Бурханов Рустам Сайвалиевич

17 феврали соли 1940 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.
Соли 1957 мактаби миёнаи № 9- и шаҳри Душанберо хатм нумадааст.
Соли 1969 факултети энергетикии Донишкадаи политехникии Ленинградро хатм намудааст.
Номзади илмҳои техникӣ (Донишкадаи политехникии Ленинград, 1974), академики Академияи Мухандисии ҶТ (1999)
Рағбати илмӣ:
хатҳои интиқоли барқи ҳамаи синфи шиддат дар шароити баландкӯҳ, гидроэнергетика ва муҳити атроф, рушди гидроэнергетика дар асри ХХ1, системаи мониторинги НБО ва системаи энергетикӣ, масъалаҳои босамари азнавсозӣ ва барқарорсозии НБО
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:
– муовини мудири кафедраи дастгоҳҳои баландшиддати Донишкадаи политехникии Ленинград.
– мудири озмоишгоҳи техникаи шиддати баланди шуъбаи энергетика дар Тоҷикистон.
– сармуҳандиси Институти илми тадқи-қотии маълумоти техникии Тоҷикистон;
– сардори шуъбаи техникӣ, сармушовир оид ба таҷҳизоти баланд-шиддати Ширкати Саҳомии Холдингии Кушодаи «Барқи тоҷик».
Дар коркарди ва васли дастгоҳҳои баландшиддати санҷишии нерӯгоҳ дар ағбаи «Анзоб» иштирок намуда, онро роҳбарӣ намудааст.
Корҳоро доир ба таъмини кори боэътимоди таҷҳизоти баландшиддат дар шароити таъсири сейсмикӣ ва зичии пасти ҳаво роҳбарӣ намудааст.
Азнавсозӣ ва таҷҳизонидани Силсилаи НБО-и Вахш ва зеристгоҳҳои барқии 500 ва 220 кВ НБО-и Норакро мониторинг гузаронидааст.
Дастовардҳои асосӣ:
70 адад мақолаҳои илмӣ оид ба масъалаҳои коркард ва истифодаи хати интиқоли барқи баландшиддат дар шароити баландкӯҳ ва таъсири сейсмикӣ дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, Россия ва Олмон.
Мукофотҳо:
Ифтихорномаи ҷашнии 60- солагии ШСХК «Барқи тоҷик»; Нишони Шӯрои Идораи директорони РАО ЭС Федератсияи Россия «80 солагии нақшаи ГОЭЛРО».
Нишони «Аълочии «Барқи тоҷик»