Юсупов Шаъбони Тағоевич

13 феврали соли 1960 дар деҳаи Хоҷамарди ноҳияи Файзобод таваллуд ёфтааст.
Соли 1982 факултети химияи Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (холо – ДДМТ)-ро бо дипломи аъло хтм намудааст.
Номзади илми кимиё (1990),
доктори илмҳои техникӣ (2012)
Аъзо-корреспонденти АМ ҶТ (2008)
Рағбати илмӣ:
кимиё, тадқиқоти хусусиятҳои гармигузаронии равғанҳои гуногун
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:
1982-1983- муҳандиси гурӯҳи илмии «ФХКС» УДТ
1983-1986 – корманди хурди илмии ХКС» УДТ
1986-1989- аспиранти ғоибонаи кафедраи кимиёи физикӣ ва коллоидии УДТ
1989-1991 – корманди илмии гурӯҳи «Кимиёи координасионӣ» УДТ
1991 – сармуҳандиси лабораторияи марказии иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷикгеология»
1991-1992 – корманди калони илмии ДДТ, омӯзгори калони кафедраи Химия ва технологияи саноати хӯрокаи Донишкадаи саноати сабук ва хуроквории Тоҷикистон
1993-1996 – мудири шӯъбаи тайёрии, мудири шӯъбаи таълимӣ, мудири кафедраи «Саноати хӯрока»-и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон.
1997-1999 – докторанти кафедраи Кимиёи физикӣ ва каллоидии ДДМТ
2000-2003 – мудири департаменти илм ва технологияи хӯрокаи ДТТ, мудири кафедраи технология ва таҷҳизоти маводи хӯрокаи ДТТ,
2003- 2009 – и.в. декани Факултети таҳсилоти ғоибонаи ДТТ.
2009- 2011 – директори филиали ДТТ дар ш .Кӯлоб
2011-2013 – декани факултети муштараки точикӣ –россиягии ДТТ
2013 – 2015 – директори технопарк ва профессори кафедраи кимиё ва биокимиёи Донишгоҳи давлатии Данғара
2015 то хол – директори МИИ «Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии саноат»-и Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ
Дастовардҳои асосӣ:
75 маколаи илмӣ. 2 монография, 5 шаҳодатномаи муаллифӣ
Мукофотҳо:
Аълочии маорифи ҶТ (2009).