Ниёзмухамедова М.Б.

12 августи соли 1944 дар ш. Душанбе таваллуд шудааст.
Соли 1968 факултети биологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло ДДМТ)-ро хатм намудааст.
Номзади илмҳои биология (1977), доктори илмҳои биология (1997), профессор (2011).
Аъзо корреспонденти АМ ҶТ (1999), академики АМҶТ (2011), .
Аъзои ассотсиатсияи «Хонумҳои илми Тоҷикистон»
Рағбати илмӣ:
физиология, биохимияи растаниҳо, биотехнология, экология, селексияи растаниҳо
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:
1972-1996 – корманди хурд, калон ва пешбари илмии Институти физиология ва биофизикаи растаниҳои АИ ҶТ,
1996 то имрӯз саркорманди илмӣ, и.в. мудир ва баъдан мудири озмоишгоҳи генетикаи растаниҳои Институти физиология ва биофизикаи АИ ҶТ.
Давоми 14 сол котиби Шӯрои филиали Тоҷикистонии Умумииттифоқии ҷамъияти биохимиявӣ
Дастовардҳои асосӣ:
муаллифи зиёда аз 100 корҳои илмӣ, 2 воситаи таълимӣ. Ҳаммуаллифи 2 монографияи илмӣ.
Таҳти роҳбарии ӯ 2 рисолаи номзадӣ ҳимоя шудааст.
Мукофотҳо:
Ифтихорномаи фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2001). Аълочии Маорифи Чумхурии Точикистон (2006)