Зинченко Зинаида Алексеевна

1 апрели соли 1941 дар деҳаи Губдени ноҳияи Карабудаҳкенти Доғистон таваллуд шудааст.
Соли 1958 мактаби миёнаро дар ш. Хасавюрт бо медали тилло хатм намудааст.
Соли 1963 Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Кавкази шимолӣ (ш. Орҷоникидзе, ҳоло Владикавказ)-ро хатм намуда, сазовори квалификатсияи муҳандис-технологи кӯҳӣ аз рӯи ихтисоси “Тозакунии канданиҳои фоиданок” гардидааст.
Номзади илм (Москва, 1975).
Доктори илмҳои техникӣ (Душанбе, 2006).
Дар Донишгоҳҳои миллӣ ва техникии Тоҷикистон омӯзгорӣ кардааст.
Академики АМТ (2007).
Рағбати илмӣ: технологияҳои коркард ва тозакунии маъданҳо бо истифодаи реагентҳое, ки ба муҳофизати муҳити атроф мусоидат мекунанд.
Фаъолияти илмӣ ва истеҳсолӣ:
Баъди хатми Донишкада бо роҳхат ба Тоҷикистон омада, дар кони Қаромазор ҳамчун муҳандис-тадқиқотчӣ ва сардори смена кор кардааст.
Аз соли 1964 ба комбинати Ҷижикрут гузаронида шуда, дар зарфи 2 сол дар вазифаи сардори смена фаъолият намудааст.
Соли 1966 ба аспирантураи Пажуҳишгоҳи химияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудааст.
Баъди хатми аспирантура фаъолияти меҳнатиро дар Пажуҳишгоҳи химияи ба номи В.И.Никитини АИ ҶТ, дар вазифаҳои ходими хурди илмӣ ва ходими калони илмӣ идома дода, аз соли 1982 роҳбари озмоишгоҳи тозакунии маъданҳо мебошад.
2002-2007 – дар вазорати саноати ҶТ дар вазифаи муовини мудири шӯъба кор кардааст.
2007 – 2014 дар асоси Қарордод, дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҶТ, ҳамчун сармутахассис фаъолият менамуд.
Ҳоло ҳамзамон дар филиали Душанбегии институти пӯлод ва хӯлаҳои Москва дарс медиҳад.
Дастовардҳои асосӣ:
Муаллифи зиёда аз 180 мақолаҳои илмӣ, 22 шаҳодатномаи муаллифиии ИҶШС ва 4 патенти ҶТ.
Дар таҳти роҳбариаш тартибу усулҳои тоза кардани маъданҳои сурмадор, сурмаю симобдор, тиллодор, фосфоритӣ, арсену тиллодор ва ғайраҳо коркард шудаанд.
Аввалин бор бо методи резонанси квадрупурии электронии парамагнитии ядроӣ, рентгеноэлектронии спектроскопӣ қонуниятҳои сорбсияи катионҳои металлҳо аз сатҳи маъданҳо омӯхта шудаанд. Вобаста аз намуди сорбсия тасфияи металлҳо тағйир меёбад.
Мукофотҳо:
Ихтирокори шоистаи ҶТ (1995), корманди шоистаи ҶТ (1998), Барандаи мукофоти Шӯрои Вазирони РСС Тоҷикистон(1990).