Шарифов Абдумумин

17 июни соли 1949 таваллуд шудааст.
Соли 1966 мактаби таҳсилоти миёнаи №6 ба номи А.Деҳотии ноҳияи Панҷакентро хатм кардааст.
Солҳои 1966-1969 дар Донишкадаи политехникии Тоҷикистон, 1969-1972 дар Донишкадаи политехникии Киев (Украина) ва солҳои 1970-1971 дар Донишкадаи патентшиносии Киев (Украина), солҳои 1972-1975 дар аспирантураи Донишкадаи политехникии Киев таҳсил намудааст.
Номзади илми техника (1975, Донишкадаи политехникии Киев)
Доктори илми техника (1995, Донишкадаи кимиёвӣ-технологии Тошканд), профессор (2001)
Аъзо-корреспонденти Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1992), академики АМ ҶТ (2014)
Рағбати илмӣː технологияи кимиёвӣ ва масолеҳшиносӣ.
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:
1972 – лаборанти Донишкадаи политехникии Тоҷикистон,
1972-1975- аспиранти Донишкадаи политехникии Киев,
1975-1976- муҳандиси Донишкадаи политехникии Киев,
1976-1984-муҳандис, ассистент, муаллими калон, дотсенти Донишкадаи политехникии Тоҷи-кистон,
1984-1993-мудири кафедраи До-нишкадаи политехникии Тоҷикистон,
1994-1995-ходими калони илмӣ,
1995-2015-муди-ри кафедраи Донишгоҳи техникии Тоҷи-кистон ба номи академик М.С.Осимӣ,
1995-2001-директор ва эксперти маркази техно-логии Caritas (Швейтсария) дар Тоҷикистон,
1996-2002-декани факултети “Технологияи кимиёвӣ ва металлургия”-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ,
2001-2005-мушовири Маркази идораи лоиҳаҳои барқароркунии иншоотҳои ирригатсионнӣ дар назди Ҳукумати Тоҷи-кистон,
2005-2009 –роҳбари лоиҳаҳои Caritas (Швейтсария) дар Тоҷикистон оиди барқароркунии мактабҳо ва бунгоҳҳои тиббӣ дар ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус, Рудакӣ, Рашти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Аз сентябри соли 2015 – профессори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ва мудири озмоишгоҳи “Масолеҳ ва маснуоти сохтмонӣ”-и Пашуҳишгоҳи илмӣ-тадқи-қотии сохтмон ва меъмории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дастовардҳои асосӣ: 236 корҳои илмӣ, аз он ҷумла 1 монографияи илмӣ, 3 китоби дарсӣ, 22 ихтироъот. Иштирокчии конфе-рентсияҳо ва симпозиумҳои байналхалқӣ дар 16 мамлакати ҷаҳон.
Мукофотҳоː Ордени Шараф (Ҷумҳурии Тоҷикистон), унвони фахрии “Ихтироъ-кори беҳтарини Тоҷикистон” (1997).