Хасанзода Хомид Усмонович

1 июни соли 1960 таввалуд шуд. Хатмкунандаи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳоло – Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон), муҳандис-гидротехник (1982).
Аъзо-корреспонденти АМ ҶТ (2005)
Рағбати илмӣ:
Обёрии заминҳо ва сохтмони иншоотҳои гидротехникӣ
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:
1982-1984 устои КСМ № 9 трести «Душанбеводстрой», ноҳияи Ленин
1984-1986 прораби КСМ № 9
1986-1991 котиби комитети комсомолии колхози ба номи В. Ленин, ноҳияи Ленин
1991-1994 – ҷонишини Раиси колхоз
1994-2001 – сармуҳандиси Идораи таъминоти истеҳсолии Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Тоҷикистон
2001-2002 сардори Идораи таъминоти истеҳсолии Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии об
2002-2004 роҳбари татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии фаврии системаи обрасонии Ёвон», шаҳри Душанбе
2004-2006 муовини Вазири мелиоратсия ва ҳоҷагии оби ҶТ
2006-2013 муовини Вазири мелиоратсия ва заҳираҳои оби ҶТ.
2013-2015 директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Хукумати ҶТ
Дастовардҳои асосӣ:
муаллифи 12 мақолаҳои илмӣ ва 2 дастури методӣ.
Роҳбарӣ дар сохтмони канал ва иншоотҳои «Лойқасой» -и ноҳияи Ёвон
Мукофотҳо:
Ордени «Шараф» дараҷаи I