Саидов Рахматулло Сафарович

24 марти соли 1953 дар ноҳияи Варзоб таваллуд шудааст.
Мактаби миёнаро соли 1970 ва факултети геологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро, аз рӯи ихтисоси муҳандис геолог соли 1975 хатм кардааст.
Узви вобастаи Академияи муҳандисии Тоҷикистон (2010)
Рағбати илмӣ:
тадқиқотҳои муҳандисию геологии равандҳои табиии физикию геологӣ, сарбандҳои сунъии иншоотҳои гидротехникӣ, инчунин бехатарии экологии объектҳои саноатӣ, шаҳрвандӣ ва иҷтимоӣ.
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:
Солҳои 1975-2001 – муҳандис-геолог, сардори гурӯҳи геологӣ, сармутахас-сис, сармуҳандиси пажуҳишгоҳи кофтуковҳои муҳандисӣ-техникии “ТоҷикГИИНТИЗ”-и Комитети меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати ҶТ.
Аз соли 2001 то ҳол директори ҶСК “ТоҷикГИИНТИЗ”.
Барои гузаронидани корҳои омӯзишии муҳандисию геологӣ дар объекҳои Комплекси истеҳсолии Ҷануби Тоҷикистон (Химкомбинати Ёвон, заводи алюмини тоҷик, НБО-ҳои Нурек ва Роғун, заводи креолитовии Ёвон ва ғайра), дар объектҳои муҳими давлатии сохтмони гражданӣ (Нишони миллӣ, Парчами миллӣ, Нишони миллӣ, ҳайкали И.Сомони, роҳҳои оҳани Душанбе -Ваҳдат, Ёвон – Қӯрғонтеппа ва ғайра) иштирок намудааст.
Дастовардҳои асосӣ:
24 адад корҳои нашршуда, аз ҷумла, 12 мақолаи илмӣ, 8 дастури методӣ ва 4 шаҳодатномаи муаллифӣ барои ихтирокорӣ. Ҳаммуаллифи луғати англисӣ-тоҷикӣ-русӣ оид ба геологияи муҳандисӣ, механикаи хокҳо, асосҳо ва таҳкурсиҳо
Мукофотҳо:
Зарбдори ҷавони панҷсола (1982), Ифтихорномаҳои фахрии Комитети давлатӣ оид ба сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон (1984, 1988, 2003).