Розиқов Зафар Абдуқаҳорович

27 декабри соли 1951 дар ш. Хуҷанд таваллуд шудааст.
Факултаи истихроч ва коркарди конҳои нефт ва гази Донишкадаи кимиёи нефт ва саноати гази ба номи академик И.М. Губкинро дар ш.Москва бо ихтисоси «Технология ва механиконидани комплексии истихроҷи конҳои нефт ва газ» (1973) ва Академияи идоракунии Федератсияи Руссияро (1992) хатм намудааст.
Доктори илмҳои техники (2004).
Доктори илми Донишгоҳи тиҷорат ва сиёсати Делавери ИМА (1999).
Академики Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1999).
Аъзои Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии ҶТ (2000-2005).
Рағбати илмӣ:
соҳаи куҳкорӣ, гидрометаллургия, хулаҳои оҳан, тозакунии металлҳои қимматбаҳо, экология.
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:
1973 дар иттиҳодияи истеҳсолии Умумииттифоқии «Тюменгазпром»-и ФР, оператори истихроҷи газ, мухандиси басти хизмати оперативӣ-истеҳсолӣ, инструктори шуъбаи таблигот ва ташвиқоти кумитаи шаҳрии ХКИШ-и ш.Надими вилояти Тюмен кор кардааст.
1977-1978 – технологи истихроҷи нефт, 1978-1979 -сардори шуъбаи сохтмони асосӣ
1979-1982 – муовини директори генералии иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷикнефт»
1982-1987 – муовини аввали Раиси Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Точикистон оид ба назорати бехатарии гузаронидани кор дар саноат ва назорати куҳкорӣ
1987-1988 – муовини мудири шуъбаи саноати Кумитаи Марказии ҲК Точикистон,
1988-1991- котиби кумитаи шаҳрии ҲК Точикистон дар ш.Чкалов,
1991-1995 – сардори шуъба – муовини сармуҳандис,
1995 – муовини раиси вилояти Ленинобод,
1995-1997 – муовини аввали директори генералии Корхонаи Давлатии «Востокредмет»
1995-2000 -вакили мачлиси ш.Чкалов ва мачлиси вилояти Сугд
1997-2007 – директори генералии Корхонаи Давлатии «Востокредмет»
2007-2015 – муовини ректор оид ба илм ва робитахои байналмиллалии Донишкадаи кухӣ-металлургии Тоҷикистон.
Аз октябри соли 2015- директори института Конфутсияи назди Донишкадаи кухӣ-металлургии Тоҷикистон
Дастовардҳои асосӣ: Муаллифи 130 асарҳо ва мақолаҳои илмӣ, 2 патенти ихтироъкорӣ
Мукофотҳо:
Ифтихорномаи Комитети вилоятии Тюмени ҲКИШ, Шӯрои депутатҳои меҳнаткашон (1975), Ифтихорномаи Комитети вилоятии Кӯлобии ПК Тоҷикистон, Шӯрои вилоятии депутатҳои халқӣ (1983), Ифтихорномаи Шӯрои байнипарлумонии Ассамблеяи давлатҳои ИДМ (2005), Дорандаи ҳама нишонҳои «Шӯҳрати Шахтёрӣ» – и ФР (1995, 1999, 2001), 5 медали ҷашнӣ.