст.
Соли 2004 факултети Энергетикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимиро хатм намудааст.
Аспиранти Донишгоҳи давлатии техникии Новосибирск (солҳои 2007-2010).
Номзади илмҳои техникӣ (2010), дотсент (2011).
Аъзо-корреспонденти Академияи муҳандисии Тоҷикистон (2015).
Рағбати илмӣ: таҳлили реҷаҳои кории системаи энергетикӣ ва таҷҳизоти электрикӣ.
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:
2004 – 2007 коромӯз – тадқиқотчии кафедраи «Неругоҳҳои электрикӣ»- и ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ.
2007-2010 аспиранти донишгоҳи давлатии техникии Новосибирск
Аз соли 2010 муаллими калон, аз соли 2011 дотсент.
Аз соли 2012 и.в. мудир ва аз соли 2013 то имрӯз мудири кафедраи «Неругоҳҳои электрикӣ» -и ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ .
Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе (аз с. 2015),.
Дастовардҳои асосӣ:
Муаллифи зиёда аз 47 мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-методӣ, чор адад китоби дарсӣ.
Иштирокчии конференсияҳои байналмилалӣ дар давлатҳои, Россия, Белорусия, Қазоқистон, Чин, Тоҷикистон ва Ҷопон.
Мукофотҳо:
Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи техника (2011).
Нишони аълочии маориф ва илми Тоҷикистон (2016).