Саломов Нусратулло Ғафурович

14 феврали соли 1943 дар шаҳрчаи Навободи ноҳияи Ғарм (ҳоло Рашт) ба дунё омадааст.
Соли 1950-1958 дар мактаби деҳаи Навобод хондааст. Баъдан оилаи онҳо ба Душанбе кӯчиданд.
Соли 1960 мактаби миёнаи №25 ш. Душанберо бо медали нуқра хатм намудааст.
Соли 1965 факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо касби «физик, муаллими физика» хатм намудааст
Номзади илмҳои физикаю матеатика (Москва, 1974).
Аъзо кореспонденти АМ ҶТ(2012)
Рағбати илмӣ:
мониторинги сейсмо-геофизикии Тоҷикистон, моделкунонии физикии равандҳои сейсмикӣ ва омӯзиши сейсмикиети ҳудуди Тоҷикистон.
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:
Аз с. 1967 муҳандис-тадқиқотчии Институти Тоҷикистонии сохтмони сейсмикӣ тобовар ва сейсмологияи (ИТССС) АИ ҶТ.
1973-1976- сарвари озмоишгоҳи физикаи заминларзаи Институти ИТСС
Солҳои 1977-1978 сафари хидматии илмӣ ба Афғонистон (роҳбари экспедитсияи сейсмологии якуми Тоҷикистон).
Солҳои 1979-1983 мудири озмоишгоҳи физикаи заминларза.
Солҳои 1984-1991 сардори экспедитсияи таҷрибавӣ- методии географии (ЭТМГ) институт бо 530 корманд.
Соҳои 1992-1996 – мудирии озмоишгоҳи физикаи заминларзаи институти ИТССС (с.
Солҳои 1997-2001 сардори ЭТМГ
Солҳои 2002-2003 – сарвари озмоишгоҳои тадқиқотии сейсмо-геохимикӣ
Солҳои 2004-2010 муовини директор оид ба илм
Аз соли 2011 то ба ҳозир корманди илмии пешбари институти геология, сохтмони сейсмикӣ, тобовар ва сейсмологияи АИ ҶТ (ИГССС АИ ҶТ).
Дастовардҳои асосӣ:
100 мақолаи илмӣ, тезису ҳисоботҳо, 2 монография, 2 ихтироот, муҳаррири илмии 3 маҷмӯаи маводи конференсияҳои байналмиллалӣ.
Мукофотҳо:
Ифтихорномаҳои институт, КМ ПК Тоҷикистон, Шӯрои Вазирон, Иттифоқи касаба ва КМ КЛИҶ Тоҷикистон.
Ифтихонома ба шарафи 100 солагии В. И. Ленин, «Ғолиби мусобиқаи сотсиалистӣ», «Зарбадори панҷсола» .