Сафаров Махмадали Махмадиевич

5 маи соли 1952 дар шаҳри Норак таваллуд шудааст.
Соли 1969 мактаби миёнаи № 5 ш. Норакро хатм намудааст.
Соли 1974 факултети физикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Т.Г. Шевченкоро аз рӯи ихтисоси муаллими физикаю математикаи мактаби миёна хатм намудааст.
Номзади илмҳои техникӣ (1986), дотсент (1991), доктори илмҳои техникӣ (1994) аз рӯи ихтисоси физикаи гармӣ ва физикаи молекулӣ, профессор (2007).
Академики академияи Ню-Йорк (1996), академики Академияи муҳандисии ҶТ (2008), аъзо-корреспонденти Академияи муҳандисии байналмиллалӣ (2011), академики Академияи байналмиллалӣ Сард (2012).
Дар Донишкадаи кушодаи Сорос (Венгрия, 1999), Пажуҳишгоҳи тадқиқотии омӯзиши хосиятҳои моддаҳо (ИМА, 2001) ва Донишкадаи политехникии ш. Теҳрон (Эрон, 2005) такмили ихтисос намудааст.
Бо маърузаҳои илмӣ дар ИДМ ва хориҷи дур баромад кардааст: Франсия (1996, 2008), Германия (1997, 2001, 2008), Венгрия (1999, 2007, 2009, 2011), Италия (1999), ИМА (2000, 2003, 2007, 2009), Эрон (2005, 2008), Хитой (2007), Санкт- Петербург (2005, 2012, 2014), Тотористон (2009 ,2014), Доғистон (2008, 2012, 2013) ва ғайраҳо.
Рағбати илмӣ:
ҳодисаҳои гузариш дар ҷисмҳои сахт, хӯллаҳо, моеъҳо, маҳлулҳо, газҳо, моеъҳои магнитӣ бо истифодабарии таҷриба ва назарияи физикӣ ва моделронӣ дар компютер, ҳамчунин методҳои акустикӣ ва нанотехнология
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:
1975-1994 – Донишгоҳи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Қ.Ҷураев
1981-1984 – аспиранти шуъбаи ғоибонаи Донишкадаи механика ва оптикаи дақиқ ш. Ленинград (ҳоло – Санкт-Петербург).
1984-1998 – Донишгоҳи технологии Тоҷикистон;
1998-2010 – мудири кафедраи «Техникаи гармо ва таҷҳизотҳои гармидиҳӣ» ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ
2010 -2014 – директори иҷроияи филиали Донишгоҳи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе.
Узви доимии Комитети ташкилии байналхалқии мактаби физикаи гармӣ (ш. Тамбов, Федератсияи Россия).
Муҳлати кории педагогӣ дар мактабҳои олӣ 40 солро ташкил медиҳад
Дастовардҳои асосӣ:
Муаллифи 954 корҳои илмӣ, аз ҷумла 800 мақолаҳо илмӣ, 14 монография, 40 маводи таълимӣ, 46 ихтироот, ки онҳо дар иҷроиши корҳои илмӣ истифода мешаванд.
Васоити таълимӣ «Асосҳои гармофизика» (бо ҳаммуаллифии Маҷидов Ҳ., Солиев Т.Х., 1996), «Маълумотномаҳо оиди гармигузаронии моеъҳо ва газҳо» (Варгафтик Н.Б., Филлипов Л.П., Тотский Е.Е. ва ғайра – М: Энергоатомиздат, 1990)
Бо роҳбарии ӯ 2 рисолаи доктори илм ва 22 номзади илм ҳимоя гардидааст.
Мукофотҳо:
Аълочии маорифи ҶТ (1992), медали “Хизмати шоиста” (2006), медали тиллои ISESCO (2008), медали тиллои ба номи В.И. Блиников (2009), Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (2015)