20 августи соли 1937 дар деҳаи Ғуҷовасти ноҳияи Ванҷи Вилояти автономии кӯҳистони Бадахшон таваллуд ёфтааст. Соли 1950 мактаби миёнаро хатм кардааст.
Соли 1961 факултаи геологии Донишкадаи Давлати Тоҷикистонро ба итмом расонид, геолог.
Академики Академияи Муҳандисии Тоҷикистон (1992)
Рағбати илмӣ: геология, иктишофи ҷойгиршавии канданиҳои фоиданок
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:
1961-1971 – экспедитсияи Помири Саргеологияи Тоҷикистон: техник-геолог, геолог, геологи калон, роҳбари гуруҳ.
1971-1975 – инженер-геолог, роҳбари гуруҳи геологҳои Шуравӣ дар Авғонистон.
1975-1981 – сардори гуруҳи геологӣ
1985- 1992 – роҳбари экспедитсия, директории генералии корхонаи «Помирквартсгавҳар»-и Иттиходияи геологӣ ва саноати Вазорати геологияи СССР
1992-1996 – директории генералии Иттиходияи геологӣ-саноатии сангҳои гаронбаҳо ва ороишӣ «Помирквартсгавҳар»-и ҶТ
1996-1997 – раиси Кумитаи сангҳои гаронбаҳо ва ороишии «Тоҷиксамосвети» назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1998 – роҳбари корхона ба омӯзиши конҳо дар экспедитсияи сарвӣ-иктишофии геологии Помир-и Саридораи геологии назди Ҳукумати ҶТ
2006-2009 – муовини директории институт АООТ «ГИИНТИЗ»
2009-2014 – инженер-геолог дар раёсати рушди лоиҳаҳои муштараки намояндагии «TALСO management LTD» дар ҶТ
2014 – инҷониб муовини директории генералӣ ва саргеолог дар ширкати муштараки Сингапур – Тоҷикистон ҶДММ «Талко ресурс»
Дастовардҳои асосӣ:
Муаллифи зиёда аз 100 мақолаҳои илмӣ ва соҳавӣ, китобҳои илмӣ, луғати геологии русӣ-форсӣ.
Мукофотҳо:
Унвони геологи хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1977), аълочии корҳои иктишофии геологии СССР (1981)