Кориев Абдурахим Расулович

3 августи соли 1936 дар шаҳри Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) таваллуд шудааст.
Соли 1959 Институти геологияи нафту гази ба номи академик И.М. Губкин шаҳри Москваро хатм кардааст, муҳандис-геолог.
Номзади илмҳои геология-минералогия (1972), досент (1976)
Аъзо-корреспондентиАкадемияи мухандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1995)
Рағбати илмӣ:
литология, омӯзишӣ ҳайати моддаҳои боқимондаи ҷинсҳои кӯҳӣ, шароитҳои ҳосилшавии онҳо ва канданиҳои фоиданоки ба он алоқаманд ва генезис.
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:
1959-1960 лаборанти калони лабораторияи нефту гази Институти геологияи АИ РСС Тоҷикистон
1960-1971 – корманди хурди илмии Инстиути геологияи АФ РСС Тоҷикистон
1972-1976 – корманди калони илмӣ
1976-1990 – котиби илмии Шӯрои махсус оид ба супоридани унвони номзади илмҳои геология ва минералогияи назди Институти геология АФ РСС Тоҷикистон.
1983 – 1997 – котиби илмии Институти геологияи АФ ҶТ
1988-1999– мудири лабораторияи «Бентонит», «Литология»
1999-2003 – ноиби директори Институти геологияи АФ ҶТ оид ба илм
Аз соли 2003- то имрӯз– дотсенти кафедраи «Мелиоратсия, таҷдидсозӣ ва ҳифзи замин»-и факултаи гидромелиоративии Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шотемур
Дастовардҳои асосӣ:
220 адади мақолаҳои илмӣ, 6 моногра-фия, 1 китоби дарсӣ-таълимӣ, 3 китоби таълимӣ, 3 дастурамал, 5 брошюра
Таҳти роҳбарии ӯ 1 нафар номзади илм гардидааст.
Мукофотҳо:
медали «Собиқадори меҳнат», ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи академик С.У. Умаров