Саидмуродов Лютфилло Хабибуллоевич

14 сентябри соли 1959 дар шаҳри Душанбе дар оилаи ходими намоёни илмию давлатӣ таваллуд шудааст. Ӯ фарзанди яке аз арбобони намоёни илму сиёсат – марҳум академик Саидмуродов Ҳабибуло буда, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, узви вобастаи Академия муҳандисии Тоҷикистон мебошад.
Рағбати илмӣ: назарияи бизнеси байналмилалӣ, иқтисодиёти байналмилӣ,макроиқтисодиёт
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:
1976-1981 – донишҷӯи Донишгоҳи Давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов
1981- ассистенти кафедраи иқтисоди сиёсии Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин
1982- коромӯз-тадқиқотчӣ дар назди факултаи иқтисодии Донишгоҳи Давлатии Москва ба ном и М.В. Ломоносов.
1983-1986- аспиранти шӯъбаи рӯзонаи Донишгоҳи Давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов.
1986-1994 – ассистент, муаллими калон, дотсенти кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон
1991 – аъзои Шӯрои иқтисодӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
1994-1996 – дотсенти кафедраи муносибатҳои байналхалқии иқтисодии Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон
2002-2004 – директор ва профессори байналҳалқии ҳамкор Барномаи байналҳалқӣ – «Такмили ихтисоси муаллимони факултахои иқтисодии мактабхои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
1998-2006 – декани факултаи иқтисодии Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон
2006-2010 – мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон
2010-2015 – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
2013-2015 – раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон
2015 то имрӯз Директори Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ҶТ
12 декабри соли 2015 президенти Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидааст.
Ӯ бо маърӯзаҳои илмӣ дар конфронсҳои байналхалқӣ дар Ҷумҳуриҳои Чехия, Япония, Малайзия, Россия, Қазоқистон, Узбекистон, Ҳиндустон ва Тоҷикистон баромад намудааст
Дастовардҳои асосӣ:
мактаби махсуси илми ватании иқтисодиро дар равияи «иқтисоди кушоди хурд дар давраи гузариш» созмон додаст. Аввалин маротиба дар илми иқтисод зарурият, принсипҳо ва усулҳои амали намудани сиёсати иқтисодии превентивиро (пешгирикунандро) дар давраи гузариш ба иқтисоди бозорӣ асоснок кардааст.
То соли 2015 таҳти роҳбарии илмии ӯ 18 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя намуда, 5 нафар корҳои илмии худро идома карда истодаанд.
Муаллифи зиёда аз 140 таълифоти илмӣ ва илмию методӣ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мебошад, аз он ҷумла 11 монография ва 7 китоби дарсӣ.
Мукофотҳо: Ифтихорномаи фахрӣ-и Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои мустақил, Ифтихорномаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, медали «Хизмати шоиста», «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон», Ифтихорномаҳои фахрии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон