Обидов Фатхулло Убайдович

14 январи соли 1946 дар ноҳияи Ленини Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Соли 1962 мактаби миёнаи ба номи К. Беҳзоди ноҳияи Ленинро бо медали нуқра хатм кардааст.
Соли 1967 факултети химияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси «Химияи физикӣ» хатм кардааст.
1971-1974 аспиранти Институти химияи АИ ҶТ.
Номзади илмҳои техникӣ (Москва, 1978).
Аъзо корреспонденти АМ ҶТ (1992)
Академики АМ ҶТ (2012).
Аъзо корреспонденти АМБ (2015)
Рағбати илмӣ:
Технологияи маводҳои нимноқилии электровакуумӣ, маводшиносӣ, металлургияи металҳои тозагии хос.
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:
1967 -1968 – ассистеннти кафедраи физика ва химияи коллоидии ДДТ.
1968-1969 – хизмат дар сафи артиши Иттиҳоди Шӯравӣ.
1969-1972 – лаборанти калон, муҳандиси Институти химияи АИ ҶТ.
1976-1978- корманди хурди илмии Институти химияи АИ ҶТ.
1979-1988 – мудири озмоишгоҳи таҷрибавӣ – истеҳсолии озмоишгоҳи БМКТ Институти химияи АИ ҶТ.
1988 -1995 – директори Корхонаи истеҳсолӣ – таҷрибавӣ дар назди Шӯрои Вазирони ҶТ.
1995-1996 директори корхона, директори генералии Иттиҳодияи истеҳсолӣ – таҷрибавии «Амал»- и АИ ҶТ.
1998 – сарвари шуъбаи Тоджикгосстандарти ҶТ.
1998-1999 – директори Институти саноати Кумитаи саноатӣ ҶТ,
1999-2008 – мудири шуъбаи маводшиносии АИ ҶТ.
2008-2014 – директори Муассисаи давлатии илмӣ – таҷрибавӣ ва истеҳсолии АИ ҶТ
2014- то имрӯз мудири озмоишгоҳи истеҳсолӣ – таҷрибавии МДТИТ АИ ҶТ
Дастовардҳои асосӣ:
Муаллифи зиёда аз 80 корҳои илмӣ, 3 монография, 30 ихтироот
Мукофотҳо:
Ҷоизаи давлатии ба номи А.И.Сино (1987),
Ифтихорномаи АИ ҶТ (2016)