Мукимов Рустам Саматович

18 феврали соли 1946 дар шаҳри Катта-Қӯрғони вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон таваллуд ёфтааст.
Мактаби миёнаи № 3-и ба номи К. Маркси вилояти Самаркандро тамом кардааст.
Соли 1969 Институти политехникии Точикистонро хатм намудааст.
Солҳои 1969-1970 дар сафи Армияи Советӣ хизмат намудааст, лейтенанти калон.
Номзади меъморӣ (1980, Москва), доктори меъморӣ (1991, Москва), профессор (1993)
Академики Академияи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон (1995), аъзо-корреспондент (1995) ва академики Академияи муҳандисии ҶТ (2006), академики Академияи байналхалкии меъмории давлатҳои Шарқ (Боку, 1996), ноиби аввали Президенти ААиС ҶТ (1195), аъзои президиум ААиС ҶТ (баъди бақайдгирии, декабри 2015)
Аъзои Иттифоқи меъморон (1975), дизайнерон (2004), рассомони ҶТ(2011)
Дар давлатҳои ИДМ ва Туркия, Булғория маърӯзаҳои илмӣ намудааст. Родился 18 февраля 1946 года в городе Катта-Курган Самаркандской области Узбекистана. В 1964 г. окончил школу № 3 им. К. Маркса Самаркандской области.
В 1969 г. окончил Таджикский политехнический институт.
Проходил службу в танковых войсках Советской Армии (1969-1970 г.), старший лейтенант.
Кандидат архиектуры (Москва, 1980), доктор архитектуры (Москва, 1991), профессор (1993).
Член-корреспондент (1993), академик Инженерной Академии РТ (2006), академик Академии архитектуры и строительства РТ (1995), академик Международной Академии архитектуры стран Востока (Баку, 1996), первый вице-президент ААиС РТ (1995), член президиума ААиС РТ (после перерегистрации, декабрь 2015).
Член Союза архитекторов (1975), дизайнеров (2004), художников РТ (2011).
Выступал с научными докладами в странах СНГ и дальнего зарубежья – в Турции и Болгарии.
Рағбати илмӣ: Таърих ва назарияи меъморӣ, реставратсия ва азнавбарқароркунии ёдгориҳои меъморӣ ва санъати монументалии Осиёи Марказӣ.
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:
1969 – ассистенти кафедраи «Меъморӣ» ИПТ;
1971-1973 – роҳбари идораи тарҳрезии ш. Душанбе назди кумитаи иҷрояи ш. Душанбе;
1973 – муалими калони кафедраи «Меъморӣ» ИПТ;
1979-1981 – муовини декани факултаи меъморию сохтмон
1981-2010 – дотсент, мудири кафедраи «Лоиҳакишии меъморӣ», «Меъморӣ», «Меъморӣ ва Дизайн»
Аз соли 1995 аввалин директори Институти илмӣ-тадқиқотии Тоҷикистон оид ба проблемаҳои меъморию шаҳрсозӣ.
2004 – президенти (раиси) Кумитаи миллии оид ба масъалаҳои ёдгориҳо ва мавзеҳои тамошобоб (айни замон Ташкилоти Ҷамъиятӣ «ICOMOS дар Тоҷикистон »).
1995-2001 – раиси Шӯрои диссертасионии ВАКи Россия назди ДТТ
Дастовардҳои асосӣ:
Муалиф ва ҳаммуаллифи зиёда аз 800 корҳои илмӣ ва илмӣ-методӣ аз ҷумла зиёда аз 20 монография 4 китобҳо, 12 дастурамали таълимӣ, ҳисоботҳои илмӣ-техникӣ ва ғ.). Дар ҳамкории ҳамкорон зиёда аз 1000 ёдгориҳои таъриху фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба китоби дуҷилдаи «Энсиклопедияи ёдгориҳои фарҳанги ориёни Осиёи Марказӣ. Тоҷикистон» чоп намуд (Душанбе, 2012 с.).
Асарҳои илмӣ да Донишгоҳи Гарвард ва Покистон ба чоп баромадааст.
Мукофотҳо:
медали Ҷумҳурии Тоҷикистон «Хизмати шоиста» (2009), нишонаи «Аълочии маорифи ҶТ» (1996), нишонаи «Устои меъморӣ» Иттифоқи меъморони Тоҷикистон, Ифтихорномаи фахрии Академияи байналмиллалии давлатҳои ИДМ (2007), Ифтихорномаи Иттифоқи дизайнерони ҶТ (2012).
Лауреати ҷоизаи давлатии ҶТ ба номи А.Рӯдакӣ дар соҳаи меъморӣ (2014).