Салоҳиддинов Қутфиддин Садриддинович

13 сентябри соли 1965 дар ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмони ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд таваллуд шудааст.
Соли 1982 мактаби миёнаи умумии № 13 деҳаи Зарнисори ноҳияи Ғончиро хатм намудааст.
Соли 1985 омӯзишгоҳи техникӣ-оташнишонии ВКД СССР-ро дар шаҳри Алма-Ато хатм кардааст.
Соли 1990 мактаби олии мухандисии оташнишонии шаҳри Тошкандро хатм кардааст.
2004 – курсҳои тайёрии мубориза бар зидди терроризм (штати Ню Мексикои ИМА)
2010 – курсҳои тайёрии ҳайати роҳбарикунандаи Академияи ВКД ҶТ
Аъзо-корреспонденти Академияи Мухандисии ҶТ (2015)
Рағбати илмӣ:
Бехатари аз сухтор, тараққии техникаи оташнишонӣ
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:
1985-1986 – сардори басти навбатдории Қисми ҳарбикунонидашудаи оташнишонии шаҳри Ҳуҷанд
1990-2001 –Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд
2001-2008 – муовини сардори Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд
2008 – то ин ҷониб – муовини аввали сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамзамон аз соли 2011 – то ин ҷониб – муаллими калони Академияи Вазорати корҳои дохилии ҶТ.
Дастовардҳои асосӣ:
12 корҳои илмӣ, аз он ҷумла 1 китоб (дар ҳаммуаллифӣ), 3 дастурамал
Мукофотҳо:
Медали «Хизмати шоён» дараҷаҳои I, II ва III (2008), аълочии ВКД ҶТ (2010), медал ба муносибати 80 солагии милитсия (2014), медали ВКД ҶТ (2015).