Муродов Мақсуд

30-ноябри соли 1947 дар деҳаи Унҷии ноҳияи Бобоҷон Гафуров дар оилаи коргар таваллуд шудааст.
Соли 1965 мактаби миёнаи №14 деҳаи Унҷиро хатм намуд.
Соли 1970 факултаи гидромелиора-тивии Институти хочагии кишлоки Тоҷикистон (холо Донишгохи аграрии Точикистон ба номи Ш.Шотемур) – ро ба итмом расонидааст.
Ӯ солҳои 1993-1995 вакили Маҷлиси вилояти Суғд интихоб шудааст.
Соли 1998 бо гуруҳи дӯстон, ҳамроҳи завҷаашон Дилбархон оромгоҳи Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румиро да шаҳри Қуния (Туркия) зиёрат намудааст.
Аъзо-корреспонденти Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2002).
Рағбати илмӣ: сохтмони мелиоративӣ, обёрии заминҳо, экология
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:
1970 – усто, прораби СМУ № 23 трести «Точиксеменстрой» дар ноҳияи Масчоҳ.
1974 – сармухандиси КСМ-2,
1975 – сардори КСМ-4-и ноҳияи Зафаробод.
1985 – сармуҳандис, директори ДПС-1 -и Вазорати хоҷагии об
1986-1988 – сардори идораи сохтмони асосии иттиходияи «Главводстрой», сардори трести «Ленмелиоводстрой»
1989-1991 – сармуҳандиси трести «Ленинободводстрой»
1991-1993 – роҳбари трести сохтмони Иттиҳодияи истеҳсолии аграрии «Ленинобод»
1993 – 1996 – муовини раиси вилояти Ленинобод
1996 – 1999 – муовини аввали директори генералии КМ Тоҷикистону Канада «Апрелевка»
1999-2000 – муовини аввал, иҷрокунандаи вазифаи директори генера-лиии корхонаи «Заря Востока».
2000-2004 – директори лоиҳаи Маркази маърифатии «Фермер».
Дастовардҳои асосӣ:
Дар сохтмон, ободсозӣ, обёрӣ ва азхудкунии заминҳо, кофтани чоҳҳо, сохтмони пойгоҳи обкашии «Дилварзин 1,2», зеристгоҳҳои шабакаи барқдиҳӣ, мактабҳо, , иншоотҳои обёрӣ дар ноҳияҳои Зафаробод, Конибодому Ашт, Кайроққум, Ғончӣ, Шаҳристон, Истаравшан, Спита-мен, Панчакенту Кӯҳистони Мастчоҳ, ҳамчунин Ҳисору Ғарм ва Данғара, даштҳои Бешкенту Қародум ва Тошравот иштирок намудааст.
Ҳаммуаллифи 2 китоб ва 16 мақолаҳои илмӣ мебошад
Мукофотҳо:
Грамотаи Президиуми Совети Олии Точикистон, Ифтихорномаҳои КМ ПК Тоҷикистон, Вазорати мелиоратсияи Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва ИҶШС.
Грамотаи фахрии Ташкилоти байналҳалкии «Экология ва саломатӣ».