24-уми майи соли 1954 дар ш. Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1971 мактаби миёнаи № 38 ш. Душанберо хатм кардааст.
Солҳои 1973-1975 дар саффи Қувваҳои мусалаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Олмон хизмат кардааст. Соли 1976 ба факултаи геологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин дохил шуда, соли 1981 онро хатм кардааст.
Доктори илмҳои геология ва минералогия
Рағбати илмӣ: Омӯзиши сарватҳои зеризаминӣ, аз ҷумла обҳои нӯшокии зеризаминӣ; гузаронидани кадастри замин дар боби муайян намудани ҳодисаҳои cap задани эрозияи заминҳо, биёбоншавии заминҳо, баландшавии шурнокии заминҳо, пайдошавии ярчҳо, истифодаи оқилонаи замин, муайян намудани заминҳоӣ бекорхобида ва ба танзим даровардани онҳо; корҳои геодинамики, экзогенӣ ва муҳандисӣ-геологӣ; тадқиқоти геодинамикӣ ва дигар манбаҳои офатҳои табиӣ, аз чумла обхезиҳо, селҳо, ярчҳо, рахна гаштани оби кӯлҳо ва обанборҳо; тағйироти обу пиряхҳо, мелиоратсия, хокшиносӣ бо истифодаи аксбардории аэрокайҳонӣ ва технологияи геоинформатсионӣ
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:
Солҳои 1971-1973 ба сифати устои таъмиргар дар заводи таъмири экскаватрҳо (РЭЗ) кор кардааст.
Аз соли 1981 то соли 1991 дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳури Тоҷикистон (он вакт Маркази «Табиат») ба сифати ходими хурди илмӣ, муҳандис, муҳандиси калон, мудири кисм кор кард. Дар солҳои 1991-2003 ба сифати мудири лаборатория кор кардам.
Соли 2003 ва то ин ҷониб директори Маркази илмию тадкикотии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳури Тоҷикистон таин гардид.
Дастовардҳои асосӣ: 85 маколаҳои илмӣ, ду монография ва як дастурамал.
Аввалин маротиба таҷдиди ҳодисаҳои муҳими давраи навин ва муосири таърихи геологӣ гузаронида шуда, хисоби суръат ва шиддатнокии ҳаракатҳои навин ва муосир, мувофиқати фазоӣ ва муваққатии лағжиш ва ошкор кардани сейсмикӣ барои полигонҳои геодинамикии Тоҷикистон, аз ҷумлда НБО Норак, НБО Роғун, Сангтуда-1, Файзобод дода шуд, ки ба таъмин кардани бехатарии объектҳои гидротехникӣ аз ошкории ҷараёнҳои табиӣ фаъоли геологӣ равона карда шудааст. Натиҷаи ҷудогонаи корҳо дар истеҳсолот дар марҳилаи лоиҳабандии обанборҳо дар дарёҳои Вахш, Мурғоб (Сарез), туннели Чормағзак ҷорӣ кунонида шуданд. Дараҷаи татбиқ зиёда аз 15 адад
Мукофотҳо: